النحل
An-Nahl
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
أَتَىٰٓ أَمۡرُ ٱللَّهِ فَلَا تَسۡتَعۡجِلُوهُۚ سُبۡحَٰنَهُۥ وَتَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
Open ayah 16:1[Эй кофирон, лаҳзаи вуқуи қиёмат ва] Фармони Аллоҳ таоло [барои азобатон] наздик шудааст; пас, барои [расидани] он шитоб накунед. Ӯ муназзаҳ аст ва аз он чи бо вай шарик месозанд бартар аст
يُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ بِٱلرُّوحِ مِنۡ أَمۡرِهِۦ عَلَىٰ مَن يَشَآءُ مِنۡ عِبَادِهِۦٓ أَنۡ أَنذِرُوٓاْ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱتَّقُونِ
Open ayah 16:2[Аллоҳ таоло] Ба фармони хеш фариштагонро бо ваҳй бар ҳар як аз бандагонаш, ки бихоҳад, нозил мекунад [бо ин паём], ки: «[Эй паёмбарон, мардумро аз ширк ба Аллоҳ таоло] бим диҳед [ва ба онон бигӯед, ки] маъбуде [баҳақ] ҷуз ман нест; пас, [эй мардум] аз ман парво кунед»
خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِٱلۡحَقِّۚ تَعَٰلَىٰ عَمَّا يُشۡرِكُونَ
Open ayah 16:3Ӯ осмонҳо ва заминро ба ҳақ [ва ҳадафманд] офарид [ва] аз он чи [бо вай] шарик месозанд, бартар аст
خَلَقَ ٱلۡإِنسَٰنَ مِن نُّطۡفَةٖ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٞ مُّبِينٞ
Open ayah 16:4[Аллоҳ таоло] Инсонро аз нутфае офарид ва он гоҳ ӯ ситезагари ошкор шуд
وَٱلۡأَنۡعَٰمَ خَلَقَهَاۖ لَكُمۡ فِيهَا دِفۡءٞ وَمَنَٰفِعُ وَمِنۡهَا تَأۡكُلُونَ
Open ayah 16:5Ва чаҳорпоёнро бароятон офарид, ки дар онон пӯшиш [-и гарм] ва манофеъ [-и дигаре] аст ва аз [гӯшти бархе аз] онон мехӯред
وَلَكُمۡ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسۡرَحُونَ
Open ayah 16:6Ва дар онҳо бароятон зебоӣ [ва шукӯҳ] аст, он гоҳ ки [онҳоро шомгоҳон] аз чаро бозмеоваред ва [бомдодон] барои чаро [ба саҳро] мефиристед
وَتَحۡمِلُ أَثۡقَالَكُمۡ إِلَىٰ بَلَدٖ لَّمۡ تَكُونُواْ بَٰلِغِيهِ إِلَّا بِشِقِّ ٱلۡأَنفُسِۚ إِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٞ
Open ayah 16:7[Онҳо] Борҳои сангини шуморо [аз шаҳре] ба шаҳре мебаранд, ки [агар чунин намекарданд] ҷуз бо заҳмат додан ба бадани хеш наметавонистед ба он ҷо бирасед. Ба ростӣ, ки Парвардигоратон дилсӯзу меҳрубон аст
وَٱلۡخَيۡلَ وَٱلۡبِغَالَ وَٱلۡحَمِيرَ لِتَرۡكَبُوهَا وَزِينَةٗۚ وَيَخۡلُقُ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:8Ва аспону шутурон ва харонро [низ офарид] то бар онҳо савор шавед ва [низ бароятон мояи] таҷаммул [аст] ва чизҳое меофаринад, ки намедонед.
وَعَلَى ٱللَّهِ قَصۡدُ ٱلسَّبِيلِ وَمِنۡهَا جَآئِرٞۚ وَلَوۡ شَآءَ لَهَدَىٰكُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 16:9Бар Аллоҳ таоло аст, ки роҳи рост [ ислом]-ро [ба бандагонаш бинамояд] ва бархе аз он [роҳҳо] бероҳа аст; ва агар [Аллоҳ таоло] мехост, ҳамаи шуморо ҳидоят мекард
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗۖ لَّكُم مِّنۡهُ شَرَابٞ وَمِنۡهُ شَجَرٞ فِيهِ تُسِيمُونَ
Open ayah 16:10Ӯст, ки аз осмон обе фурӯ фиристод, ки ошомидании шумо аз он аст ва [гиёҳ ва] дарахте, ки [чаҳорпоёни худро] дар он мечаронед, [низ] аз он [об] аст
يُنۢبِتُ لَكُم بِهِ ٱلزَّرۡعَ وَٱلزَّيۡتُونَ وَٱلنَّخِيلَ وَٱلۡأَعۡنَٰبَ وَمِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
Open ayah 16:11[Аллоҳ таоло] Ба василаи он кишт ва зайтун ва дарахтони хурмо ва ангур ва ҳама навъ меваҳо[-и гуногун] бароятон мерӯёнад. Ба ростӣ, ки дар инҳо барои мардуме, ки меандешанд нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
وَسَخَّرَ لَكُمُ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ وَٱلنُّجُومُ مُسَخَّرَٰتُۢ بِأَمۡرِهِۦٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Open ayah 16:12Ва шабу рӯз ва хуршеду моҳро ба хидмататон гумошт; ва ситорагон [низ] ба фармонаш дар хидмат [-и инсон] ҳастанд. Бе тардид, дар ин [офариниш] барои мардуме, ки хирадварзӣ мекунанд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
وَمَا ذَرَأَ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُخۡتَلِفًا أَلۡوَٰنُهُۥٓۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَذَّكَّرُونَ
Open ayah 16:13Ва он чиро, ки бароятон дар замин ба рангҳои гуногун офарид [низ ба хидмати шумо гумошт]. Бе тардид, дар ин [умур] барои мардуме, ки панд мегиранд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст.
وَهُوَ ٱلَّذِي سَخَّرَ ٱلۡبَحۡرَ لِتَأۡكُلُواْ مِنۡهُ لَحۡمٗا طَرِيّٗا وَتَسۡتَخۡرِجُواْ مِنۡهُ حِلۡيَةٗ تَلۡبَسُونَهَاۖ وَتَرَى ٱلۡفُلۡكَ مَوَاخِرَ فِيهِ وَلِتَبۡتَغُواْ مِن فَضۡلِهِۦ وَلَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Open ayah 16:14Ӯст, ки дарёро ба хидмататон гумошт, то аз [сайди] он гӯшти тоза бихӯред ва аз он зеваре [ҳамчун марворид ва марҷон] берун меоваред, ки мепӯшед; ва киштиҳоро дар он [дарё] мебинӣ, ки [амвоҷро] мешикофанд, то шумо аз фазл [-у бахшиши] Аллоҳ таоло баҳраманд гардед ва бошад, ки сипос гузоред
وَأَلۡقَىٰ فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِكُمۡ وَأَنۡهَٰرٗا وَسُبُلٗا لَّعَلَّكُمۡ تَهۡتَدُونَ
Open ayah 16:15Ва дар замин кӯҳҳои устувор [ва муҳкаме] дарафканд, ки мабодо шуморо биларзонад ва ҷӯйборҳо [-е падид овард], то [бидуни гум шудан] роҳи худро биёбед
وَعَلَٰمَٰتٖۚ وَبِٱلنَّجۡمِ هُمۡ يَهۡتَدُونَ
Open ayah 16:16Ва нишонаҳое [барои ёфтани масирҳо дар тӯли рӯз офарид] ва тавассути ситора[-ҳо низ дар шаб] роҳёбӣ мекунанд
أَفَمَن يَخۡلُقُ كَمَن لَّا يَخۡلُقُۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
Open ayah 16:17Оё он ки меофаринад, ҳамчун касе аст, ки [ҳеҷ] намеофаринад? Оё панд намегиред?
وَإِن تَعُدُّواْ نِعۡمَةَ ٱللَّهِ لَا تُحۡصُوهَآۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ
Open ayah 16:18Агар [бихоҳед] неъмат[-ҳои] Аллоҳро бишморед, наметавонед онро ба шумораш дароваред. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ مَا تُسِرُّونَ وَمَا تُعۡلِنُونَ
Open ayah 16:19Ва Аллоҳ таоло он чи пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад.
