الحجر
Al-Hijr
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ وَقُرۡءَانٖ مُّبِينٖ
Open ayah 15:1Алиф, лом, ро. Ин оёти китоб [-и илоҳӣ] ва Қуръони равшангар аст
رُّبَمَا يَوَدُّ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لَوۡ كَانُواْ مُسۡلِمِينَ
Open ayah 15:2Чи басо кофирон [ҳангоми рӯбарӯшавӣ бо азоби қиёмат] орзу кунанд, ки кош мусулмон буданд
ذَرۡهُمۡ يَأۡكُلُواْ وَيَتَمَتَّعُواْ وَيُلۡهِهِمُ ٱلۡأَمَلُۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ
Open ayah 15:3Бигузор бихӯранд ва [аз лаззатҳои дунё] баҳраманд бошанд ва орзуҳо [-и моддӣ] саргармашон созад, пас, ба зудӣ хоҳанд донист
وَمَآ أَهۡلَكۡنَا مِن قَرۡيَةٍ إِلَّا وَلَهَا كِتَابٞ مَّعۡلُومٞ
Open ayah 15:4Мо [сокинони] ҳеҷ [шаҳру] диёреро ҳалок накардем, магар ин ки [муҳлат ва] аҷале муайян доштанд
مَّا تَسۡبِقُ مِنۡ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسۡتَـٔۡخِرُونَ
Open ayah 15:5Ҳеҷ уммате аз аҷали [муқаррарии] худ на пешӣ мегирад ва на [аз он] ақиб мемонад
وَقَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِي نُزِّلَ عَلَيۡهِ ٱلذِّكۡرُ إِنَّكَ لَمَجۡنُونٞ
Open ayah 15:6[Кофирон] гуфтанд: «Эй касе, ки [иддао мекунӣ] Қуръон бар ту нозил шудааст, яқинан девонаӣ
لَّوۡ مَا تَأۡتِينَا بِٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Open ayah 15:7Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро наздамон намеоварӣ [то дар бораи паёмбариат гувоҳӣ диҳанд]»?
مَا نُنَزِّلُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَمَا كَانُوٓاْ إِذٗا مُّنظَرِينَ
Open ayah 15:8[Бояд бидонанд, ки] Мо фариштагонро ба ҳақ [ва фақат дар ҳангоми азоби кофирон] нозил мекунем ва [агар барои азобашон нозил шаванд] дигар муҳлате намеёбанд
إِنَّا نَحۡنُ نَزَّلۡنَا ٱلذِّكۡرَ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ
Open ayah 15:9Ба ростӣ, ки мо худ Қуръонро нозил кардем ва ҳатман, худ низ [аз ҳар гуна табдилу таҳрифе] нигаҳбонаш ҳастем
وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ فِي شِيَعِ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 15:10[Эй паёмбар] пеш аз ту низ [фиристодагони худро] миёни гурӯҳҳои пешин фиристодем
وَمَا يَأۡتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Open ayah 15:11Ҳеҷ паёмбаре наздашон намеомад, магар он ки масхарааш мекарданд
كَذَٰلِكَ نَسۡلُكُهُۥ فِي قُلُوبِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
Open ayah 15:12Инчунин он [такзиб ва тамасхур]-ро дар дилҳои гунаҳгорон [кофирон] роҳ медиҳем
لَا يُؤۡمِنُونَ بِهِۦ وَقَدۡ خَلَتۡ سُنَّةُ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 15:13Онон ба он [Қуръон] имон намеоваранд ва шеваи [Аллоҳ таоло дар муҷозоти] пешиниён [низ чунин] рафтааст [ки ононро бо азобе дарднок ҳалок намояд]
