الشعراء
Ash-Shu'araa
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
طسٓمٓ
Open ayah 26:1То, син, мим
تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ
Open ayah 26:2Ин оёти китоби равшангар аст
لَعَلَّكَ بَٰخِعٞ نَّفۡسَكَ أَلَّا يَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:3Шояд мехоҳӣ аз [андуҳи] ин ки [мушрикон] имон намеоваранд, худро ҳалок кунӣ
إِن نَّشَأۡ نُنَزِّلۡ عَلَيۡهِم مِّنَ ٱلسَّمَآءِ ءَايَةٗ فَظَلَّتۡ أَعۡنَٰقُهُمۡ لَهَا خَٰضِعِينَ
Open ayah 26:4Агар бихоҳем, аз осмон нишонае бар онон нозил мекунем, ки дар баробараш бо фурӯтанӣ сар фуруд оваранд
وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّنَ ٱلرَّحۡمَٰنِ مُحۡدَثٍ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهُ مُعۡرِضِينَ
Open ayah 26:5Ва ҳеҷ панди тозае аз сӯи [Аллоҳи] Раҳмон барои онон намеояд, магар ин ки аз он рӯй гардонанд
فَقَدۡ كَذَّبُواْ فَسَيَأۡتِيهِمۡ أَنۢبَٰٓؤُاْ مَا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Open ayah 26:6Ба ростӣ, онон [даъвати паёмбарон ва азоби қиёматро] дурӯғ ангоштанд, пас, ба зудӣ ахбори он чи масхара мекарданд, ба эшон хоҳад расид
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَمۡ أَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ زَوۡجٖ كَرِيمٍ
Open ayah 26:7Оё ба замин наменигаранд, ки чи бисёр аз ҳар гуна [гиёҳи] судманде дар он рӯёнидаем?
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:8Бе тардид, дар ин [офариниш] нишонае [аз қудрати Аллоҳ таоло бар меод] аст, вале бештарашон имон намеоваранд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:9Ва бе тардид, Парвардигорат шикастнопазири меҳрубон аст
وَإِذۡ نَادَىٰ رَبُّكَ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱئۡتِ ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Open ayah 26:10Ва [ёд кун аз] ҳангоме ки Парвардигорат Мӯсоро нидо дод, ки: «Ба сӯйи қавми ситамгор бирав
قَوۡمَ فِرۡعَوۡنَۚ أَلَا يَتَّقُونَ
Open ayah 26:11– қавми Фиръавн - [ва ба онон бигӯ] оё [аз куфру саркашӣ] намепарҳезанд?»
قَالَ رَبِّ إِنِّيٓ أَخَافُ أَن يُكَذِّبُونِ
Open ayah 26:12[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигоро, бим дорам, ки маро дурӯғгӯ ангоранд
وَيَضِيقُ صَدۡرِي وَلَا يَنطَلِقُ لِسَانِي فَأَرۡسِلۡ إِلَىٰ هَٰرُونَ
Open ayah 26:13Ва [аз куфрашон ношикебо ва] ғамгин гардам. Пас, [Ҷабраилро] ба сӯйи Ҳорун бифрист [то барои ёриам раҳсипораш кунад]
وَلَهُمۡ عَلَيَّ ذَنۢبٞ فَأَخَافُ أَن يَقۡتُلُونِ
Open ayah 26:14Ва онон [ба гумони хеш қасоси] гуноҳе бар ман доранд, пас, метарсам, ки маро бикушанд»
قَالَ كَلَّاۖ فَٱذۡهَبَا بِـَٔايَٰتِنَآۖ إِنَّا مَعَكُم مُّسۡتَمِعُونَ
Open ayah 26:15[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ҳаргиз! Пас бо оёт [ва муъҷизот]-и Мо биравед. Яқинан, [ҳама ҷо] бо шумоем ва [гуфтугӯятонро] мешунавем
فَأۡتِيَا فِرۡعَوۡنَ فَقُولَآ إِنَّا رَسُولُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:16Пас, назди Фиръавн биравед ва бигӯед: «Мо фиристодаи Парвардигори ҷаҳониён ҳастем
أَنۡ أَرۡسِلۡ مَعَنَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
Open ayah 26:17[Ӯ мефармояд] Ки Бани Исроилро ҳамроҳи мо бифирист»
قَالَ أَلَمۡ نُرَبِّكَ فِينَا وَلِيدٗا وَلَبِثۡتَ فِينَا مِنۡ عُمُرِكَ سِنِينَ
Open ayah 26:18[Фиръавн] гуфт: «Оё туро дар кӯдакӣ миёни хеш парвариш надодем ва солҳое аз умратро байни мо набудӣ?
وَفَعَلۡتَ فَعۡلَتَكَ ٱلَّتِي فَعَلۡتَ وَأَنتَ مِنَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Open ayah 26:19Ва кори худро – чунон ки хостӣ – кардӣ [ва он марди қибтиро куштӣ] ва ту [нисбат ба неъматҳои ман] носипосӣ?!»
قَالَ فَعَلۡتُهَآ إِذٗا وَأَنَا۠ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ
Open ayah 26:20[Мӯсо] гуфт: «Ман он [кор]-ро замоне анҷом додам, ки гумроҳ будам
فَفَرَرۡتُ مِنكُمۡ لَمَّا خِفۡتُكُمۡ فَوَهَبَ لِي رَبِّي حُكۡمٗا وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 26:21Пас, чун аз шумо тарсидам, фирор кардам. Он гоҳ Парвардигорам ба ман дониш бахшид ва маро аз паёмбарон қарор дод
وَتِلۡكَ نِعۡمَةٞ تَمُنُّهَا عَلَيَّ أَنۡ عَبَّدتَّ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
Open ayah 26:22Ва ин [чи] неъматест, ки ту бар ман миннат мегузорӣ, ки Бани Исроилро бардаи худ сохтаӣ?!»