وَٱلَّذِينَ يَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ لَا يَخۡلُقُونَ شَيۡـٔٗا وَهُمۡ يُخۡلَقُونَ
Open ayah 16:20Ва онҳоеро, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба парастиш] мехонанд, чизеро намеофаринанд ва худ офарида мешаванд
أَمۡوَٰتٌ غَيۡرُ أَحۡيَآءٖۖ وَمَا يَشۡعُرُونَ أَيَّانَ يُبۡعَثُونَ
Open ayah 16:21Ин бутҳо дар ҳақиқат] мурдаанд на зинда; ва худ намедонанд, ки чи ҳангом барангехта мешаванд
إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۚ فَٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ قُلُوبُهُم مُّنكِرَةٞ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ
Open ayah 16:22Маъбуди шумо маъбуде ягона аст ва касоне, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкоркунанда [-и ҳақ] аст ва худ мутакаббиранд
لَا جَرَمَ أَنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَۚ إِنَّهُۥ لَا يُحِبُّ ٱلۡمُسۡتَكۡبِرِينَ
Open ayah 16:23Ҳатман, Аллоҳ таоло он чиро, ки пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад
وَإِذَا قِيلَ لَهُم مَّاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡ قَالُوٓاْ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 16:24Ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Парвардигоратон чӣ чизе нозил кардааст?» Мегӯянд: «Афсонаҳои пешиниён»
لِيَحۡمِلُوٓاْ أَوۡزَارَهُمۡ كَامِلَةٗ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَمِنۡ أَوۡزَارِ ٱلَّذِينَ يُضِلُّونَهُم بِغَيۡرِ عِلۡمٍۗ أَلَا سَآءَ مَا يَزِرُونَ
Open ayah 16:25[Ҳамчунон дар куфр мемонанд] То рӯзи қиёмат, [ҳам] бори гуноҳони худро ба тамомӣ бар дӯш кашанд ва [ҳам бахше] аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯйи нодонӣ гумроҳашон кардаанд. Ҳон! Чи бад аст, он чи бар дӯш мекашанд!
قَدۡ مَكَرَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡ فَأَتَى ٱللَّهُ بُنۡيَٰنَهُم مِّنَ ٱلۡقَوَاعِدِ فَخَرَّ عَلَيۡهِمُ ٱلسَّقۡفُ مِن فَوۡقِهِمۡ وَأَتَىٰهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ
Open ayah 16:26Дар ҳақиқат, касоне, ки пеш аз онон буданд, низ найранг [ва бадандешӣ] карданд; пас, фармони Аллоҳ таоло даррасид, ки бунёдашонро аз асос барандохт ва сақф бар сарашон фурӯ рехт ва аз [ҳамон] ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд
ثُمَّ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ يُخۡزِيهِمۡ وَيَقُولُ أَيۡنَ شُرَكَآءِيَ ٱلَّذِينَ كُنتُمۡ تُشَٰٓقُّونَ فِيهِمۡۚ قَالَ ٱلَّذِينَ أُوتُواْ ٱلۡعِلۡمَ إِنَّ ٱلۡخِزۡيَ ٱلۡيَوۡمَ وَٱلسُّوٓءَ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ
Open ayah 16:27Сипас рӯзи қиёмат [Аллоҳ таоло бо азобе дарднок] хорашон месозад ва мефамояд: «Куҷо ҳастанд шарикони ман, ки дар бораи онон [бо паёмбарон ва муъминон] ситез мекардед?» Касоне, ки ба эшон илм дода шудааст [уламои раббонӣ], мегӯянд: «Имрӯз хорӣ ва азоб насиби кофирон аст»
ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ ظَالِمِيٓ أَنفُسِهِمۡۖ فَأَلۡقَوُاْ ٱلسَّلَمَ مَا كُنَّا نَعۡمَلُ مِن سُوٓءِۭۚ بَلَىٰٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمُۢ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Open ayah 16:28[Ҳамон] Касоне, ки фариштагон [-и азоб] дар ҳоле ҷонашонро мегиранд, ки [ба сабаби ширк дар дунё] ба худ ситам карда буданд. Пас, [онон дар ҳангоми марг] сари таслим фуруд меоваранд [ва мегӯянд:] «Мо ҳеҷ [кори] баде намекардем. Оре, мусалламан Аллоҳ таоло ба он чи мекардед доност
فَٱدۡخُلُوٓاْ أَبۡوَٰبَ جَهَنَّمَ خَٰلِدِينَ فِيهَاۖ فَلَبِئۡسَ مَثۡوَى ٱلۡمُتَكَبِّرِينَ
Open ayah 16:29Пас, аз дарвозаҳои дузах ворид шавед [ки] ҷовидона дар он хоҳед буд; ва ба ростӣ, ҷойгоҳи гарданкашон чи бад аст!
۞وَقِيلَ لِلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْ مَاذَآ أَنزَلَ رَبُّكُمۡۚ قَالُواْ خَيۡرٗاۗ لِّلَّذِينَ أَحۡسَنُواْ فِي هَٰذِهِ ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٞۚ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞۚ وَلَنِعۡمَ دَارُ ٱلۡمُتَّقِينَ
Open ayah 16:30Ва ба касоне, ки парҳезкорӣ карданд, гуфта мешавад: «Парвардигоратон [бар паёмбар] чи чиз нозил кардааст?» Онон мегӯянд: «Хайр [ва накуии бисёр]». Барои касоне, ки дар ин дунё некӣ кардаанд, [подош] накуӣ аст ва, ҳатман, сарои охират беҳтар аст; ва, ба ростӣ, чи накуст сарои парҳезкорон!
جَنَّٰتُ عَدۡنٖ يَدۡخُلُونَهَا تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ لَهُمۡ فِيهَا مَا يَشَآءُونَۚ كَذَٰلِكَ يَجۡزِي ٱللَّهُ ٱلۡمُتَّقِينَ
Open ayah 16:31[Ҷойгоҳашон] Боғҳое [аз биҳишт] ҷовидон аст, ки ба он ворид мешаванд. Аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст [ва] дар он ҷо ҳар чи бихоҳанд, барояшон [фароҳам] аст. Аллоҳ таоло парҳезкоронро чунин подош медиҳад
ٱلَّذِينَ تَتَوَفَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ طَيِّبِينَ يَقُولُونَ سَلَٰمٌ عَلَيۡكُمُ ٱدۡخُلُواْ ٱلۡجَنَّةَ بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Open ayah 16:32[Ҳамон] Касоне, ки фариштагон дар ҳоле ҷонашонро меситонанд, ки [аз олудагии куфру гуноҳ] поканд [ва ба онон] мегӯянд: «Дуруд бар шумо. Ба подоши он чи мекардед, [инак] ба биҳишт дароед»
هَلۡ يَنظُرُونَ إِلَّآ أَن تَأۡتِيَهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ أَوۡ يَأۡتِيَ أَمۡرُ رَبِّكَۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ وَمَا ظَلَمَهُمُ ٱللَّهُ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Open ayah 16:33Оё [кофирон] ҷуз ин интизор доранд, ки фариштагон [барои қабзи рӯҳ] ба суроғашон биёянд ё фармони Парвардигорат [барои азобашон] биёяд? Касоне, ки пеш аз онон буданд [низ] чунин мекарданд ва Аллоҳ таоло ба онон ситам накард, вале онон худ ба хештан ситам мекарданд
فَأَصَابَهُمۡ سَيِّـَٔاتُ مَا عَمِلُواْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Open ayah 16:34Пас, [кайфари] бадиҳое, ки карда буданд, гиребонгирашон шуд ва он чи масхара мекарданд, ононро фурӯ гирифт
وَقَالَ ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ لَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ مَا عَبَدۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٖ نَّحۡنُ وَلَآ ءَابَآؤُنَا وَلَا حَرَّمۡنَا مِن دُونِهِۦ مِن شَيۡءٖۚ كَذَٰلِكَ فَعَلَ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۚ فَهَلۡ عَلَى ٱلرُّسُلِ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
Open ayah 16:35Ва касоне, ки ширк варзиданд, гуфтанд: «Агар Аллоҳ таоло мехост, на мо ва на падаронамон чизеро ғайр аз Ӯ намепарастидем ва чизеро ҷуз ба [хосту фармони] Ӯ ҳаром намекардем». Касоне, ки пеш аз онон буданд, низ чунин карданд; пас, оё паёмбарон вазифае ҷуз расонидани ошкор [-и ваҳй] доранд?