وَلَوۡ فَتَحۡنَا عَلَيۡهِم بَابٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ فَظَلُّواْ فِيهِ يَعۡرُجُونَ
Open ayah 15:14Ва [ҳатто] агар даре аз осмон ба рӯйи онон мекушодем, то пайваста дар он боло раванд [ва шигифтиҳои малакутро бубинанд]
لَقَالُوٓاْ إِنَّمَا سُكِّرَتۡ أَبۡصَٰرُنَا بَلۡ نَحۡنُ قَوۡمٞ مَّسۡحُورُونَ
Open ayah 15:15Яқинан, боз ҳам мегуфтанд: «Бе тардид, моро чашмбандӣ кардаанд, балки мо гурӯҳе ҷодушудаем»
وَلَقَدۡ جَعَلۡنَا فِي ٱلسَّمَآءِ بُرُوجٗا وَزَيَّنَّٰهَا لِلنَّٰظِرِينَ
Open ayah 15:16Ва ба ростӣ, мо дар осмон ситорагоне [бузургу дурахшон] қарор додем ва онҳоро барои тамошогарон оростем
وَحَفِظۡنَٰهَا مِن كُلِّ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٍ
Open ayah 15:17Ва онро аз [вуруду дастбурди] ҳар шайтони рондашуда ҳифз кардем
إِلَّا مَنِ ٱسۡتَرَقَ ٱلسَّمۡعَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٞ مُّبِينٞ
Open ayah 15:18Магар он ки [аз малакутиён] дуздона сухане бишнавад, ки [дар он сурат] шиҳобе равшан ӯро дунбол мекунад [ва месӯзонад]
وَٱلۡأَرۡضَ مَدَدۡنَٰهَا وَأَلۡقَيۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ وَأَنۢبَتۡنَا فِيهَا مِن كُلِّ شَيۡءٖ مَّوۡزُونٖ
Open ayah 15:19Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои устуворе афкандем ва аз ҳар гиёҳи санҷида [ва муносибе] дар он руёнидем
وَجَعَلۡنَا لَكُمۡ فِيهَا مَعَٰيِشَ وَمَن لَّسۡتُمۡ لَهُۥ بِرَٰزِقِينَ
Open ayah 15:20Ва дар он барои шумо ва барои касе, ки рӯзирасонаш нестед [соири мардум ва мавҷудоти зинда], асбоби зиндагӣ падид овардем
وَإِن مِّن شَيۡءٍ إِلَّا عِندَنَا خَزَآئِنُهُۥ وَمَا نُنَزِّلُهُۥٓ إِلَّا بِقَدَرٖ مَّعۡلُومٖ
Open ayah 15:21Ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки ганҷинаҳояш назди Мост ва Мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем
وَأَرۡسَلۡنَا ٱلرِّيَٰحَ لَوَٰقِحَ فَأَنزَلۡنَا مِنَ ٱلسَّمَآءِ مَآءٗ فَأَسۡقَيۡنَٰكُمُوهُ وَمَآ أَنتُمۡ لَهُۥ بِخَٰزِنِينَ
Open ayah 15:22Ва бодҳоро борваркунанда [-и абрҳо] фиристодем, сипас аз осмонҳо обе нозил кардем ва бо он серобатон сохтем, дар ҳоле ки шумо захиракунандааш нестед
وَإِنَّا لَنَحۡنُ نُحۡيِۦ وَنُمِيتُ وَنَحۡنُ ٱلۡوَٰرِثُونَ
Open ayah 15:23Ва яқинан, моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва Мо [бозмондаи ҷовиду] ворис [-и ҳамаи ҷаҳониён] ҳастем
وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَقۡدِمِينَ مِنكُمۡ وَلَقَدۡ عَلِمۡنَا ٱلۡمُسۡتَـٔۡخِرِينَ
Open ayah 15:24Ва бе тардид, [таваллуду марги] гузаштагони шуморо донистаем ва яқинан [таваллуду марги] ояндагонро [низ ба хубӣ] медонем
وَإِنَّ رَبَّكَ هُوَ يَحۡشُرُهُمۡۚ إِنَّهُۥ حَكِيمٌ عَلِيمٞ
Open ayah 15:25Ва [эй паёмбар] бе гумон, Парвардигорат [ҳамаи] ононро [дар қиёмат] маҳшур мекунад. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакиму доност
وَلَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ
Open ayah 15:26Ва дар ҳақиқат, Мо [нахустин] инсон [Одам]-ро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бадбӯ офаридем
وَٱلۡجَآنَّ خَلَقۡنَٰهُ مِن قَبۡلُ مِن نَّارِ ٱلسَّمُومِ
Open ayah 15:27Ва пеш аз он ҷинро аз оташе сӯзон офаридем
وَإِذۡ قَالَ رَبُّكَ لِلۡمَلَٰٓئِكَةِ إِنِّي خَٰلِقُۢ بَشَرٗا مِّن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ
Open ayah 15:28Ва [ёд кун] аз ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман башареро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бадбӯ хоҳем офарид
فَإِذَا سَوَّيۡتُهُۥ وَنَفَخۡتُ فِيهِ مِن رُّوحِي فَقَعُواْ لَهُۥ سَٰجِدِينَ
Open ayah 15:29Пас, чун [ӯро офаридем ва] ба ӯ сомон додем ва аз рӯҳи хеш дар вай дамидем, [ба нишонаи итоат аз фармони Ман ҳамагӣ] бар ӯ саҷда кунед»
فَسَجَدَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ كُلُّهُمۡ أَجۡمَعُونَ
Open ayah 15:30Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
إِلَّآ إِبۡلِيسَ أَبَىٰٓ أَن يَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ
Open ayah 15:31Магар Иблис, ки аз он ки бо саҷдакунандагон бошад, сарпечӣ кард
قَالَ يَٰٓإِبۡلِيسُ مَا لَكَ أَلَّا تَكُونَ مَعَ ٱلسَّٰجِدِينَ
Open ayah 15:32[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Эй Иблис, чаро ту бо саҷдакунандагон [ҳамроҳ] нестӣ»?
قَالَ لَمۡ أَكُن لِّأَسۡجُدَ لِبَشَرٍ خَلَقۡتَهُۥ مِن صَلۡصَٰلٖ مِّنۡ حَمَإٖ مَّسۡنُونٖ
Open ayah 15:33[Иблис] гуфт: «Ман он нестам, ки барои башаре, ки ӯро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бадбӯ офаридаӣ саҷда кунам»
قَالَ فَٱخۡرُجۡ مِنۡهَا فَإِنَّكَ رَجِيمٞ
Open ayah 15:34[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Аз он ҷо [биҳишт] берун шав, [ки] бе тардид, ту [аз боргоҳи Мо] рондашудаӣ
وَإِنَّ عَلَيۡكَ ٱللَّعۡنَةَ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلدِّينِ
Open ayah 15:35Ва яқинан, то рӯзи қиёмат бар ту лаънат хоҳад буд»
قَالَ رَبِّ فَأَنظِرۡنِيٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ
Open ayah 15:36[Иблис] Гуфт: «Парвардигоро, то рӯзе, ки [мардум] барангехта мешаванд, ба ман муҳлат бидеҳ [ва намирон]»
قَالَ فَإِنَّكَ مِنَ ٱلۡمُنظَرِينَ
Open ayah 15:37[Аллоҳ таоло] Фармуд: «[Бирав, ки] Яқинан, ту аз муҳлатёфтагонӣ
إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡوَقۡتِ ٱلۡمَعۡلُومِ
Open ayah 15:38То рӯзи он вақти маълум [ки тамоми махлуқот бо нафхаи нахуст мемиранд]»
قَالَ رَبِّ بِمَآ أَغۡوَيۡتَنِي لَأُزَيِّنَنَّ لَهُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلَأُغۡوِيَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 15:39[Ӯ] Гуфт: «Парвардигоро, ба сабаби он ки маро гумроҳ сохтӣ, дар замин [бадиҳоро] дар назарашон нек ҷилва медиҳам ва ҳамаи ононро ба гумроҳӣ мекашонам
إِلَّا عِبَادَكَ مِنۡهُمُ ٱلۡمُخۡلَصِينَ