قَالَ فِرۡعَوۡنُ وَمَا رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:23Фиръавн гуфт: «Парвардигори ҷаҳониён кист?»
قَالَ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُم مُّوقِنِينَ
Open ayah 26:24[Мӯсо] Гуфт: «Парвардигори осмонҳо ва замин ва он чи миёни онҳост. Агар аҳли яқин ҳастед [танҳо ӯро бипарастед]»
قَالَ لِمَنۡ حَوۡلَهُۥٓ أَلَا تَسۡتَمِعُونَ
Open ayah 26:25[Фиръавн] Ба касоне, ки дар атрофаш буданд [бо тамасхур] гуфт: «Оё мешунавед [чи мегӯяд]?»
قَالَ رَبُّكُمۡ وَرَبُّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 26:26[Мӯсо] Гуфт: «[Аллоҳ таоло] Парвардигори шумо ва Парвардигори ниёгони шумост
قَالَ إِنَّ رَسُولَكُمُ ٱلَّذِيٓ أُرۡسِلَ إِلَيۡكُمۡ لَمَجۡنُونٞ
Open ayah 26:27[Фиръавн] Гуфт: «Ин паёмбаратон, ки ба сӯйи шумо фиристода шудааст, яқинан девона аст»
قَالَ رَبُّ ٱلۡمَشۡرِقِ وَٱلۡمَغۡرِبِ وَمَا بَيۡنَهُمَآۖ إِن كُنتُمۡ تَعۡقِلُونَ
Open ayah 26:28[Мӯсо] Гуфт: «Агар биандешед, [хоҳед донист, ки Ӯ] Парвардигори машриқ ва мағриб аст ва ҳар он чи миёни он ду қарор дорад»
قَالَ لَئِنِ ٱتَّخَذۡتَ إِلَٰهًا غَيۡرِي لَأَجۡعَلَنَّكَ مِنَ ٱلۡمَسۡجُونِينَ
Open ayah 26:29[Фиръавн] Гуфт: «Агар маъбуде ҷуз ман баргузинӣ, ҳатман, зиндонат мекунам»
قَالَ أَوَلَوۡ جِئۡتُكَ بِشَيۡءٖ مُّبِينٖ
Open ayah 26:30[Мӯсо] Гуфт: «Ҳатто агар нишонаи ошкоре [дар мавриди рисолатам] бароят оварда бошам?»
قَالَ فَأۡتِ بِهِۦٓ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Open ayah 26:31[Фиръавн] Гуфт: «Агар рост мегӯӣ, онро биёвар»
فَأَلۡقَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ ثُعۡبَانٞ مُّبِينٞ
Open ayah 26:32Пас, [Мӯсо] асои худро андохт, ногаҳон [табдил ба] аждаҳое ошкор шуд
وَنَزَعَ يَدَهُۥ فَإِذَا هِيَ بَيۡضَآءُ لِلنَّٰظِرِينَ
Open ayah 26:33Ва дасташро [аз гиребон] берун овард ва ногоҳ дар назари бинандагон сапед [-у равшан] буд
قَالَ لِلۡمَلَإِ حَوۡلَهُۥٓ إِنَّ هَٰذَا لَسَٰحِرٌ عَلِيمٞ
Open ayah 26:34[Фиръавн] ба бузургони перомунаш гуфт: «Ҳаққо, ки ин [мард] ҷодугари доност
يُرِيدُ أَن يُخۡرِجَكُم مِّنۡ أَرۡضِكُم بِسِحۡرِهِۦ فَمَاذَا تَأۡمُرُونَ
Open ayah 26:35[Ӯ] Мехоҳад, бо ҷодуяш шуморо аз сарзаминатон берун кунад, пас, назаратон чист?»
قَالُوٓاْ أَرۡجِهۡ وَأَخَاهُ وَٱبۡعَثۡ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ
Open ayah 26:36Онон гуфтанд: «[Тасмим дар бораи муҷозоти] ӯ ва бародарашро ба таъхир андоз ва маъмурони ҷамъоварӣ [ҷорзанандагон]-ро ба [ҳамаи] шаҳрҳо бифирист,
يَأۡتُوكَ بِكُلِّ سَحَّارٍ عَلِيمٖ
Open ayah 26:37то ҳар ҷодугари моҳир [ва] доноеро наздат биёваранд»
فَجُمِعَ ٱلسَّحَرَةُ لِمِيقَٰتِ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ
Open ayah 26:38Пас, [чунин карданд ва саранҷом] ҷодугарон барои ваъдагоҳи рӯзи муайян гирд оварда шуданд
وَقِيلَ لِلنَّاسِ هَلۡ أَنتُم مُّجۡتَمِعُونَ
Open ayah 26:39Ва ба мардум гуфта шуд: «Оё шумо [низ] ҷамъ мешавед, то [бубинем баранда кист]?
لَعَلَّنَا نَتَّبِعُ ٱلسَّحَرَةَ إِن كَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
Open ayah 26:40Агар ҷодугарон пирӯз шуданд, [ҳамагӣ] аз онон пайравӣ кунем»
فَلَمَّا جَآءَ ٱلسَّحَرَةُ قَالُواْ لِفِرۡعَوۡنَ أَئِنَّ لَنَا لَأَجۡرًا إِن كُنَّا نَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبِينَ
Open ayah 26:41Пас, вақте ҷодугарон омаданд, ба Фиръавн гуфтанд: «Агар мо пирӯз шавем, оё подоше хоҳем дошт»?