وَلَقَدۡ بَعَثۡنَا فِي كُلِّ أُمَّةٖ رَّسُولًا أَنِ ٱعۡبُدُواْ ٱللَّهَ وَٱجۡتَنِبُواْ ٱلطَّٰغُوتَۖ فَمِنۡهُم مَّنۡ هَدَى ٱللَّهُ وَمِنۡهُم مَّنۡ حَقَّتۡ عَلَيۡهِ ٱلضَّلَٰلَةُۚ فَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَٱنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 16:36Яқинан, Мо дар ҳар уммате паёмбареро [бо ин паём] барангехтем, ки: «Аллоҳи якторо бипарастед ва аз тоғут [маъбудони ғайри Аллоҳ таоло] дурӣ кунед». Пас, Аллоҳ таоло бархе аз ононро ҳидоят кардааст ва бархе аз онон низ сазовори гумроҳӣ шуданд. Пас, дар замин гардиш кунед ва бингаред, ки саранҷоми такзибкунандагон [-и оёти илоҳӣ] чи гуна будааст
إِن تَحۡرِصۡ عَلَىٰ هُدَىٰهُمۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي مَن يُضِلُّۖ وَمَا لَهُم مِّن نَّٰصِرِينَ
Open ayah 16:37[Эй Паёмбар] ҳар андоза бар ҳидояти онон муштоқ бошӣ, [суде надорад, зеро] Аллоҳ таоло касеро, ки гумроҳ намояд, ҳидоят нахоҳад кард ва онон [ҳеҷ] ёваре надоранд
وَأَقۡسَمُواْ بِٱللَّهِ جَهۡدَ أَيۡمَٰنِهِمۡ لَا يَبۡعَثُ ٱللَّهُ مَن يَمُوتُۚ بَلَىٰ وَعۡدًا عَلَيۡهِ حَقّٗا وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:38[Мушрикон] Бо сахттарин савгандҳояшон ба Аллоҳ таоло савганд хӯрданд, ки: «Аллоҳ таоло касеро, ки мемирад, барнамеангезад». Оре, ин [барангехтани мурдагон] ваъдаест, ки бар ҳақ бар уҳдаи Ӯст, вале бештари мардум намедонанд
لِيُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي يَخۡتَلِفُونَ فِيهِ وَلِيَعۡلَمَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّهُمۡ كَانُواْ كَٰذِبِينَ
Open ayah 16:39[Ӯ мурдагонро зинда мекунад] То саранҷоми [ҳақиқати] он чиро, ки дар он ихтилоф мекунанд, барояшон равшан созад ва то касоне, ки куфр варзиданд, бидонанд, ки дурӯғгӯ будаанд.
إِنَّمَا قَوۡلُنَا لِشَيۡءٍ إِذَآ أَرَدۡنَٰهُ أَن نَّقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ
Open ayah 16:40Сухани Мо дар бораи чизе, ки иродаашро кардаем, фақат ин аст, ки ба он мегӯем: «Мавҷуд шав», пас, бедиранг мавҷуд мешавад
وَٱلَّذِينَ هَاجَرُواْ فِي ٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ مَا ظُلِمُواْ لَنُبَوِّئَنَّهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗۖ وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ أَكۡبَرُۚ لَوۡ كَانُواْ يَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:41Ва касоне, ки дар [роҳи] Аллоҳ таоло – пас аз он ки мавриди ситам воқеъ шуданд – ҳиҷрат карданд, дар дунё [дар сарзамин ва] маконе наку ононро ҷой медиҳем; ва яқинан подоши охират бузургтар аст. Агар [онон, ки аз ҳиҷрат худдорӣ карданд, подоши ин корро] медонистанд, [ҳаргиз аз ҳиҷрат бознамемонданд]
ٱلَّذِينَ صَبَرُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ
Open ayah 16:42[Муҳоҷирон дар роҳи Аллоҳ таоло] касоне [ҳастанд], ки шикебоӣ намуданд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:43Ва [эй Паёмбар] Мо пеш аз ту ба ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем, [касеро ба рисолат] нафиристодем; пас, [эй мушрикон] агар намедонед, аз аҳли зикр [донишмандони аҳли китоб] бипурсед
بِٱلۡبَيِّنَٰتِ وَٱلزُّبُرِۗ وَأَنزَلۡنَآ إِلَيۡكَ ٱلذِّكۡرَ لِتُبَيِّنَ لِلنَّاسِ مَا نُزِّلَ إِلَيۡهِمۡ وَلَعَلَّهُمۡ يَتَفَكَّرُونَ
Open ayah 16:44[Он паёмбаронро] Бо далоили равшан ва китобҳо[-и осмонӣ фиристодем]; ва [Мо ин] Қуръонро бар ту нозил кардем, то барои мардум он чиро, ки бар эшон нозил шудааст, равшан созӣ; бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешанд
أَفَأَمِنَ ٱلَّذِينَ مَكَرُواْ ٱلسَّيِّـَٔاتِ أَن يَخۡسِفَ ٱللَّهُ بِهِمُ ٱلۡأَرۡضَ أَوۡ يَأۡتِيَهُمُ ٱلۡعَذَابُ مِنۡ حَيۡثُ لَا يَشۡعُرُونَ
Open ayah 16:45Оё касоне, ки бадандешӣ [ва тавтеа] карданд, [аз ин] эмин ҳастанд, ки Аллоҳ таоло [ҳамаи] ононро дар замин фурӯ барад ё азоби [илоҳӣ] аз ҷойе, ки намедонанд, [ба суроғашон] биёяд?
أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ فِي تَقَلُّبِهِمۡ فَمَا هُم بِمُعۡجِزِينَ
Open ayah 16:46Ё [он ки] ба ҳангоми рафту омадашон [гиребони] ононро бигирад? Пас, онон монеъ [-и расидани азоб] нестанд
أَوۡ يَأۡخُذَهُمۡ عَلَىٰ تَخَوُّفٖ فَإِنَّ رَبَّكُمۡ لَرَءُوفٞ رَّحِيمٌ
Open ayah 16:47Ё [он ки азоби илоҳӣ] дар ҳоле ки [аз он] метарсанд, гиребонгирашон шавад? Пас, бе тардид, Парвардигоратон дилсӯзи меҳрубон аст [ки дар муҷозотатон шитоб намекунанд]
أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَىٰ مَا خَلَقَ ٱللَّهُ مِن شَيۡءٖ يَتَفَيَّؤُاْ ظِلَٰلُهُۥ عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَٱلشَّمَآئِلِ سُجَّدٗا لِّلَّهِ وَهُمۡ دَٰخِرُونَ
Open ayah 16:48Оё онон ба чизҳое [ҳамчун дарахтон ва кӯҳҳо], ки Аллоҳ таоло офарида аст, наменигаранд, ки [чи гуна бо ҳаракати хуршеду моҳ] сояҳояшон аз росту чап мегустурад ва дар ҳоле барои Аллоҳ таоло саҷда мекунанд, ки [дар баробараш] хоксоранд?
وَلِلَّهِۤ يَسۡجُدُۤ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِ مِن دَآبَّةٖ وَٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَهُمۡ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ
Open ayah 16:49Ва ҳар чи дар осмонҳо ва замин аст – аз ҷунбандагону фариштагон - [ҳамагӣ] барои Аллоҳ таоло саҷда меоваранд ва гарданкашӣ намекунанд
يَخَافُونَ رَبَّهُم مِّن فَوۡقِهِمۡ وَيَفۡعَلُونَ مَا يُؤۡمَرُونَ۩
Open ayah 16:50[Фариштагон] Аз Парвардигори хеш, ки [ба зот ва ғалаба ва қудраташ] болои онон аст, метарсанд ва он чӣ фармон дода мешаванд, ҳамон мекунанд
۞وَقَالَ ٱللَّهُ لَا تَتَّخِذُوٓاْ إِلَٰهَيۡنِ ٱثۡنَيۡنِۖ إِنَّمَا هُوَ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞ فَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ
Open ayah 16:51Ва Аллоҳ таоло фармуд: «Ду маъбуд [-ро барои худ ба парастиш] нагиред. Ҷуз ин нест, ки [маъбуди шумо] ҳамон Аллоҳи яктост; пас, танҳо аз ман парво кунед»
وَلَهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَهُ ٱلدِّينُ وَاصِبًاۚ أَفَغَيۡرَ ٱللَّهِ تَتَّقُونَ
Open ayah 16:52Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст ва парастишу фармондорӣ [низ] ҳамеша ва пайваста барои Ӯст. Оё аз ғайри Аллоҳ таоло парво мекунед?