Open ayah 15:40Магар бандагони холиси Ту аз [миёни] онон [ки ҳидояташон кардаӣ]»
قَالَ هَٰذَا صِرَٰطٌ عَلَيَّ مُسۡتَقِيمٌ
Open ayah 15:41[Аллоҳ таоло] Фармуд: «Ин [ихлос] роҳи мустақимест [ки ба Ман мерасад]
إِنَّ عِبَادِي لَيۡسَ لَكَ عَلَيۡهِمۡ سُلۡطَٰنٌ إِلَّا مَنِ ٱتَّبَعَكَ مِنَ ٱلۡغَاوِينَ
Open ayah 15:42Яқинан, ту бар бандагонам тасаллуте надорӣ, магар [бар он мушрикон ва] гумроҳоне, ки аз ту пайравӣ мекунанд
وَإِنَّ جَهَنَّمَ لَمَوۡعِدُهُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 15:43Ва бе тардид, дузах ваъдагоҳи ҳамаи онон аст
لَهَا سَبۡعَةُ أَبۡوَٰبٖ لِّكُلِّ بَابٖ مِّنۡهُمۡ جُزۡءٞ مَّقۡسُومٌ
Open ayah 15:44[Дузах] Ҳафт дар дорад [ва] барои ҳар даре гурӯҳе аз онон тақсим [ва мушаххас] шудаанд»
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي جَنَّٰتٖ وَعُيُونٍ
Open ayah 15:45Яқинан, парҳезгорон дар боғҳо [-и биҳишт] ва дар [канори] чашмаҳо ҳастанд
ٱدۡخُلُوهَا بِسَلَٰمٍ ءَامِنِينَ
Open ayah 15:46Ҳангоми вуруд ба онон гуфта мешавад] «Ба саломат ва эминӣ ба он [боғҳо] ворид шавед»
وَنَزَعۡنَا مَا فِي صُدُورِهِم مِّنۡ غِلٍّ إِخۡوَٰنًا عَلَىٰ سُرُرٖ مُّتَقَٰبِلِينَ
Open ayah 15:47Он чи дар дилҳояшон аз кина [ва ҳасад] аст, бармеканем, бародарона бар тахтҳо муқобили якдигаранд
لَا يَمَسُّهُمۡ فِيهَا نَصَبٞ وَمَا هُم مِّنۡهَا بِمُخۡرَجِينَ
Open ayah 15:48Дар он ҷо на ранҷе ба онон мерасад ва на аз он ҷо берун ронда мешаванд
۞نَبِّئۡ عِبَادِيٓ أَنِّيٓ أَنَا ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 15:49[Эй паёмбар] Ба бандагонам хабар бидеҳ, ки ман омурзандаи меҳрубонам
وَأَنَّ عَذَابِي هُوَ ٱلۡعَذَابُ ٱلۡأَلِيمُ
Open ayah 15:50Ва ин ки азоби ман азобе дарднок аст
وَنَبِّئۡهُمۡ عَن ضَيۡفِ إِبۡرَٰهِيمَ
Open ayah 15:51Ва аз меҳмонони Иброҳим [низ] ба онон хабар бидеҳ
إِذۡ دَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَقَالُواْ سَلَٰمٗا قَالَ إِنَّا مِنكُمۡ وَجِلُونَ
Open ayah 15:52Ҳангоме ки бар ӯ ворид шуданд, салом гуфтанд, [аммо чун даст ба ғизо набурданд, Иброҳим] гуфт: «Мо аз шумо ҳаросонем»
قَالُواْ لَا تَوۡجَلۡ إِنَّا نُبَشِّرُكَ بِغُلَٰمٍ عَلِيمٖ
Open ayah 15:53Онон гуфтанд: «Натарс, мо туро ба писаре доно мужда медиҳем»
قَالَ أَبَشَّرۡتُمُونِي عَلَىٰٓ أَن مَّسَّنِيَ ٱلۡكِبَرُ فَبِمَ تُبَشِّرُونَ
Open ayah 15:54[Иброҳим] Гуфт: «Оё бо ин ки солхӯрда шудаам, мужда [-и таваллуди фарзанд] ба ман медиҳед? Ба чи [далел инчунин] башорат медиҳед»?
قَالُواْ بَشَّرۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ فَلَا تَكُن مِّنَ ٱلۡقَٰنِطِينَ
Open ayah 15:55Онон гуфтанд: «Мо туро ба дурустӣ башорат додем, пас, ноумед набош»
قَالَ وَمَن يَقۡنَطُ مِن رَّحۡمَةِ رَبِّهِۦٓ إِلَّا ٱلضَّآلُّونَ
Open ayah 15:56[Иброҳим] Гуфт: «Ва ҷуз гумроҳон чи касе аз раҳмати Парвардигораш ноумед мегардад»?
