الأنبياء
Al-Anbiyaa
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
ٱقۡتَرَبَ لِلنَّاسِ حِسَابُهُمۡ وَهُمۡ فِي غَفۡلَةٖ مُّعۡرِضُونَ
Open ayah 21:1Замони ҳисоби мардум наздик шудааст ва онон дар ноогоҳӣ [аз бозхости охират] рӯй гардонанд
مَا يَأۡتِيهِم مِّن ذِكۡرٖ مِّن رَّبِّهِم مُّحۡدَثٍ إِلَّا ٱسۡتَمَعُوهُ وَهُمۡ يَلۡعَبُونَ
Open ayah 21:2Ҳеҷ панди тозае аз Парвардигорашон барои онон намеояд, магар он ки бозикунон ба он гӯш медиҳанд
لَاهِيَةٗ قُلُوبُهُمۡۗ وَأَسَرُّواْ ٱلنَّجۡوَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ هَلۡ هَٰذَآ إِلَّا بَشَرٞ مِّثۡلُكُمۡۖ أَفَتَأۡتُونَ ٱلسِّحۡرَ وَأَنتُمۡ تُبۡصِرُونَ
Open ayah 21:3[Паёми илоҳиро дар ҳоле мешунаванд, ки] дилҳояшон ғофил аст ва касоне, ки [кофир ва] ситамгор буданд, наҷвоҳояшонро пинҳон карданд [ва гуфтанд]: «Оё ин [муддаии паёмбарӣ] ҷуз башаре ҳамчун шумост? Оё дар ҳоле ки [ҳақиқатро] мебинед, ба ҷоду рӯй меоваред?»
قَالَ رَبِّي يَعۡلَمُ ٱلۡقَوۡلَ فِي ٱلسَّمَآءِ وَٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
Open ayah 21:4[Паёмбар] гуфт: «Парвардигорам ҳар суханеро, ки дар осмон ва замин бошад медонад ва Ӯ шунавову доност»
بَلۡ قَالُوٓاْ أَضۡغَٰثُ أَحۡلَٰمِۭ بَلِ ٱفۡتَرَىٰهُ بَلۡ هُوَ شَاعِرٞ فَلۡيَأۡتِنَا بِـَٔايَةٖ كَمَآ أُرۡسِلَ ٱلۡأَوَّلُونَ
Open ayah 21:5Балки [кофирон дар ситез бо Қуръон] гуфтанд: «[Он чи Муҳаммад мегӯяд] хобҳое ошуфта аст, балки онро ба дурӯғ [ба Аллоҳ таоло] нисбат медиҳад. [На] Балки ӯ шоир аст. Пас, [агар рост мегӯяд] бароямон муъҷизае биёварад, чунон ки паёмбарони пешин [низ бо муъҷизот] фиристода шуданд»
مَآ ءَامَنَتۡ قَبۡلَهُم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَآۖ أَفَهُمۡ يُؤۡمِنُونَ
Open ayah 21:6Пеш аз онон [низ сокинони ҳар] шаҳре, ки нобудаш мекардем, [ба оёт ва муъҷизоти Мо] имон наоварда буданд. Пас, оё [инҳо] имон меоваранд?
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا قَبۡلَكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِمۡۖ فَسۡـَٔلُوٓاْ أَهۡلَ ٱلذِّكۡرِ إِن كُنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 21:7Ва [эй паёмбар] пеш аз ту ҷуз мардоне, ки ба онон ваҳй мекардем [барои ҳидояти мардум] нафиристодем, пас, [эй кофирон] агар намедонед, аз аҳли китоб бипурсед
وَمَا جَعَلۡنَٰهُمۡ جَسَدٗا لَّا يَأۡكُلُونَ ٱلطَّعَامَ وَمَا كَانُواْ خَٰلِدِينَ
Open ayah 21:8Ва [мо] ононро пайкарҳое, ки ғизо нахӯранд, қарор надодем ва [дар дунё низ] ҷовидон набуданд
ثُمَّ صَدَقۡنَٰهُمُ ٱلۡوَعۡدَ فَأَنجَيۡنَٰهُمۡ وَمَن نَّشَآءُ وَأَهۡلَكۡنَا ٱلۡمُسۡرِفِينَ
Open ayah 21:9Сипас ваъдаеро, ки [дар бораи пирӯзӣ ва наҷот] ба онон дода будем, таҳаққуқ бахшидем ва ононро ба ҳамроҳи ҳар ки хостем, наҷот додем ва исрофкорон [-и кофир]-ро нобуд кардем
لَقَدۡ أَنزَلۡنَآ إِلَيۡكُمۡ كِتَٰبٗا فِيهِ ذِكۡرُكُمۡۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Open ayah 21:10Бе тардид, китобе ба сӯятон нозил кардем, ки иззат [-у шарафи дунё ва охират]-и шумо дар он аст. Оё намеандешед?