وَمَا بِكُم مِّن نِّعۡمَةٖ فَمِنَ ٱللَّهِۖ ثُمَّ إِذَا مَسَّكُمُ ٱلضُّرُّ فَإِلَيۡهِ تَجۡـَٔرُونَ
Open ayah 16:53Ва [эй мардум] ҳар неъмате, ки доред, аз сӯи Аллоҳ таоло аст; сипас чун ба шумо газанде мерасад, ба пешгоҳи Ӯ нола ва зорӣ мекунед
ثُمَّ إِذَا كَشَفَ ٱلضُّرَّ عَنكُمۡ إِذَا فَرِيقٞ مِّنكُم بِرَبِّهِمۡ يُشۡرِكُونَ
Open ayah 16:54Сипас вақте он газандро аз шумо баратараф сохт, он гоҳ гурӯҳе аз шумо ба Парвардигорашон ширк меварзанд
لِيَكۡفُرُواْ بِمَآ ءَاتَيۡنَٰهُمۡۚ فَتَمَتَّعُواْ فَسَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:55То саранҷом ба он чӣ ба эшон додаем, носипосӣ кунанд. Пас, [чанд рӯзе аз неъматҳои дунё] бархӯрдор шавед, ки ба зудӣ [натоиҷи кирдоратонро] хоҳед донист
وَيَجۡعَلُونَ لِمَا لَا يَعۡلَمُونَ نَصِيبٗا مِّمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡۗ تَٱللَّهِ لَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَفۡتَرُونَ
Open ayah 16:56Ва [мушрикон] аз он чӣ рӯзишон кардаем, барои чизҳое, ки ҳеҷ фаҳме надоранд [бутҳо] саҳме қарор медиҳанд. Ба Аллоҳ таоло савганд, ки дар бораи он ифтиро, ки мебастед, ҳатман, бозхост хоҳед шуд
وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ ٱلۡبَنَٰتِ سُبۡحَٰنَهُۥ وَلَهُم مَّا يَشۡتَهُونَ
Open ayah 16:57Ва [онон фариштагонро] духтароне барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд – Ӯ муназзаҳ аст – ва он чиро майл доранд [писарон] барои худашон [қарор медиҳанд]
وَإِذَا بُشِّرَ أَحَدُهُم بِٱلۡأُنثَىٰ ظَلَّ وَجۡهُهُۥ مُسۡوَدّٗا وَهُوَ كَظِيمٞ
Open ayah 16:58Ва ҳар гоҳ яке аз ононро ба [таваллуди] духтаре башорат диҳанд, дар ҳоле ки хашмашро фурӯ мехӯрад, чеҳрааш [аз андӯҳ] тира мешавад
يَتَوَٰرَىٰ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ مِن سُوٓءِ مَا بُشِّرَ بِهِۦٓۚ أَيُمۡسِكُهُۥ عَلَىٰ هُونٍ أَمۡ يَدُسُّهُۥ فِي ٱلتُّرَابِۗ أَلَا سَآءَ مَا يَحۡكُمُونَ
Open ayah 16:59Аз бадӣ [ва нороҳатии] он чӣ ба ӯ мужда додаанд, аз қавм [-и хеш] пинҳон мешавад [ва бо худ меандешад, ки] оё ӯро бо сарафкандагӣ нигаҳ дорад ё дар хок пинҳонаш кунад. Ҳон! Чи бад доварӣ мекунанд!
لِلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡأٓخِرَةِ مَثَلُ ٱلسَّوۡءِۖ وَلِلَّهِ ٱلۡمَثَلُ ٱلۡأَعۡلَىٰۚ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
Open ayah 16:60Сифати зишт [-и чаҳлу куфр] барои касонест, ки ба охират имон надоранд ва сифати бартар аз они Аллоҳ таоло аст ва Ӯ шикастнопазиру ҳаким аст
وَلَوۡ يُؤَاخِذُ ٱللَّهُ ٱلنَّاسَ بِظُلۡمِهِم مَّا تَرَكَ عَلَيۡهَا مِن دَآبَّةٖ وَلَٰكِن يُؤَخِّرُهُمۡ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗىۖ فَإِذَا جَآءَ أَجَلُهُمۡ لَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ سَاعَةٗ وَلَا يَسۡتَقۡدِمُونَ
Open ayah 16:61Ва агар Аллоҳ таоло мардумро ба хотири зулмашон бозхост мекард, ҷунбандае рӯйи замин боқӣ намегузошт; вале [кайфари] ононро то замони муайян ба таъхир меандозад; ва чун аҷалашон ба сар ояд, на соате [аз он] таъхир мекунанд ва на пешӣ мегиранд
وَيَجۡعَلُونَ لِلَّهِ مَا يَكۡرَهُونَۚ وَتَصِفُ أَلۡسِنَتُهُمُ ٱلۡكَذِبَ أَنَّ لَهُمُ ٱلۡحُسۡنَىٰۚ لَا جَرَمَ أَنَّ لَهُمُ ٱلنَّارَ وَأَنَّهُم مُّفۡرَطُونَ
Open ayah 16:62Ва [мушрикон] он чиро хуш надоранд барои Аллоҳ таоло қарор медиҳанд ва забонашон [чунин] дурӯғ месозад, ки [расттагорӣ ва] накуӣ аз они эшон аст. Ҳаққо, ки оташ насибашон аст ва онон, ҳатман, аз пешгомон [-и дузах] ҳастанд
تَٱللَّهِ لَقَدۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَىٰٓ أُمَمٖ مِّن قَبۡلِكَ فَزَيَّنَ لَهُمُ ٱلشَّيۡطَٰنُ أَعۡمَٰلَهُمۡ فَهُوَ وَلِيُّهُمُ ٱلۡيَوۡمَ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Open ayah 16:63[Эй паёмбар] Савганд ба Аллоҳ таоло, ки ба сӯи умматҳое, ки пеш аз ту буданд, [низ паёмбароне] фиристодем; пас, шайтон корҳояшонро барояшон орост; аз ин рӯ, имрӯз [низ дӯст ва] корсозашон ҳам ӯст ва барояшон азобе дарднок [дар пеш] аст
وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ إِلَّا لِتُبَيِّنَ لَهُمُ ٱلَّذِي ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
Open ayah 16:64Ва [эй паёмбар] ин китобро бар ту нозил накардем, магар барои ин ки [ҳақиқати] он чиро, ки [мардум] дар он ихтилоф доранд, барояшон баён кунӣ ва ҳидояту раҳмате бошад барои гурӯҳе, ки имон меоваранд
وَٱللَّهُ أَنزَلَ مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَحۡيَا بِهِ ٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ مَوۡتِهَآۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَسۡمَعُونَ
Open ayah 16:65Ва Аллоҳ таоло аз осмон обе фурӯ фиристод ва бо он заминро пас аз хазон ва хушкиаш зинда кард. Ҳатман, дар ин амр барои мардуме, ки [сухани ҳақро] мешунаванд, нишонае [аз қудрати Парвардигор] аст
وَإِنَّ لَكُمۡ فِي ٱلۡأَنۡعَٰمِ لَعِبۡرَةٗۖ نُّسۡقِيكُم مِّمَّا فِي بُطُونِهِۦ مِنۢ بَيۡنِ فَرۡثٖ وَدَمٖ لَّبَنًا خَالِصٗا سَآئِغٗا لِّلشَّٰرِبِينَ
Open ayah 16:66Ва [эй мардум,] дар [афзоиши] чаҳорпоён барои шумо ибрате аст: аз он чи дар шиками онҳост, аз миёни ғизоҳои ҳазмшуда ва хун шири холисе ба шумо менӯшонем, ки барои нӯшандагон гуворост
وَمِن ثَمَرَٰتِ ٱلنَّخِيلِ وَٱلۡأَعۡنَٰبِ تَتَّخِذُونَ مِنۡهُ سَكَرٗا وَرِزۡقًا حَسَنًاۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَعۡقِلُونَ
Open ayah 16:67Ва [низ] аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангур ҳам шароб [-и мастиовар] ва ҳам рӯзии наку [ва покиза] ба даст меоваред. Бе гумон, дар ин [амр] барои касоне, ки хирад меварзанд, нишонае [аз лутфу қудрати Парвардигор] аст
وَأَوۡحَىٰ رَبُّكَ إِلَى ٱلنَّحۡلِ أَنِ ٱتَّخِذِي مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتٗا وَمِنَ ٱلشَّجَرِ وَمِمَّا يَعۡرِشُونَ
Open ayah 16:68Парвардигорат ба занбӯри асал илҳом кард, ки: аз кӯҳҳо ва дарахтон ва аз он чи [мардум] бино мекунанд, [барои худ] хонаҳое баргир
ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ ٱلثَّمَرَٰتِ فَٱسۡلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلٗاۚ يَخۡرُجُ مِنۢ بُطُونِهَا شَرَابٞ مُّخۡتَلِفٌ أَلۡوَٰنُهُۥ فِيهِ شِفَآءٞ لِّلنَّاسِۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّقَوۡمٖ يَتَفَكَّرُونَ
Open ayah 16:69Он гоҳ аз [шираи] тамоми меваҳо [ва гулҳо] бихӯр ва роҳҳои Парвардигоратро фурӯтанона тай кун». Аз шиками онҳо шаҳде рангоранг берун меояд, ки шифои мардум дар он аст. Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки меандешанд, нишонае [аз илму қудрати Парвардигор] аст
وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ ثُمَّ يَتَوَفَّىٰكُمۡۚ وَمِنكُم مَّن يُرَدُّ إِلَىٰٓ أَرۡذَلِ ٱلۡعُمُرِ لِكَيۡ لَا يَعۡلَمَ بَعۡدَ عِلۡمٖ شَيۡـًٔاۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٞ قَدِيرٞ
Open ayah 16:70Ва Аллоҳ таоло шуморо офаридааст ва сипас ҷонатонро мегирад; ва бархе аз шумо ба фурӯтарини [даврони] умр [куҳансолӣ] мерасанд, чунончи пас аз донистани [бисёре чизҳо, дигар] чизе намедонанд [ва ҳамаро фаромӯш мекунанд]. Бе тардид, Аллоҳ таоло донову тавоност
وَٱللَّهُ فَضَّلَ بَعۡضَكُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٖ فِي ٱلرِّزۡقِۚ فَمَا ٱلَّذِينَ فُضِّلُواْ بِرَآدِّي رِزۡقِهِمۡ عَلَىٰ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَهُمۡ فِيهِ سَوَآءٌۚ أَفَبِنِعۡمَةِ ٱللَّهِ يَجۡحَدُونَ
Open ayah 16:71Ва Аллоҳ таоло бархе аз шуморо бар бархе [дигар] дар [неъмату] рӯзӣ бартарӣ додаст; пас, касоне, ки бартарӣ дода шудаанд, ҳозир нестанд, ки аз рӯзии худ ба бардагонашон бидиҳанд, то ҳамагӣ дар он [неъмату дороӣ] баробар шаванд. [Агар худ аз шарик безоранд, чаро барои Аллоҳ таоло шарик қарор медиҳанд?] Пас, оё [бо ин ширкварзӣ] неъмати Аллоҳро инкор мекунанд?