قَالَ فَمَا خَطۡبُكُمۡ أَيُّهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ
Open ayah 15:57[Он гоҳ ба фариштагон] гуфт: «Эй фиристодагон, кор [-у маъмурият]-и шумо чист»?
قَالُوٓاْ إِنَّآ أُرۡسِلۡنَآ إِلَىٰ قَوۡمٖ مُّجۡرِمِينَ
Open ayah 15:58Онон гуфтанд: «Дар ҳақиқат, мо ба сӯйи қавми гунаҳгор [-и Лут] фиристода шудаем [то ҳалокашон кунем]
إِلَّآ ءَالَ لُوطٍ إِنَّا لَمُنَجُّوهُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 15:59Ба ҷуз хонаводаи Лут, ки мо яқинан, ҳамаи ононро наҷот хоҳем дод
إِلَّا ٱمۡرَأَتَهُۥ قَدَّرۡنَآ إِنَّهَا لَمِنَ ٱلۡغَٰبِرِينَ
Open ayah 15:60Магар ҳамсараш, ки муқаддар кардаем, ки аз бозмондагон [дар азоб] бошад»
فَلَمَّا جَآءَ ءَالَ لُوطٍ ٱلۡمُرۡسَلُونَ
Open ayah 15:61Пас, ҳангоме ки фариштагон [-и Аллоҳ таоло ба шакли инсон] назди хонадони Лут омаданд
قَالَ إِنَّكُمۡ قَوۡمٞ مُّنكَرُونَ
Open ayah 15:62[Ӯ] Гуфт: «Шумо гурӯҳе ношинос ҳастед»
قَالُواْ بَلۡ جِئۡنَٰكَ بِمَا كَانُواْ فِيهِ يَمۡتَرُونَ
Open ayah 15:63[Фариштагон] Гуфтанд: «Балки мо ҳамон чизеро бароят овардаем, ки [ин мардуми гунаҳгор] дар борааш тардид мекарданд [нузули азоб]
وَأَتَيۡنَٰكَ بِٱلۡحَقِّ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ
Open ayah 15:64Ва мо бароят [хабари ҳақиқӣ ва] рост овардаем ва ҳатман, мо ростгӯем
فَأَسۡرِ بِأَهۡلِكَ بِقِطۡعٖ مِّنَ ٱلَّيۡلِ وَٱتَّبِعۡ أَدۡبَٰرَهُمۡ وَلَا يَلۡتَفِتۡ مِنكُمۡ أَحَدٞ وَٱمۡضُواْ حَيۡثُ تُؤۡمَرُونَ
Open ayah 15:65Пас, посе аз шаб [ки гузашт] хонаводаатро бо худ [аз ин ҷо] бибар ва [худат] ба дунболашон бирав ва ҳеҷ як аз шумо пушти сарашро нигоҳ накунад ва ба ҷойе, ки ба шумо фармон медиҳанд, биравед»
وَقَضَيۡنَآ إِلَيۡهِ ذَٰلِكَ ٱلۡأَمۡرَ أَنَّ دَابِرَ هَٰٓؤُلَآءِ مَقۡطُوعٞ مُّصۡبِحِينَ
Open ayah 15:66Ва Мо ӯ [Лут]-ро аз ин амр огоҳ кардем, ки субҳгоҳон решаи онон канда хоҳад шуд
وَجَآءَ أَهۡلُ ٱلۡمَدِينَةِ يَسۡتَبۡشِرُونَ
Open ayah 15:67Ва аҳли шаҳр, дар ҳоле ки [дар бораи омадани афроди ҷадид] бо шодӣ [ба якдигар] хабар медоданд, [ба сӯйи хонаи Лут] омаданд
قَالَ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ ضَيۡفِي فَلَا تَفۡضَحُونِ
Open ayah 15:68[Лут] Гуфт: «Инҳо меҳмонони ман ҳастанд, пас, маро расво [ва шармандаи меҳмононам] накунед
وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَلَا تُخۡزُونِ
Open ayah 15:69Ва аз Аллоҳ таоло битарсед ва саршикастаам насозед»
قَالُوٓاْ أَوَلَمۡ نَنۡهَكَ عَنِ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 15:70[Онон] Гуфтанд: «Магар мо туро аз [мизбонии] афроди [ғариб] наҳй накардем»?