قَالَ نَعَمۡ وَإِنَّكُمۡ إِذٗا لَّمِنَ ٱلۡمُقَرَّبِينَ
Open ayah 26:42Ӯ гуфт: «Оре, дар он сурат, ҳатман, аз наздиконам хоҳед буд»
قَالَ لَهُم مُّوسَىٰٓ أَلۡقُواْ مَآ أَنتُم مُّلۡقُونَ
Open ayah 26:43Мӯсо ба онон гуфт: «Ҳар чи [мехоҳед] биафканед, [акнун] биафканед»
فَأَلۡقَوۡاْ حِبَالَهُمۡ وَعِصِيَّهُمۡ وَقَالُواْ بِعِزَّةِ فِرۡعَوۡنَ إِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡغَٰلِبُونَ
Open ayah 26:44Пас, онон ресмонҳо ва асоҳояшонро афканданд ва гуфтанд: «Ба иззати Фиръавн савганд, ки мо, ҳатман, пирӯзем»
فَأَلۡقَىٰ مُوسَىٰ عَصَاهُ فَإِذَا هِيَ تَلۡقَفُ مَا يَأۡفِكُونَ
Open ayah 26:45Сипас Мӯсо асояшро афканд, ногаҳон [табдил ба аждаҳое шуд ва] он чиро, ки ба дурӯғ сохта буданд, балъид [фуру бурд]
فَأُلۡقِيَ ٱلسَّحَرَةُ سَٰجِدِينَ
Open ayah 26:46Пас, ҷодугарон ба саҷда дарафтоданд
قَالُوٓاْ ءَامَنَّا بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:47[Ва] Гуфтанд: «Мо ба Парвардигори ҷаҳониён имон овардем
رَبِّ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ
Open ayah 26:48Парвардигори Мӯсо ва Ҳорун»
قَالَ ءَامَنتُمۡ لَهُۥ قَبۡلَ أَنۡ ءَاذَنَ لَكُمۡۖ إِنَّهُۥ لَكَبِيرُكُمُ ٱلَّذِي عَلَّمَكُمُ ٱلسِّحۡرَ فَلَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَۚ لَأُقَطِّعَنَّ أَيۡدِيَكُمۡ وَأَرۡجُلَكُم مِّنۡ خِلَٰفٖ وَلَأُصَلِّبَنَّكُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 26:49[Фиръавн] Гуфт: «Оё пеш аз он ки ба шумо иҷозат диҳам, ба ӯ имон овардед? Бе тардид, ӯ ҳамон бузурги шумост, ки ба шумо ҷоду омӯхтааст. Пас, ба зудӣ хоҳед донист [ки муҷозотатон чист]. Яқинан, дастҳо ва пойҳоятонро баръакс [-и якдигар аз чапу рост] қатъ мекунам ва ҳамагиатонро ба дор меовезам»
قَالُواْ لَا ضَيۡرَۖ إِنَّآ إِلَىٰ رَبِّنَا مُنقَلِبُونَ
Open ayah 26:50Онон гуфтанд: «[Дар ин шиканҷа ва азоб] Ҳеҷ зиёне нест. Бе тардид, мо ба сӯйи Парвардигорамон бозмегардем
إِنَّا نَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لَنَا رَبُّنَا خَطَٰيَٰنَآ أَن كُنَّآ أَوَّلَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:51Умед дорем, ки Парвардигорамон гуноҳони моро бубахшад, ки мо нахустин касоне ҳастем, ки [аз ин қавм ба Парвардигори Мӯсо] имон овардем»
۞وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنۡ أَسۡرِ بِعِبَادِيٓ إِنَّكُم مُّتَّبَعُونَ
Open ayah 26:52Ва ба Мӯсо ваҳй кардем, ки: «Бандагонамро шабона [аз Миср] берун бибар; [зеро сипоҳи Фиръавн] ҳатман, ба дунболатон хоҳад омад»
فَأَرۡسَلَ فِرۡعَوۡنُ فِي ٱلۡمَدَآئِنِ حَٰشِرِينَ
Open ayah 26:53Пас Фиръавн [чун аз моҷаро огоҳ гардид] маъмурони ҷамъоварӣ [неру]-ро ба шаҳрҳо фиристод
إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَشِرۡذِمَةٞ قَلِيلُونَ
Open ayah 26:54[Ва эълон кард] Инҳо [Бани Исроил] иддаи ночизанд
وَإِنَّهُمۡ لَنَا لَغَآئِظُونَ
Open ayah 26:55Ва ҷиддан моро ба хашм овардаанд
وَإِنَّا لَجَمِيعٌ حَٰذِرُونَ
Open ayah 26:56Ва мо ҳамагӣ комилан [ҳушёру] омодаи пайкорем»
فَأَخۡرَجۡنَٰهُم مِّن جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ
Open ayah 26:57Пас, ононро аз боғҳо ва чашмаҳо [-и сарзамини Миср] берун овардем
وَكُنُوزٖ وَمَقَامٖ كَرِيمٖ
Open ayah 26:58Ва аз ганҷҳо ва хонаҳои муҷаллал [дур сохтем]
كَذَٰلِكَۖ وَأَوۡرَثۡنَٰهَا بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
Open ayah 26:59Инчунин [кардем] ва Бани Исроилро вориси он [сарвату дороӣ] кардем
فَأَتۡبَعُوهُم مُّشۡرِقِينَ
Open ayah 26:60Пас, [сипоҳи Фиръавн] ҳангоми тулуи офтоб ба таъқиби онон пардохтанд
فَلَمَّا تَرَٰٓءَا ٱلۡجَمۡعَانِ قَالَ أَصۡحَٰبُ مُوسَىٰٓ إِنَّا لَمُدۡرَكُونَ
Open ayah 26:61Ва чун ду гурӯҳ якдигарро диданд, ёрони Мӯсо гуфтанд: «Ҳатман, [дар чанголи фиръавниён] гирифторем»
قَالَ كَلَّآۖ إِنَّ مَعِيَ رَبِّي سَيَهۡدِينِ
Open ayah 26:62[Мӯсо] Гуфт: «Ҳаргиз! Бе тардид, Парвардигорам бо ман аст ва маро [ба роҳи наҷот] ҳидоят хоҳад кард»
فَأَوۡحَيۡنَآ إِلَىٰ مُوسَىٰٓ أَنِ ٱضۡرِب بِّعَصَاكَ ٱلۡبَحۡرَۖ فَٱنفَلَقَ فَكَانَ كُلُّ فِرۡقٖ كَٱلطَّوۡدِ ٱلۡعَظِيمِ
Open ayah 26:63Пас, ба Мӯсо ваҳй кардем: «Асоятро ба дарё бизан», пас, [Нил] шикофта шуд ва ҳар бахше [аз он] ҳамчун кӯҳе бузург гашт
وَأَزۡلَفۡنَا ثَمَّ ٱلۡأٓخَرِينَ
Open ayah 26:64Ва он гурӯҳи дигар [сипоҳи Фиръавн]-ро ба он ҷо кашондем
وَأَنجَيۡنَا مُوسَىٰ وَمَن مَّعَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 26:65Ва Мӯсо ва ҳамаи касонеро, ки ҳамроҳаш буданд, наҷот додем
ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
Open ayah 26:66Ва дигаронро ғарқ намудем
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:67Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:68Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
وَٱتۡلُ عَلَيۡهِمۡ نَبَأَ إِبۡرَٰهِيمَ
Open ayah 26:69[Эй паёмбар] Достони Иброҳимро бар онон бозгӯ
إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا تَعۡبُدُونَ
Open ayah 26:70Ҳангоме ки ба падар ва қавмаш гуфт: «Чи чизро мепарастед?»