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَنفُسِكُمۡ أَزۡوَٰجٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّنۡ أَزۡوَٰجِكُم بَنِينَ وَحَفَدَةٗ وَرَزَقَكُم مِّنَ ٱلطَّيِّبَٰتِۚ أَفَبِٱلۡبَٰطِلِ يُؤۡمِنُونَ وَبِنِعۡمَتِ ٱللَّهِ هُمۡ يَكۡفُرُونَ
Open ayah 16:72Ва Аллоҳ таоло барои шумо аз [ҷинси] худатон ҳамсароне қарор дод ва аз ҳамсаронатон барои шумо фарзандон ва наводагоне офарид ва аз чизҳое покиза ба шумо рӯзӣ бахшид. Пас, оё [боз ҳам] ба ботил имон меоваранд ва ба неъмати Аллоҳ таоло носипосӣ мекунанд?
وَيَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَمۡلِكُ لَهُمۡ رِزۡقٗا مِّنَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ شَيۡـٔٗا وَلَا يَسۡتَطِيعُونَ
Open ayah 16:73Ва [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастанд, ки молики ҳеҷ рӯзие дар осмонҳо ва замин барояшон нестанд ва тавоноӣ [-и ҳеҷ коре] надоранд
فَلَا تَضۡرِبُواْ لِلَّهِ ٱلۡأَمۡثَالَۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:74Пас, барои Аллоҳ таоло амсол [ва шарикҳое мутааддид] қоил нашавед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад ва шумо намедонед
۞ضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلًا عَبۡدٗا مَّمۡلُوكٗا لَّا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَمَن رَّزَقۡنَٰهُ مِنَّا رِزۡقًا حَسَنٗا فَهُوَ يُنفِقُ مِنۡهُ سِرّٗا وَجَهۡرًاۖ هَلۡ يَسۡتَوُۥنَۚ ٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:75Аллоҳ таоло мисоле задааст: бардаи мамлуке, ки қодир ба ҳеҷ коре нест ва [дар муқобил,] касе, ки аз ҷониби хеш ба ӯ рӯзии накуие бахшидаем ва ӯ аз ҳамон [неъматҳои илоҳӣ] пинҳону ошкор инфоқ мекунад. Оё ин ду баробаранд? [Пас, шумо мушрикон чи гуна молики мутлақро бо бутҳои нотавон яксон медонед?] Ситоиш махсуси Аллоҳ таоло аст; аммо бештарашон [ҳаққи ягонагиашро] намедонанд
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا رَّجُلَيۡنِ أَحَدُهُمَآ أَبۡكَمُ لَا يَقۡدِرُ عَلَىٰ شَيۡءٖ وَهُوَ كَلٌّ عَلَىٰ مَوۡلَىٰهُ أَيۡنَمَا يُوَجِّههُّ لَا يَأۡتِ بِخَيۡرٍ هَلۡ يَسۡتَوِي هُوَ وَمَن يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَهُوَ عَلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Open ayah 16:76Ва Аллоҳ таоло масали [дигаре] задааст: ду мардро [фарз кунед], ки яке аз он ду лол аст ва ҳеҷ коре аз вай барнамеояд ва сарбори дӯсти худ мебошад, ҳар куҷо ӯро мефиристад, ҳеҷ хайре ба ҳамроҳ намеоварад [ва вазоифашро ба дурустӣ анҷом намедиҳад]; оё ӯ бо касе, ки ба адолат фармон медиҳад ва худ бар роҳе мустақим қарор дорад, баробар аст? [Пас, шумо мушрикон чи гуна қодири мутлақро бо бутҳои беэҳсоси нотавон яксон медонед?]
وَلِلَّهِ غَيۡبُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَآ أَمۡرُ ٱلسَّاعَةِ إِلَّا كَلَمۡحِ ٱلۡبَصَرِ أَوۡ هُوَ أَقۡرَبُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٞ
Open ayah 16:77[Илми] Ғайби осмонҳо ва замин танҳо аз они Аллоҳ таоло аст ва амри [барпоии] қиёмат ҷуз [ба суръати] як чашм бар ҳам задан нест; ё [ҳатто] сареътар. Бе тардид, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе тавоност
وَٱللَّهُ أَخۡرَجَكُم مِّنۢ بُطُونِ أُمَّهَٰتِكُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ شَيۡـٔٗا وَجَعَلَ لَكُمُ ٱلسَّمۡعَ وَٱلۡأَبۡصَٰرَ وَٱلۡأَفۡـِٔدَةَ لَعَلَّكُمۡ تَشۡكُرُونَ
Open ayah 16:78[Эй мардум] Аллоҳ таоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред
أَلَمۡ يَرَوۡاْ إِلَى ٱلطَّيۡرِ مُسَخَّرَٰتٖ فِي جَوِّ ٱلسَّمَآءِ مَا يُمۡسِكُهُنَّ إِلَّا ٱللَّهُۚ إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
Open ayah 16:79Оё [мушрикон] парандагонро надидаанд, ки дар фазои осмон ром шудаанд [ва] касе ҷуз Аллоҳ таоло онҳоро [дар он ҳол] нигаҳ намедорад? Ба ростӣ, дар ин [амр] барои мардуме, ки имон доранд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّنۢ بُيُوتِكُمۡ سَكَنٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّن جُلُودِ ٱلۡأَنۡعَٰمِ بُيُوتٗا تَسۡتَخِفُّونَهَا يَوۡمَ ظَعۡنِكُمۡ وَيَوۡمَ إِقَامَتِكُمۡ وَمِنۡ أَصۡوَافِهَا وَأَوۡبَارِهَا وَأَشۡعَارِهَآ أَثَٰثٗا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٖ
Open ayah 16:80Аллоҳ таоло барои шумо аз хонаҳоятон маҳалли сукунат [ва оромиш] қарор дод ва аз пушти чаҳорпоён [низ] бароятон хонаҳое [хаймаҳое] қарор дод, то рӯзи кӯч кардан сабукбор бошед ва рӯзи иқомататон [низ барпоияш осон бошад]; ва аз пашму курку мӯйҳояшон то муддате муайян [бароятон] асоси [хона] ва асбоб [-у васоили зиндагӣ] фароҳам кард
وَٱللَّهُ جَعَلَ لَكُم مِّمَّا خَلَقَ ظِلَٰلٗا وَجَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلۡجِبَالِ أَكۡنَٰنٗا وَجَعَلَ لَكُمۡ سَرَٰبِيلَ تَقِيكُمُ ٱلۡحَرَّ وَسَرَٰبِيلَ تَقِيكُم بَأۡسَكُمۡۚ كَذَٰلِكَ يُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُسۡلِمُونَ
Open ayah 16:81Аллоҳ таоло аз он чӣ офарид, сояҳое бароятон фароҳам овардааст ва аз кӯҳҳо [низ роҳҳо ва] паноҳгоҳҳое бароятон қарор додааст ва бароятон ҷомаҳое падид овардааст, ки аз [сармо] ва гармо нигоҳатон медорад ва [зиреҳҳо ва] танпӯшҳое, ки шуморо дар ҷанг[-ҳоя]-тон ҳифз мекунад. Ӯ, инчунин, неъматашро бар шумо тамом мегардонад; бошад, ки [дар баробари тавҳид] таслим шавед [ва ширк наварзед]
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَإِنَّمَا عَلَيۡكَ ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ
Open ayah 16:82Пас, [эй Паёмбар] агар [мушрикон] рӯй гардонанд, ҷуз ин нест, ки вазифаи ту [фақат] паёмрасонии ошкор аст
يَعۡرِفُونَ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ ثُمَّ يُنكِرُونَهَا وَأَكۡثَرُهُمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ
Open ayah 16:83[Онон] неъмати Аллоҳро мешиносанд; он гоҳ [боз ҳам] инкораш мекунанд ва бештарашон носипосу кофиранд
وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ مِن كُلِّ أُمَّةٖ شَهِيدٗا ثُمَّ لَا يُؤۡذَنُ لِلَّذِينَ كَفَرُواْ وَلَا هُمۡ يُسۡتَعۡتَبُونَ
Open ayah 16:84Ва [ёд кун аз] рӯзе, ки аз ҳар уммате гувоҳе [барояшон] бармеангезем; он гоҳ ба касоне, ки куфр варзиданд, на иҷозат [-и сухан гуфтан] дода мешавад ва на аз эшон дархости пузиш мешавад
وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ ٱلۡعَذَابَ فَلَا يُخَفَّفُ عَنۡهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ
Open ayah 16:85Ва касоне, ки ситам карданд, ҳангоме ки азоби [охират]-ро мебинанд; на азобашон сабук мешавад ва на муҳлат дода мешаванд
وَإِذَا رَءَا ٱلَّذِينَ أَشۡرَكُواْ شُرَكَآءَهُمۡ قَالُواْ رَبَّنَا هَٰٓؤُلَآءِ شُرَكَآؤُنَا ٱلَّذِينَ كُنَّا نَدۡعُواْ مِن دُونِكَۖ فَأَلۡقَوۡاْ إِلَيۡهِمُ ٱلۡقَوۡلَ إِنَّكُمۡ لَكَٰذِبُونَ
Open ayah 16:86Онон, ки ширк варзиданд, вақте шарикони худро мебинанд, мегӯянд: «Парвардигоро, инҳо буданд он шариконе, ки мо ба ҷойи ту мехондем» ва[-ле шарикон] сухани ононро рад мекунанд, ки: «яқинан шумо дурӯғгӯед»
وَأَلۡقَوۡاْ إِلَى ٱللَّهِ يَوۡمَئِذٍ ٱلسَّلَمَۖ وَضَلَّ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَفۡتَرُونَ
Open ayah 16:87Дар он рӯз дар баробари Аллоҳ таоло сари таслим меафкананд ва дурӯғҳое, ки [дар бораи шафоати ғайри Аллоҳ таоло] мебофтанд, ҳама маҳву нобуд мегардад
ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ زِدۡنَٰهُمۡ عَذَابٗا فَوۡقَ ٱلۡعَذَابِ بِمَا كَانُواْ يُفۡسِدُونَ
Open ayah 16:88Касоне, ки куфр варзиданд ва [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд, ба [кайфари] он ки фасод мекарданд, азобе бар азобашон меафзоем
وَيَوۡمَ نَبۡعَثُ فِي كُلِّ أُمَّةٖ شَهِيدًا عَلَيۡهِم مِّنۡ أَنفُسِهِمۡۖ وَجِئۡنَا بِكَ شَهِيدًا عَلَىٰ هَٰٓؤُلَآءِۚ وَنَزَّلۡنَا عَلَيۡكَ ٱلۡكِتَٰبَ تِبۡيَٰنٗا لِّكُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ
Open ayah 16:89Ва рӯзе [-ро ёд кун], ки аз ҳар уммате гувоҳе аз худашон бар онон мегирем [ки ба куфру имонашон гувоҳӣ диҳад] ва туро [эй Муҳаммад] бар инон гувоҳ мегирем; ва Мо ин китоб [Қуръон] - ро бар ту нозил кардем, ки равшангари ҳама чиз аст ва барои мусулмонон раҳнамуд ва раҳмату башорат аст
۞إِنَّ ٱللَّهَ يَأۡمُرُ بِٱلۡعَدۡلِ وَٱلۡإِحۡسَٰنِ وَإِيتَآيِٕ ذِي ٱلۡقُرۡبَىٰ وَيَنۡهَىٰ عَنِ ٱلۡفَحۡشَآءِ وَٱلۡمُنكَرِ وَٱلۡبَغۡيِۚ يَعِظُكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ
Open ayah 16:90Дар ҳақиқат, Аллоҳ таоло [шуморо] ба адлу накукорӣ ва бахшиш ба хешовандон фармон медиҳад ва аз фаҳшо ва зишткорӣ ва саркашӣ наҳй мекунад. Ӯ шуморо панд медиҳад; бошад, ки панд гиред
وَأَوۡفُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ إِذَا عَٰهَدتُّمۡ وَلَا تَنقُضُواْ ٱلۡأَيۡمَٰنَ بَعۡدَ تَوۡكِيدِهَا وَقَدۡ جَعَلۡتُمُ ٱللَّهَ عَلَيۡكُمۡ كَفِيلًاۚ إِنَّ ٱللَّهَ يَعۡلَمُ مَا تَفۡعَلُونَ
Open ayah 16:91Ва чун бо Аллоҳ таоло [ё мардум] паймон бастед, ба он вафо кунед; ва савгандҳои худро пас аз муҳкам сохтанашон нашканед, дар ҳоле ки Аллоҳро бар [вафодории] хеш гувоҳ қарор додаед. Бе тардид, Аллоҳ таоло медонад, ки чи мекунед
وَلَا تَكُونُواْ كَٱلَّتِي نَقَضَتۡ غَزۡلَهَا مِنۢ بَعۡدِ قُوَّةٍ أَنكَٰثٗا تَتَّخِذُونَ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ أَن تَكُونَ أُمَّةٌ هِيَ أَرۡبَىٰ مِنۡ أُمَّةٍۚ إِنَّمَا يَبۡلُوكُمُ ٱللَّهُ بِهِۦۚ وَلَيُبَيِّنَنَّ لَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ مَا كُنتُمۡ فِيهِ تَخۡتَلِفُونَ
Open ayah 16:92Ва монанди он зан [-и нодоне] набошед, ки риштаи [пашмии тобидаи] хешро аз ҳам бозкушод [ва гусаст; пас, мабодо] савгандҳои худро василаи фиреби якдигар қарор диҳед [он ҳам танҳо] бад-ин сабаб, ки гурӯҳе [сарват ва] ҷамъияташон афзунтар аз дигаре аст. Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ таоло шуморо бо ин [кор] меозмояд ва яқинан рӯзи қиёмат он чиро, ки дар он ихтилоф мекардед, бароятон равшан месозад
وَلَوۡ شَآءَ ٱللَّهُ لَجَعَلَكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَلَٰكِن يُضِلُّ مَن يَشَآءُ وَيَهۡدِي مَن يَشَآءُۚ وَلَتُسۡـَٔلُنَّ عَمَّا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Open ayah 16:93Ва агар мехост, ҳамаи шуморо як уммат қарор медод, вале [бо адолати хеш] ҳар киро бихоҳад гумроҳ мекунад ва [бо фазли хеш] ҳар киро бихоҳад, ҳидоят менамояд; ва шумо [рӯзи қиёмат], ҳатман, аз он чи мекардед, бозхост хоҳед шуд
وَلَا تَتَّخِذُوٓاْ أَيۡمَٰنَكُمۡ دَخَلَۢا بَيۡنَكُمۡ فَتَزِلَّ قَدَمُۢ بَعۡدَ ثُبُوتِهَا وَتَذُوقُواْ ٱلسُّوٓءَ بِمَا صَدَدتُّمۡ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَلَكُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ
Open ayah 16:94Ва савгандҳоятонро василаи найранг [ва фиребгарӣ] миёни хеш қарор надиҳед, то мабодо [имонатон ба хатар афтад ва] гоме пас аз устувориаш билағжад ва ба сазои он ки [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштаед, [кайфари] ногуворе бичашед ва азобе бузург бароятон [дар пеш] бошад
وَلَا تَشۡتَرُواْ بِعَهۡدِ ٱللَّهِ ثَمَنٗا قَلِيلًاۚ إِنَّمَا عِندَ ٱللَّهِ هُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:95Ва паймони Аллоҳро ба баҳои андак нафурӯшед. Агар бидонед, яқинан он чи назди Аллоҳ таоло аст, бароятон беҳтар аст
مَا عِندَكُمۡ يَنفَدُ وَمَا عِندَ ٱللَّهِ بَاقٖۗ وَلَنَجۡزِيَنَّ ٱلَّذِينَ صَبَرُوٓاْ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 16:96Он чи назди шумост, поён мепазирад ва[-ле] он чи назди Аллоҳ таоло аст, боқӣ [ва ҷовид] аст; ва, ҳатман, ба касоне, ки шикебоӣ кардаанд, аҷрашонро бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, хоҳем дод