قَالَ هَٰٓؤُلَآءِ بَنَاتِيٓ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ
Open ayah 15:71[Лут] Гуфт: «Агар мехоҳед, [коре ҳалол] анҷом диҳед, инҳо духтарони [уммати] ман ҳастанд [бо эшон издивоҷ кунед]»
لَعَمۡرُكَ إِنَّهُمۡ لَفِي سَكۡرَتِهِمۡ يَعۡمَهُونَ
Open ayah 15:72Савганд ба ҷони ту [эй паёмбар], ки онон дар мастии хеш саргашта буданд
فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ مُشۡرِقِينَ
Open ayah 15:73Пас, ҳангоми баромадани офтоб бонги [маргбор] ононро фаро гирифт
فَجَعَلۡنَا عَٰلِيَهَا سَافِلَهَا وَأَمۡطَرۡنَا عَلَيۡهِمۡ حِجَارَةٗ مِّن سِجِّيلٍ
Open ayah 15:74Он гоҳ он [сарзамин]-ро зерурӯ кардем ва бар онон санггилҳое паёпай боридем
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَٰتٖ لِّلۡمُتَوَسِّمِينَ
Open ayah 15:75Ба яқин, дар ин [кайфар] барои ҳушёрон ибратҳост
وَإِنَّهَا لَبِسَبِيلٖ مُّقِيمٍ
Open ayah 15:76Ва он [шаҳрҳои вайрона ҳанӯз] бар сари роҳи [мусофирон] побарҷост.
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَأٓيَةٗ لِّلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 15:77Яқинан, дар ин [азоб] нишонаҳое барои [ибрат гирифтани] муъминон аст
وَإِن كَانَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡأَيۡكَةِ لَظَٰلِمِينَ
Open ayah 15:78Ва асҳоби Айка [қавми Шуайб], ҳатман, ситамгор буданд
فَٱنتَقَمۡنَا مِنۡهُمۡ وَإِنَّهُمَا لَبِإِمَامٖ مُّبِينٖ
Open ayah 15:79Пас, [Мо] аз онон интиқом гирифтем ва [шаҳрҳои вайроншудаи] ин ду [қавм] бар сари роҳ ошкор аст
وَلَقَدۡ كَذَّبَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡحِجۡرِ ٱلۡمُرۡسَلِينَ
Open ayah 15:80Ва бе тардид, аҳли Ҳиҷр [қавми Самуд] паёмбаронро дурӯғгӯ ангоштанд
وَءَاتَيۡنَٰهُمۡ ءَايَٰتِنَا فَكَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ
Open ayah 15:81Ва [Мо муъҷизот ва] нишонаҳои худро ба онон додем, ва [-ле] аз онҳо рӯйгардон шуданд
وَكَانُواْ يَنۡحِتُونَ مِنَ ٱلۡجِبَالِ بُيُوتًا ءَامِنِينَ
Open ayah 15:82Ва аз кӯҳҳо хонаҳое [барои худ] метарошиданд, ки дар амон бимонанд
فَأَخَذَتۡهُمُ ٱلصَّيۡحَةُ مُصۡبِحِينَ
Open ayah 15:83Пас, субҳгоҳон бонг [-и маргбор] ононро фаро гирифт
فَمَآ أَغۡنَىٰ عَنۡهُم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ
Open ayah 15:84Ва он чи [аз амволу хонаҳои маҳкам] ба даст оварда буданд, суде ба ҳолашон надошт [ва азоби илоҳиро дафъ накард]
وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّۗ وَإِنَّ ٱلسَّاعَةَ لَأٓتِيَةٞۖ فَٱصۡفَحِ ٱلصَّفۡحَ ٱلۡجَمِيلَ
Open ayah 15:85Ва Мо осмонҳо ва замин ва он чиро, ки миёни онҳост, ҷуз ба ҳақ наофаридаем ва қиёмат ҳатман, омаданӣ аст, пас, [эй паёмбар аз кофирон] ба накуӣ гузашт кун.