قَالُواْ نَعۡبُدُ أَصۡنَامٗا فَنَظَلُّ لَهَا عَٰكِفِينَ
Open ayah 26:71Онон гуфтанд: «Бутҳоеро мепарастем ва пайваста сар бар остонашон дорем»
قَالَ هَلۡ يَسۡمَعُونَكُمۡ إِذۡ تَدۡعُونَ
Open ayah 26:72[Иброҳим] Гуфт: «Оё вақте онҳоро мехонед, [садои] шуморо мешунаванд?
أَوۡ يَنفَعُونَكُمۡ أَوۡ يَضُرُّونَ
Open ayah 26:73Ё ба шумо суду зиён мерасонанд?»
قَالُواْ بَلۡ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا كَذَٰلِكَ يَفۡعَلُونَ
Open ayah 26:74Онон гуфтанд: «[На] Вале падаронамонро ёфтем, ки чунин мекарданд»
قَالَ أَفَرَءَيۡتُم مَّا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ
Open ayah 26:75[Иброҳим] гуфт: «Оё дидед [ва донистед] чизҳоеро, ки ҳамвора мепарастидед
أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمُ ٱلۡأَقۡدَمُونَ
Open ayah 26:76- [ҳам] шумо ва [ҳам] падаронатон –
فَإِنَّهُمۡ عَدُوّٞ لِّيٓ إِلَّا رَبَّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:77яқинан, [ҳамаи] онҳо душмани [ақидаи тавҳидии] ман ҳастанд. Магар Парвардигори ҷаҳониён
ٱلَّذِي خَلَقَنِي فَهُوَ يَهۡدِينِ
Open ayah 26:78Он [маъбуде], ки маро офарида ва ҳидоятам мекунад
وَٱلَّذِي هُوَ يُطۡعِمُنِي وَيَسۡقِينِ
Open ayah 26:79Ва ҳамоне, ки ба ман ғизо медиҳад ва серобам месозад
وَإِذَا مَرِضۡتُ فَهُوَ يَشۡفِينِ
Open ayah 26:80Ва ҳангоме ки бемор мешавам, Ӯст, ки шифоям медиҳад
وَٱلَّذِي يُمِيتُنِي ثُمَّ يُحۡيِينِ
Open ayah 26:81Ва касе, ки маро мемиронад ва [дубора] зиндаам мекунад
وَٱلَّذِيٓ أَطۡمَعُ أَن يَغۡفِرَ لِي خَطِيٓـَٔتِي يَوۡمَ ٱلدِّينِ
Open ayah 26:82Ва касе, ки умед дорам рӯзи ҷазо гуноҳонамро бубахшад
رَبِّ هَبۡ لِي حُكۡمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ
Open ayah 26:83Парвардигоро, ба ман донише [дар дин] бубахш ва маро ба шоистагон мулҳақ кун
وَٱجۡعَل لِّي لِسَانَ صِدۡقٖ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ
Open ayah 26:84Ва бароям дар ояндагон овозаи нек қарор бидеҳ
وَٱجۡعَلۡنِي مِن وَرَثَةِ جَنَّةِ ٱلنَّعِيمِ
Open ayah 26:85Ва маро аз ворисони биҳишти пурнеъмат бигардон
وَٱغۡفِرۡ لِأَبِيٓ إِنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلضَّآلِّينَ
Open ayah 26:86Ва падарамро биёмурз, [ки] бе тардид, дар зумраи гумроҳон буд
وَلَا تُخۡزِنِي يَوۡمَ يُبۡعَثُونَ
Open ayah 26:87Ва рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, маро расво [ва шарманда] насоз
يَوۡمَ لَا يَنفَعُ مَالٞ وَلَا بَنُونَ
Open ayah 26:88Ҳамон рӯзе, ки молу фарзандон суде намебахшанд
إِلَّا مَنۡ أَتَى ٱللَّهَ بِقَلۡبٖ سَلِيمٖ
Open ayah 26:89Магар касе, ки бо қалби пок [ва холӣ аз ширку нифоқ ва риё] ба пешгоҳи Аллоҳ таоло биёяд»
وَأُزۡلِفَتِ ٱلۡجَنَّةُ لِلۡمُتَّقِينَ
Open ayah 26:90Ва [он рӯз] биҳишт барои парҳезкорон наздик мегардад
وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِلۡغَاوِينَ
Open ayah 26:91Ва дузах барои гумроҳон ошкор мешавад
وَقِيلَ لَهُمۡ أَيۡنَ مَا كُنتُمۡ تَعۡبُدُونَ
Open ayah 26:92Ва ба онон гуфта мешавад: «Он чи ба ҷои Аллоҳ таоло мепарастидед, [акнун] куҷо ҳастанд?