مَنۡ عَمِلَ صَٰلِحٗا مِّن ذَكَرٍ أَوۡ أُنثَىٰ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَنُحۡيِيَنَّهُۥ حَيَوٰةٗ طَيِّبَةٗۖ وَلَنَجۡزِيَنَّهُمۡ أَجۡرَهُم بِأَحۡسَنِ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 16:97Ҳар кас – аз мард ё зан – ки кори нек кунад ва муъмин бошад, ҳатман, ӯро [дар дунё] ба зиндагонии поку писандидае зинда медорем ва [дар охират низ] бар асоси накутарин [тоат ва] коре, ки мекарданд, ба онон подош медиҳем
فَإِذَا قَرَأۡتَ ٱلۡقُرۡءَانَ فَٱسۡتَعِذۡ بِٱللَّهِ مِنَ ٱلشَّيۡطَٰنِ ٱلرَّجِيمِ
Open ayah 16:98Пас, [эй муъмин] ҳангоме ки Қуръон мехонӣ, аз [шарри] шайтони рондашуда ба Аллоҳ таоло паноҳ бибар
إِنَّهُۥ لَيۡسَ لَهُۥ سُلۡطَٰنٌ عَلَى ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَلَىٰ رَبِّهِمۡ يَتَوَكَّلُونَ
Open ayah 16:99Бе тардид, ӯ бар касоне, ки имон овардаанд ва бар Парвардигорашон таваккал мекунанд [ҳеҷ] тасаллуте надорад
إِنَّمَا سُلۡطَٰنُهُۥ عَلَى ٱلَّذِينَ يَتَوَلَّوۡنَهُۥ وَٱلَّذِينَ هُم بِهِۦ مُشۡرِكُونَ
Open ayah 16:100Тасаллути ӯ танҳо бар касонест, ки ӯро [дӯсту] корсози худ гирифтаанд ва [ҳамчунин бар] касоне, ки ба Аллоҳ таоло ширк меварзанд
وَإِذَا بَدَّلۡنَآ ءَايَةٗ مَّكَانَ ءَايَةٖ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا يُنَزِّلُ قَالُوٓاْ إِنَّمَآ أَنتَ مُفۡتَرِۭۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 16:101Ва ҳангоме ки [ҳукми] оятеро ҷойгузини ояте [дигар] мекунем – ҳол он ки Аллоҳ таоло ба он чи нозил мекунад, донотар аст - [кофирон] мегӯянд: «[Эй Муҳаммад] ҷуз ин нест, ки ту дурӯғбофӣ». [Чунин нест] Балки бештарашон [аз аҳкоми шаръ ва ҳикмати илоҳӣ чизе] намедонанд
قُلۡ نَزَّلَهُۥ رُوحُ ٱلۡقُدُسِ مِن رَّبِّكَ بِٱلۡحَقِّ لِيُثَبِّتَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَهُدٗى وَبُشۡرَىٰ لِلۡمُسۡلِمِينَ
Open ayah 16:102Бигӯ: «Рӯҳу-л-қудус [Ҷабраил] онро аз ҷониби Парвардигорат бар ҳақ нозил кардааст, то касонеро, ки имон овардаанд, собитқадам гардонад ва барои мусулмонон ҳидоят ва башорате бошад»
وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّهُمۡ يَقُولُونَ إِنَّمَا يُعَلِّمُهُۥ بَشَرٞۗ لِّسَانُ ٱلَّذِي يُلۡحِدُونَ إِلَيۡهِ أَعۡجَمِيّٞ وَهَٰذَا لِسَانٌ عَرَبِيّٞ مُّبِينٌ
Open ayah 16:103Ва яқинан медонем, ки онон мегӯянд: «Ҳатман, башаре [ин оётро] ба ӯ омӯзиш медиҳад». [На, чунин нест; зеро] забони касе, ки [ин] нисбатро ба ӯ медиҳад, ғайри арабӣ аст, ҳол он ки ин [Қуръон] ба забони арабии равшан аст
إِنَّ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِ لَا يَهۡدِيهِمُ ٱللَّهُ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٌ
Open ayah 16:104Яқинан, касоне, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон намеоваранд, Аллоҳ таоло ҳидояташон намекунад ва барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
إِنَّمَا يَفۡتَرِي ٱلۡكَذِبَ ٱلَّذِينَ لَا يُؤۡمِنُونَ بِـَٔايَٰتِ ٱللَّهِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡكَٰذِبُونَ
Open ayah 16:105[Муҳаммад дурӯғгӯ нест, балки] Касоне дурӯғ мебофанд, ки ба оёти Аллоҳ таоло имон надоранд ва инон дурӯғгӯён [-и воқеӣ] ҳастанд
مَن كَفَرَ بِٱللَّهِ مِنۢ بَعۡدِ إِيمَٰنِهِۦٓ إِلَّا مَنۡ أُكۡرِهَ وَقَلۡبُهُۥ مُطۡمَئِنُّۢ بِٱلۡإِيمَٰنِ وَلَٰكِن مَّن شَرَحَ بِٱلۡكُفۡرِ صَدۡرٗا فَعَلَيۡهِمۡ غَضَبٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَلَهُمۡ عَذَابٌ عَظِيمٞ
Open ayah 16:106Ҳар ки баъд аз имонаш ба Аллоҳ куфр биварзад [гирифтори азоби илоҳӣ хоҳад шуд]; магар касе, ки [ба ин кор] водор шуда бошад ва[-ле] дилаш ба имон ором [ва устувор] бошад; аммо ҳар ки синаашро ба куфр кушода кард, хашми Аллоҳ таоло бар онон аст ва азобе саҳмгин [дар пеш] доранд
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمُ ٱسۡتَحَبُّواْ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا عَلَى ٱلۡأٓخِرَةِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ
Open ayah 16:107Ин [муҷозот] аз он рӯст, ки зиндагии дунёро бар охират тарҷеҳ доданд; ва Аллоҳ таоло гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад
أُوْلَٰٓئِكَ ٱلَّذِينَ طَبَعَ ٱللَّهُ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ وَسَمۡعِهِمۡ وَأَبۡصَٰرِهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡغَٰفِلُونَ
Open ayah 16:108Инон касоне ҳастанд, ки [бар асари гуноҳонашон] Аллоҳ таоло бар дилҳо ва гӯшу чашмонашон муҳр ниҳодааст; ва инон ғофилон [-и воқеӣ] ҳастанд
لَا جَرَمَ أَنَّهُمۡ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
Open ayah 16:109Яқинан онон дар охират зиёнкоранд
ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ هَاجَرُواْ مِنۢ بَعۡدِ مَا فُتِنُواْ ثُمَّ جَٰهَدُواْ وَصَبَرُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٞ
Open ayah 16:110Сипас Парвардигорат нисбат ба касоне, ки пас аз заҷр кашидан [аз озори мушрикон] ҳиҷрат карданд ва сипас ба ҷиҳод бархостанд ва шикебоӣ намуданд, Парвардигорат [нисбат ба онон] пас аз он [ҳама сахтиҳо], ҳатман, омурзандаи меҳрубон аст
۞يَوۡمَ تَأۡتِي كُلُّ نَفۡسٖ تُجَٰدِلُ عَن نَّفۡسِهَا وَتُوَفَّىٰ كُلُّ نَفۡسٖ مَّا عَمِلَتۡ وَهُمۡ لَا يُظۡلَمُونَ
Open ayah 16:111[Эй паёмбар, ёд кун аз] Рӯзе, ки ҳар кас дар ҳоле [ба пешгоҳи адли илоҳӣ] меояд, ки [танҳо] аз худ дифоъ мекунад; ва ҳар кас дар баробари он чи кардааст, бе каму кост подош мегирад ва бар онон ситам намеравад
وَضَرَبَ ٱللَّهُ مَثَلٗا قَرۡيَةٗ كَانَتۡ ءَامِنَةٗ مُّطۡمَئِنَّةٗ يَأۡتِيهَا رِزۡقُهَا رَغَدٗا مِّن كُلِّ مَكَانٖ فَكَفَرَتۡ بِأَنۡعُمِ ٱللَّهِ فَأَذَٰقَهَا ٱللَّهُ لِبَاسَ ٱلۡجُوعِ وَٱلۡخَوۡفِ بِمَا كَانُواْ يَصۡنَعُونَ