إِنَّ رَبَّكَ هُوَ ٱلۡخَلَّٰقُ ٱلۡعَلِيمُ
Open ayah 15:86Бе тардид, Парвардигорат ҳамон офаринишгари доност.
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَٰكَ سَبۡعٗا مِّنَ ٱلۡمَثَانِي وَٱلۡقُرۡءَانَ ٱلۡعَظِيمَ
Open ayah 15:87Ва ба ростӣ, Мо ба ту [сабъу-л-масонӣ» [сураи Фотиҳа] ва Қуръони бузургро додем
لَا تَمُدَّنَّ عَيۡنَيۡكَ إِلَىٰ مَا مَتَّعۡنَا بِهِۦٓ أَزۡوَٰجٗا مِّنۡهُمۡ وَلَا تَحۡزَنۡ عَلَيۡهِمۡ وَٱخۡفِضۡ جَنَاحَكَ لِلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 15:88[Бинобар ин] Ҳаргиз ба он чи [аз неъматҳои дунявие], ки гурӯҳҳое аз онон [кофирон]-ро баҳраманд кардаем, чашм надӯз ва ба хотири [носипосӣ ва ширки] онон андуҳгин мабош ва бо муъминон фурӯтанӣ кун
وَقُلۡ إِنِّيٓ أَنَا ٱلنَّذِيرُ ٱلۡمُبِينُ
Open ayah 15:89Ва бигӯ: «Ба ростӣ, ки ман ҳамон бимдиҳандаи ошкорам»
كَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَى ٱلۡمُقۡتَسِمِينَ
Open ayah 15:90[Ва ононро аз азоб битарсон] Ҳамон гуна ки [онро] бар тақсимкунандагон [-и оёти илоҳӣ] фиристодем
ٱلَّذِينَ جَعَلُواْ ٱلۡقُرۡءَانَ عِضِينَ
Open ayah 15:91Ҳамон касоне, ки Қуръонро [ба] бахшҳо [-е ҳамчун шеъру пешгӯӣ ва ҷоду тақсим] карданд
فَوَرَبِّكَ لَنَسۡـَٔلَنَّهُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 15:92Пас, савганд ба Парвардигорат, ҳатман, [дар қиёмат] аз ҳамаи онон суол хоҳем кард
عَمَّا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 15:93Аз он чи мекарданд
فَٱصۡدَعۡ بِمَا تُؤۡمَرُ وَأَعۡرِضۡ عَنِ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
Open ayah 15:94Пас, [эй паёмбар] он чи [-ро, ки аз сӯйи Аллоҳ таоло] дастур ёфтаӣ, ошкор кун ва аз мушрикон рӯ бигардон
إِنَّا كَفَيۡنَٰكَ ٱلۡمُسۡتَهۡزِءِينَ
Open ayah 15:95Бе тардид, Мо [шарри] масхаракунандагонро аз ту дур мекунем
ٱلَّذِينَ يَجۡعَلُونَ مَعَ ٱللَّهِ إِلَٰهًا ءَاخَرَۚ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ
Open ayah 15:96Онон, ки [барои худ] бо Аллоҳ таоло маъбуди дигаре қарор медиҳанд, пас, ба зудӣ [натиҷаи ширки хешро] хоҳанд донист
وَلَقَدۡ نَعۡلَمُ أَنَّكَ يَضِيقُ صَدۡرُكَ بِمَا يَقُولُونَ
Open ayah 15:97Ва [эй паёмбар] яқинан, Мо медонем, ки ту аз он чи онон [кофирон] мегӯянд, озурдахотир мегардӣ
فَسَبِّحۡ بِحَمۡدِ رَبِّكَ وَكُن مِّنَ ٱلسَّٰجِدِينَ
Open ayah 15:98Пас, ба ситоиши Парвардигорат тасбеҳ бигӯ ва аз саҷдакунандагон бош
وَٱعۡبُدۡ رَبَّكَ حَتَّىٰ يَأۡتِيَكَ ٱلۡيَقِينُ
Open ayah 15:99Ва то ҳангоме ки маргат фаро мерасад, Парвардигоратро парастиш кун