مِن دُونِ ٱللَّهِ هَلۡ يَنصُرُونَكُمۡ أَوۡ يَنتَصِرُونَ
Open ayah 26:93Оё [онҳо дар баробари азоби илоҳӣ] ёриатон мекунанд ё [ҳатто худ]-ро ёрӣ медиҳанд?»
فَكُبۡكِبُواْ فِيهَا هُمۡ وَٱلۡغَاوُۥنَ
Open ayah 26:94Пас, онҳо [бутҳо] ҳамроҳи гумроҳон дар он [оташи ҳавлангез] афканда мешаванд
وَجُنُودُ إِبۡلِيسَ أَجۡمَعُونَ
Open ayah 26:95Ва [ҳамроҳи] тамоми лашкариёни Иблис
قَالُواْ وَهُمۡ فِيهَا يَخۡتَصِمُونَ
Open ayah 26:96Дар он ҷо [мушрикон] дар ҳоли ситез [бо маъбудони ботил] мегӯянд:
تَٱللَّهِ إِن كُنَّا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
Open ayah 26:97«Ба Аллоҳ таоло савганд, ки мо дар гумроҳии ошкоре будем»
إِذۡ نُسَوِّيكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:98Он гоҳ ки шуморо бо Парвардигори ҷаҳониён баробар медонистем
وَمَآ أَضَلَّنَآ إِلَّا ٱلۡمُجۡرِمُونَ
Open ayah 26:99Ва моро касе ҷуз муҷримон гумроҳ накард
فَمَا لَنَا مِن شَٰفِعِينَ
Open ayah 26:100Пас, [акнун] на ҳеҷ шафоатгаре дорем
وَلَا صَدِيقٍ حَمِيمٖ
Open ayah 26:101Ва на ҳеҷ дӯсти меҳрубоне
فَلَوۡ أَنَّ لَنَا كَرَّةٗ فَنَكُونَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:102Пас, кош бозгаште [ба дунё] доштем ва дар зумраи муъминон қарор мегирифтем»
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:103Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:104Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
كَذَّبَتۡ قَوۡمُ نُوحٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 26:105Қавми Нуҳ паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ نُوحٌ أَلَا تَتَّقُونَ
Open ayah 26:106Он гоҳ ки бародарашон Нуҳ ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?»
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
Open ayah 26:107Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:108Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:109Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:110Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
۞قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ لَكَ وَٱتَّبَعَكَ ٱلۡأَرۡذَلُونَ
Open ayah 26:111Онон гуфтанд: «Оё ба ту имон биёварем, дар ҳоле ки [фақат] фурӯмоягон] аз ту пайравӣ кардаанд?»
قَالَ وَمَا عِلۡمِي بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 26:112[Нуҳ] Гуфт: «Ман ба он чи онон [дар гузашта] мекарданд, чи донише дорам?
إِنۡ حِسَابُهُمۡ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّيۖ لَوۡ تَشۡعُرُونَ
Open ayah 26:113Ҳисоби онон танҳо бо Парвардигори ман аст. Агар мефаҳмед [чунин сухани газофе нагӯед]
وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:114Ва ман [ҳаргиз] муъминонро тард [дур] намекунам
إِنۡ أَنَا۠ إِلَّا نَذِيرٞ مُّبِينٞ
Open ayah 26:115Ман ҷуз бимдиҳандаи ошкор нестам»
قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰنُوحُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمَرۡجُومِينَ
Open ayah 26:116Онон гуфтанд: «Эй Нуҳ, агар [аз даъватат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсор мешавӣ»
قَالَ رَبِّ إِنَّ قَوۡمِي كَذَّبُونِ
Open ayah 26:117Ӯ гуфт: «Парвардигоро, қавмам маро дурӯғгӯ ангоштанд
فَٱفۡتَحۡ بَيۡنِي وَبَيۡنَهُمۡ فَتۡحٗا وَنَجِّنِي وَمَن مَّعِيَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:118Пас, миёни ману эшон доварӣ кун ва маро ва муъминонеро, ки ҳамроҳам ҳастанд, наҷот бидеҳ»
فَأَنجَيۡنَٰهُ وَمَن مَّعَهُۥ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ
Open ayah 26:119Пас, ӯ ва афродеро, ки ҳамроҳаш буданд, дар [он] киштии оганда [ пур аз инсону ҳайвон] наҷот додем
ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا بَعۡدُ ٱلۡبَاقِينَ
Open ayah 26:120Ва боқимондагонро ғарқ кардем
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:121Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст, вале бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:122Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
كَذَّبَتۡ عَادٌ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 26:123[Қавми] Од паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ هُودٌ أَلَا تَتَّقُونَ
Open ayah 26:124Он гоҳ ки бародарашон Ҳуд ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?”
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
Open ayah 26:125Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:126Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:127Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
أَتَبۡنُونَ بِكُلِّ رِيعٍ ءَايَةٗ تَعۡبَثُونَ
Open ayah 26:128Оё бар ҳар макони баланде биное беҳуда месозед?