Open ayah 16:112Ва Аллоҳ таоло шаҳре [ҳамчун Макка]-ро мисол мезанад, ки амну ором буд ва рӯзиаш аз ҳар сӯ ба осонӣ ва фаровонӣ мерасид, вале [мардумонаш] нисбат ба неъматҳои илоҳӣ носипосӣ намуданд ва он гоҳ Аллоҳ таоло низ ба сазои он чи мекарданд, таъми гуруснагӣ ва тарсро ба [аҳли] он чашонид
وَلَقَدۡ جَآءَهُمۡ رَسُولٞ مِّنۡهُمۡ فَكَذَّبُوهُ فَأَخَذَهُمُ ٱلۡعَذَابُ وَهُمۡ ظَٰلِمُونَ
Open ayah 16:113Ва паёмбаре аз худшон ба сӯйи онон омад, аммо ӯро дурӯғгӯ ангоштанд; он гоҳ, дар ҳоле ки ситамгор [ва мушрик] буданд, азоби [илоҳӣ] ононро фурӯ гирифт
فَكُلُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ حَلَٰلٗا طَيِّبٗا وَٱشۡكُرُواْ نِعۡمَتَ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ إِيَّاهُ تَعۡبُدُونَ
Open ayah 16:114Пас аз он чи Аллоҳ таоло рӯзиатон кардааст, ҳалолу покиза бихӯред ва агар фақат Ӯро мепарастед, бар неъмати илоҳӣ шукр гузоред
إِنَّمَا حَرَّمَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡمَيۡتَةَ وَٱلدَّمَ وَلَحۡمَ ٱلۡخِنزِيرِ وَمَآ أُهِلَّ لِغَيۡرِ ٱللَّهِ بِهِۦۖ فَمَنِ ٱضۡطُرَّ غَيۡرَ بَاغٖ وَلَا عَادٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Open ayah 16:115Ҷуз ин нест, ки [Аллоҳ таоло] фақат мурдор ва хун ва гӯшти хук ва он чиро, ки [ҳангоми забҳ] номи ғайри Аллоҳ таоло бар он бурда шудааст, бар шумо ҳаром кардааст; пас, ҳар ки [барои ҳифзи ҷонаш ба хӯрдани онҳо] ночор шавад [ва] саркашу зиёдахоҳ набошад, [бар ӯ гуноҳ нест, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
وَلَا تَقُولُواْ لِمَا تَصِفُ أَلۡسِنَتُكُمُ ٱلۡكَذِبَ هَٰذَا حَلَٰلٞ وَهَٰذَا حَرَامٞ لِّتَفۡتَرُواْ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَۚ إِنَّ ٱلَّذِينَ يَفۡتَرُونَ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ لَا يُفۡلِحُونَ
Open ayah 16:116Ва [эй мушрикон] бо дурӯғе, ки бар забонатон ҷорӣ мешавад, нагӯед: «Ин ҳалол аст ва он ҳаром», то бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандед. Касоне, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд, ҳаргиз растагор намешаванд
مَتَٰعٞ قَلِيلٞ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Open ayah 16:117[Натиҷаи дунёдӯстияшон] Баҳрае андак аст ва [дар охират] азобе дарднок [дар пеш] доранд
وَعَلَى ٱلَّذِينَ هَادُواْ حَرَّمۡنَا مَا قَصَصۡنَا عَلَيۡكَ مِن قَبۡلُۖ وَمَا ظَلَمۡنَٰهُمۡ وَلَٰكِن كَانُوٓاْ أَنفُسَهُمۡ يَظۡلِمُونَ
Open ayah 16:118Ва бар яҳудиён он чиро пештар бар ту ҳикоят кардем, ҳаром намудем ва Мо ба онон ситам накардем; балки онҳо худ [буданд, ки дар натиҷаи нофармонӣ] ба хештан ситам мекарданд
ثُمَّ إِنَّ رَبَّكَ لِلَّذِينَ عَمِلُواْ ٱلسُّوٓءَ بِجَهَٰلَةٖ ثُمَّ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُوٓاْ إِنَّ رَبَّكَ مِنۢ بَعۡدِهَا لَغَفُورٞ رَّحِيمٌ
Open ayah 16:119Он гоҳ Парвардигорат нисбат ба касоне, ки аз рӯи нодонӣ гуноҳ карданд ва сипас аз он [иштибоҳот] тавба намуданд ва дурусткорӣ карданд, ҳатман, Парвардигорат пас аз он омурзандаи меҳрубон аст
إِنَّ إِبۡرَٰهِيمَ كَانَ أُمَّةٗ قَانِتٗا لِّلَّهِ حَنِيفٗا وَلَمۡ يَكُ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
Open ayah 16:120Бе гумон, Иброҳим пешвое фурӯтан дар баробари Аллоҳ таоло ва ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд
شَاكِرٗا لِّأَنۡعُمِهِۚ ٱجۡتَبَىٰهُ وَهَدَىٰهُ إِلَىٰ صِرَٰطٖ مُّسۡتَقِيمٖ
Open ayah 16:121Ӯ шукргузори неъматҳои Аллоҳ таоло буд. [Аллоҳ таоло] Вайро баргузид ва ба роҳи рост ҳидоят намуд
وَءَاتَيۡنَٰهُ فِي ٱلدُّنۡيَا حَسَنَةٗۖ وَإِنَّهُۥ فِي ٱلۡأٓخِرَةِ لَمِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Open ayah 16:122[Мо] Дар дунё ба ӯ некӣ ато кардем ва, ҳатман, ӯ дар охират [низ] аз шоистагон аст
ثُمَّ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ أَنِ ٱتَّبِعۡ مِلَّةَ إِبۡرَٰهِيمَ حَنِيفٗاۖ وَمَا كَانَ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
Open ayah 16:123Сипас [эй Паёмбар] ба ту ваҳй кардем, ки аз оини Иброҳим пайравӣ кун, ки ҳақгаро буд ва [ҳаргиз] дар зумраи мушрикон набуд
إِنَّمَا جُعِلَ ٱلسَّبۡتُ عَلَى ٱلَّذِينَ ٱخۡتَلَفُواْ فِيهِۚ وَإِنَّ رَبَّكَ لَيَحۡكُمُ بَيۡنَهُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِ فِيمَا كَانُواْ فِيهِ يَخۡتَلِفُونَ
Open ayah 16:124[Вуҷуби бузургдошти рӯзҳои] Шанбе танҳо бар касоне қарор дода шуд, ки дар он ихтилоф карданд; ва, ҳатман, Парвардигорат рӯзи қиёмат дар мавриди он чи ихтилоф мекарданд, миёнашон доварӣ хоҳад кард
ٱدۡعُ إِلَىٰ سَبِيلِ رَبِّكَ بِٱلۡحِكۡمَةِ وَٱلۡمَوۡعِظَةِ ٱلۡحَسَنَةِۖ وَجَٰدِلۡهُم بِٱلَّتِي هِيَ أَحۡسَنُۚ إِنَّ رَبَّكَ هُوَ أَعۡلَمُ بِمَن ضَلَّ عَن سَبِيلِهِۦ وَهُوَ أَعۡلَمُ بِٱلۡمُهۡتَدِينَ
Open ayah 16:125[Эй Паёмбар, мардумро] Бо ҳикмат ва панди наку ба роҳи Парвардигорат даъват намо ва бо равише, ки накутар аст, бо онон [баҳсу] мунозира кун. Бе тардид, Парвардигорат ба [ҳоли] касе, ки аз роҳи ӯ гумроҳ шуд, донотар аст ва ӯ ба [ҳоли] ҳидоятёфтагон [низ] донотар аст
وَإِنۡ عَاقَبۡتُمۡ فَعَاقِبُواْ بِمِثۡلِ مَا عُوقِبۡتُم بِهِۦۖ وَلَئِن صَبَرۡتُمۡ لَهُوَ خَيۡرٞ لِّلصَّٰبِرِينَ
Open ayah 16:126Ва агар [шумо муъминон] хостед [душманонатонро] муҷозот кунед, пас, чунон муҷозот кунед, ки [онон] шуморо муҷозот кардаанд; ва агар [хештандорӣ ва] шикебоӣ кунед, [бидонед, ки] ҳатман, ин [кор] барои шикебоён беҳтар аст
وَٱصۡبِرۡ وَمَا صَبۡرُكَ إِلَّا بِٱللَّهِۚ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَلَا تَكُ فِي ضَيۡقٖ مِّمَّا يَمۡكُرُونَ
Open ayah 16:127Ва [эй Паёмбар] шикебоӣ пеша кун ва шикебоият ҷуз ба [ёрӣ ва] тавфиқи Аллоҳ таоло нест; ва бар онон [кофирон] андӯҳ махӯр ва аз найранге, ки меварзанд, дилтанг мабош
إِنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلَّذِينَ ٱتَّقَواْ وَّٱلَّذِينَ هُم مُّحۡسِنُونَ
Open ayah 16:128Бе тардид, Аллоҳ таоло бо касоне аст, ки парҳезкорӣ карданд ва касоне, ки накукоранд