وَتَتَّخِذُونَ مَصَانِعَ لَعَلَّكُمۡ تَخۡلُدُونَ
Open ayah 26:129Ва қасрҳо ва қалъаҳои муҳкаму устувор бино мекунед, гӯиё [дар дунё] ҷовидонаед
وَإِذَا بَطَشۡتُم بَطَشۡتُمۡ جَبَّارِينَ
Open ayah 26:130Ва чун [ба касе] ҳамлавар мешавед, [бераҳм ва] золимона ҳамла мекунед
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:131Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِيٓ أَمَدَّكُم بِمَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 26:132Ва аз касе парво кунед, ки ба шумо [неъматҳое чунон фаровон] ато кардааст, ки худ [онҳоро беҳтар] медонед
أَمَدَّكُم بِأَنۡعَٰمٖ وَبَنِينَ
Open ayah 26:133Ӯ ба шумо чаҳорпоёну фарзандон [-и бисёр] ато кардааст
وَجَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ
Open ayah 26:134Ва боғҳо ва чашмасорҳо
إِنِّيٓ أَخَافُ عَلَيۡكُمۡ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
Open ayah 26:135Ба ростӣ, ки ман аз азоби рӯзи бузург бар шумо метарсам”
قَالُواْ سَوَآءٌ عَلَيۡنَآ أَوَعَظۡتَ أَمۡ لَمۡ تَكُن مِّنَ ٱلۡوَٰعِظِينَ
Open ayah 26:136Онон гуфтанд: “Чи моро панд бидиҳӣ, ё надиҳӣ, бароямон яксон аст [ва аз ту тоат намекунем]
إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا خُلُقُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 26:137Ин [оини мо ҳамон] равиши пешиниён аст
وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ
Open ayah 26:138ва мо [ҳаргиз] азоб нахоҳем шуд»
فَكَذَّبُوهُ فَأَهۡلَكۡنَٰهُمۡۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:139Пас, онон Ҳудро дурӯғгӯ ангоштанд. Пас, Мо [низ] ҳалокашон кардем. Ҳатман, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:140Ва бе тардид, Парвардигорат шикастнопазири меҳрубон аст
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 26:141[Қавми] Самуд паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ صَٰلِحٌ أَلَا تَتَّقُونَ
Open ayah 26:142Он гоҳ ки бародарашон Солеҳ ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
Open ayah 26:143Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбари амин ҳастам
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:144Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:145Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
أَتُتۡرَكُونَ فِي مَا هَٰهُنَآ ءَامِنِينَ
Open ayah 26:146Оё [мепиндоред, ки] шуморо дар неъматҳое, ки ин ҷост, осуда раҳо мекунанд?
فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٖ
Open ayah 26:147Дар [ин] боғҳо ва чашмасорҳо
وَزُرُوعٖ وَنَخۡلٖ طَلۡعُهَا هَضِيمٞ
Open ayah 26:148Ва [дар канори ин] киштзорҳо ва нахлҳое, ки меваҳояш нарму расидааст?
وَتَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتٗا فَٰرِهِينَ
Open ayah 26:149Ва моҳирона аз кӯҳҳо [барои худ] хонаҳое метарошед
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:150Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
وَلَا تُطِيعُوٓاْ أَمۡرَ ٱلۡمُسۡرِفِينَ
Open ayah 26:151Ва аз исрофкорон [-и гунаҳгор] пайравӣ накунед
ٱلَّذِينَ يُفۡسِدُونَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَا يُصۡلِحُونَ
Open ayah 26:152[Ҳамон] Касоне, ки дар замин ба фасод мепардозанд ва [хештанро] ислоҳ намекунанд”
قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ
Open ayah 26:153Онон гуфтанд: “[Эй Солеҳ] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ
مَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا فَأۡتِ بِـَٔايَةٍ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Open ayah 26:154Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ, пас, агар рост мегӯӣ, нишонае [бар паёмбариат] биёвар”
قَالَ هَٰذِهِۦ نَاقَةٞ لَّهَا شِرۡبٞ وَلَكُمۡ شِرۡبُ يَوۡمٖ مَّعۡلُومٖ
Open ayah 26:155[Солеҳ] Гуфт: «Ин модашутурест, ки саҳме аз об [-и чашма] дорад ва [рӯзҳои муайяне низ] шумо саҳме аз об доред
وَلَا تَمَسُّوهَا بِسُوٓءٖ فَيَأۡخُذَكُمۡ عَذَابُ يَوۡمٍ عَظِيمٖ
Open ayah 26:156Пас, [камтарин] озоре ба он нарасонед, ки азоби рӯзи бузург шуморо фаро мегирад”
فَعَقَرُوهَا فَأَصۡبَحُواْ نَٰدِمِينَ
Open ayah 26:157Пас, онро [захмӣ карданд ва] куштанд ва [он гоҳ аз кардаи худ] пушаймон шуданд
فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:158Пас, азоб [-и илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт. Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:159Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
كَذَّبَتۡ قَوۡمُ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 26:160Қавми Лут [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ أَخُوهُمۡ لُوطٌ أَلَا تَتَّقُونَ
Open ayah 26:161Он гоҳ ки бародарашон Лут ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
Open ayah 26:162Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:163Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:164Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
أَتَأۡتُونَ ٱلذُّكۡرَانَ مِنَ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:165Аз мардуми ҷаҳон бо мардон меомезед
وَتَذَرُونَ مَا خَلَقَ لَكُمۡ رَبُّكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ عَادُونَ
Open ayah 26:166ва ҳамсаронеро, ки Аллоҳ таоло бароятон офаридааст, раҳо мекунед? Балки шумо гурӯҳи мутаҷовизед
قَالُواْ لَئِن لَّمۡ تَنتَهِ يَٰلُوطُ لَتَكُونَنَّ مِنَ ٱلۡمُخۡرَجِينَ
Open ayah 26:167Онон гуфтанд: «Эй Лут, агар [аз ин амру наҳй] даст барнадорӣ, ҳатман, [аз шаҳр] ихроҷ мешавӣ»
قَالَ إِنِّي لِعَمَلِكُم مِّنَ ٱلۡقَالِينَ
Open ayah 26:168[Лут] Гуфт: «Ман душмани [сарсахти] ин коратон ҳастам
رَبِّ نَجِّنِي وَأَهۡلِي مِمَّا يَعۡمَلُونَ
Open ayah 26:169Парвардигоро, ман ва хонаводаамро аз [оқибати] он чи [инҳо] анҷом медиҳанд, наҷот деҳ»
فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 26:170Пас, мо ӯ ва ҳамаи хонаводаашро наҷот додем
إِلَّا عَجُوزٗا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ
Open ayah 26:171Магар пиразане, ки дар миёни бозмондагон [дар азоб] буд
ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ
Open ayah 26:172Сипас дигаронро нобуд кардем
وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِم مَّطَرٗاۖ فَسَآءَ مَطَرُ ٱلۡمُنذَرِينَ
Open ayah 26:173Ва бар онон бороне [аз санг] боронидем ва борони бимдодашудагон чи бад буд!
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:174Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст ва бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:175Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ لۡـَٔيۡكَةِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 26:176Асҳоби Айка [низ] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
إِذۡ قَالَ لَهُمۡ شُعَيۡبٌ أَلَا تَتَّقُونَ
Open ayah 26:177Он гоҳ ки Шуайб ба онон гуфт: «Оё [аз Аллоҳ таоло] парво намекунед?
إِنِّي لَكُمۡ رَسُولٌ أَمِينٞ
Open ayah 26:178Ба ростӣ, ман барои шумо паёмбаре амин ҳастам
فَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَأَطِيعُونِ
Open ayah 26:179Пас, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва мутеи [дастурҳои] ман бошед»
وَمَآ أَسۡـَٔلُكُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۖ إِنۡ أَجۡرِيَ إِلَّا عَلَىٰ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:180Ва ман [дар баробари рисолатам] ҳеҷ подоше аз шумо намехоҳам. Подоши ман танҳо бар [уҳдаи] Парвардигори ҷаҳониён аст
۞أَوۡفُواْ ٱلۡكَيۡلَ وَلَا تَكُونُواْ مِنَ ٱلۡمُخۡسِرِينَ
Open ayah 26:181Паймонаро тамом бидиҳед ва камфурӯшӣ накунед
وَزِنُواْ بِٱلۡقِسۡطَاسِ ٱلۡمُسۡتَقِيمِ
Open ayah 26:182Ва бо тарозуи дуруст вазн кунед
وَلَا تَبۡخَسُواْ ٱلنَّاسَ أَشۡيَآءَهُمۡ وَلَا تَعۡثَوۡاْ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُفۡسِدِينَ
Open ayah 26:183Ва колои мардумро кам надиҳед [ва ҳаққашонро зоеъ накунед] ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед
وَٱتَّقُواْ ٱلَّذِي خَلَقَكُمۡ وَٱلۡجِبِلَّةَ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 26:184Ва аз касе, ки шумо ва умматҳои пешинро офарид, парво кунед [битарсед]
قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مِنَ ٱلۡمُسَحَّرِينَ
Open ayah 26:185Онон гуфтанд: «[Эй Шуайб] Ҷуз ин нест, ки ту ҷодушудаӣ
وَمَآ أَنتَ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُنَا وَإِن نَّظُنُّكَ لَمِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ
Open ayah 26:186Ту ҷуз башаре ҳаммонанди мо нестӣ ва мо туро дурӯғгӯ мепиндорем
فَأَسۡقِطۡ عَلَيۡنَا كِسَفٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Open ayah 26:187Пас, агар рост мегӯӣ, порае аз осмонро бар [сари] мо биандоз»
قَالَ رَبِّيٓ أَعۡلَمُ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Open ayah 26:188[Шуайб] Гуфт: «Парвардигорам ба он чи мекунед, донотар аст»
فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمۡ عَذَابُ يَوۡمِ ٱلظُّلَّةِۚ إِنَّهُۥ كَانَ عَذَابَ يَوۡمٍ عَظِيمٍ
Open ayah 26:189Пас, ӯро дурӯғгӯ ангоштанд ва азоби рӯзи абр [-и оташбор] ононро фаро гирифт. Ба ростӣ, ки он [борони оташ] азоби рӯзи ҳавлноке буд
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗۖ وَمَا كَانَ أَكۡثَرُهُم مُّؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:190Бе гумон, дар ин [моҷаро] нишонае [барои ибрат гирифтан] аст; ва бештарашон муъмин набуданд
وَإِنَّ رَبَّكَ لَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 26:191Ва бе тардид, Парвардигорат ҳамон шикастнопазири меҳрубон аст
وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 26:192Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст
نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ
Open ayah 26:193Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст
عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ
Open ayah 26:194Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ
بِلِسَانٍ عَرَبِيّٖ مُّبِينٖ
Open ayah 26:195[Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд]
وَإِنَّهُۥ لَفِي زُبُرِ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 26:196Ва бе тардид, [башорати нузули] он дар китобҳои пешиниён [низ омада] аст
أَوَلَمۡ يَكُن لَّهُمۡ ءَايَةً أَن يَعۡلَمَهُۥ عُلَمَٰٓؤُاْ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ
Open ayah 26:197Оё ҳамин нишона барояшон кофӣ нест, ки уламои Бани Исроил аз [ҳақиқати] Қуръон огоҳанд?
وَلَوۡ نَزَّلۡنَٰهُ عَلَىٰ بَعۡضِ ٱلۡأَعۡجَمِينَ
Open ayah 26:198Ва агар онро бар баъзе аз ғайриарабҳо нозил мекардем
فَقَرَأَهُۥ عَلَيۡهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ مُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:199Ва [паёмбар] онро барояшон мехонд, ба он имон намеоварданд
كَذَٰلِكَ سَلَكۡنَٰهُ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
Open ayah 26:200[Оре] Ин гуна он [куфру такзиб]-ро дар дилҳои гунаҳгорон ҷой додем
لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ حَتَّىٰ يَرَوُاْ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَلِيمَ
Open ayah 26:201Аммо ба он имон намеоваранд, то он гоҳ ки азоби дарднокро бубинанд
فَيَأۡتِيَهُم بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ
Open ayah 26:202Пас, ногаҳон дар ҳоле ки бехабаранд, ба суроғашон меояд
فَيَقُولُواْ هَلۡ نَحۡنُ مُنظَرُونَ
Open ayah 26:203Пас, [дар он ҳол] мегӯянд: “Оё муҳлате [барои тавба] хоҳем дошт?”
أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ
Open ayah 26:204Оё онон азоби моро ба шитоб хосторанд?
أَفَرَءَيۡتَ إِن مَّتَّعۡنَٰهُمۡ سِنِينَ
Open ayah 26:205Оё донистӣ, ки агар ононро солҳо [аз зиндагии дунё] баҳраманд созем
ثُمَّ جَآءَهُم مَّا كَانُواْ يُوعَدُونَ
Open ayah 26:206Сипас он чи ки ба онон ваъда дода шудааст, ба суроғашонн биёяд
مَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يُمَتَّعُونَ
Open ayah 26:207Ин баҳрамандиашон [аз дунё дар ҳангоми азоб] суде барояшон нахоҳад дошт?
وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا لَهَا مُنذِرُونَ
Open ayah 26:208Ва Мо [сокинони] ҳеҷ шаҳреро ҳалок накардем, магар ин ки ҳушдордиҳандагоне [аз паёмбарон] доштанд
ذِكۡرَىٰ وَمَا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Open ayah 26:209То ононро панд диҳанд ва Мо ҳаргиз ситамгор набудаем [ки итмоми ҳуҷҷат накунем]
وَمَا تَنَزَّلَتۡ بِهِ ٱلشَّيَٰطِينُ
Open ayah 26:210Ва ин Қуръонро шаётин нозил накардаанд
وَمَا يَنۢبَغِي لَهُمۡ وَمَا يَسۡتَطِيعُونَ
Open ayah 26:211Онон на дархӯри ин коранд ва на тавонашро доранд
إِنَّهُمۡ عَنِ ٱلسَّمۡعِ لَمَعۡزُولُونَ
Open ayah 26:212Бе тардид, онон аз шунидани [ваҳй] барканоранд
فَلَا تَدۡعُ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَ فَتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُعَذَّبِينَ
Open ayah 26:213Пас, [эй паёмбар] ҳеҷ маъбудеро бо Аллоҳ таоло махон, ки азоб хоҳӣ шуд
وَأَنذِرۡ عَشِيرَتَكَ ٱلۡأَقۡرَبِينَ
Open ayah 26:214Ва хешовандони наздикатро [аз азоби илоҳӣ] бим деҳ
وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِمَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 26:215Ва бо муъминоне, ки аз ту пайравӣ кардаанд, меҳрубон [-у фурӯтан] бош
فَإِنۡ عَصَوۡكَ فَقُلۡ إِنِّي بَرِيٓءٞ مِّمَّا تَعۡمَلُونَ
Open ayah 26:216Пас, агар аз [фармони] ту сарпечӣ карданд, бигӯ: “Ба ростӣ, ман аз он чи мекунед, безорам”
وَتَوَكَّلۡ عَلَى ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ
Open ayah 26:217Ва бар [Аллоҳи] шикастнопазири меҳрубон таваккал кун
ٱلَّذِي يَرَىٰكَ حِينَ تَقُومُ
Open ayah 26:218Ҳамон ки чун [барои ибодат] бармехезӣ, туро мебинад
وَتَقَلُّبَكَ فِي ٱلسَّٰجِدِينَ
Open ayah 26:219Ва ҳаракат [ва нишасту бархости] туро миёни саҷдакунандагон [мебинад]
إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
Open ayah 26:220Бе тардид, Ӯ ҳамон шунавои доност
هَلۡ أُنَبِّئُكُمۡ عَلَىٰ مَن تَنَزَّلُ ٱلشَّيَٰطِينُ
Open ayah 26:221Оё ба шумо хабар диҳам, ки шаётин бар чи касе нозил мешаванд?
تَنَزَّلُ عَلَىٰ كُلِّ أَفَّاكٍ أَثِيمٖ
Open ayah 26:222Бар ҳар дурӯғгӯи гунаҳкор
يُلۡقُونَ ٱلسَّمۡعَ وَأَكۡثَرُهُمۡ كَٰذِبُونَ
Open ayah 26:223Онон шунидаҳое [-ро, ки дуздона аз малакут гӯш додаанд, ба ҷодугарон ва фолгирон] илқо мекунанд ва бештарашон дурӯғгӯ ҳастанд
وَٱلشُّعَرَآءُ يَتَّبِعُهُمُ ٱلۡغَاوُۥنَ
Open ayah 26:224Ва [Муҳаммад шоир нест, зеро] шоиронро гумроҳон пайравӣ мекунанд
أَلَمۡ تَرَ أَنَّهُمۡ فِي كُلِّ وَادٖ يَهِيمُونَ
Open ayah 26:225Оё надидӣ, ки онон дар ҳар лағву беҳудае [ҳайрону] саргаштаанд?
وَأَنَّهُمۡ يَقُولُونَ مَا لَا يَفۡعَلُونَ
Open ayah 26:226Ва чизеро мегӯянд, ки [худ ба он эътиқод надоранд ва] амал намекунанд?
إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَذَكَرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا وَٱنتَصَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْۗ وَسَيَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓاْ أَيَّ مُنقَلَبٖ يَنقَلِبُونَ
Open ayah 26:227Магар касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва Аллоҳро бисёр ёд кардаанд ва пас аз он ки ситам диданд, интиқом гирифтанд [ва бо шеъри худ аз ислому муслимин дифоъ намуданд] ва касоне, ки ситам карданд, ба зудӣ хоҳанд донист, ба чи бозгаштгоҳе бозмегарданд