وَكَمۡ قَصَمۡنَا مِن قَرۡيَةٖ كَانَتۡ ظَالِمَةٗ وَأَنشَأۡنَا بَعۡدَهَا قَوۡمًا ءَاخَرِينَ
Open ayah 21:11Чи бисёр шаҳрҳоеро, ки [сокинонаш] ситамгор буданд, дар ҳам шикастем ва пас аз онон гурӯҳе дигар падид овардем
فَلَمَّآ أَحَسُّواْ بَأۡسَنَآ إِذَا هُم مِّنۡهَا يَرۡكُضُونَ
Open ayah 21:12Пас, чун азоби Моро эҳсос мекарданд [ва ба чашм медиданд], ногоҳ аз он ҷо мегурехтанд
لَا تَرۡكُضُواْ وَٱرۡجِعُوٓاْ إِلَىٰ مَآ أُتۡرِفۡتُمۡ فِيهِ وَمَسَٰكِنِكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُسۡـَٔلُونَ
Open ayah 21:13[Ба тамасхур гуфтем] «Фирор накунед. Ба сӯйи хонаҳоятон ва неъматҳое, ки дар он осуда будед, бозгардед. Бошад, ки [фақат дар бораи умури дунявӣ] бозхост шавед»
قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Open ayah 21:14гуфтанд: «Вой бар мо [, ки] ҳатман ситамгор будаем!»
فَمَا زَالَت تِّلۡكَ دَعۡوَىٰهُمۡ حَتَّىٰ جَعَلۡنَٰهُمۡ حَصِيدًا خَٰمِدِينَ
Open ayah 21:15Пас, гуфторашон пайваста ҳамин буд, то он ки ононро [чун гиёҳе] даравшуда [ва] беҷон сохтем
وَمَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَآءَ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَا لَٰعِبِينَ
Open ayah 21:16Ва Мо осмону замин ва он чиро, ки миёни онҳост ба бозича наёфаридаем
لَوۡ أَرَدۡنَآ أَن نَّتَّخِذَ لَهۡوٗا لَّٱتَّخَذۡنَٰهُ مِن لَّدُنَّآ إِن كُنَّا فَٰعِلِينَ
Open ayah 21:17Агар [ба фарз] мехостем, ки саргармие [монанди фарзанд ё ҳамсуҳбат барои худ] баргузинем, онро [на аз бутҳои шумо, балки] аз назди хеш бармегузидем
بَلۡ نَقۡذِفُ بِٱلۡحَقِّ عَلَى ٱلۡبَٰطِلِ فَيَدۡمَغُهُۥ فَإِذَا هُوَ زَاهِقٞۚ وَلَكُمُ ٱلۡوَيۡلُ مِمَّا تَصِفُونَ
Open ayah 21:18Балки Мо ҳақро бар ботил меафканем, пас, онро дар ҳам мешиканад ва ногоҳ он [ботил] нобуд мешавад ва [эй кофирон] вой бар шумо аз он чи тавсиф мекунед!
وَلَهُۥ مَن فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِۚ وَمَنۡ عِندَهُۥ لَا يَسۡتَكۡبِرُونَ عَنۡ عِبَادَتِهِۦ وَلَا يَسۡتَحۡسِرُونَ
Open ayah 21:19Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Ӯст ва онон, ки назди Ӯ ҳастанд [фариштагон] аз ибодаташ саркашӣ намекунанд ва хаста намешаванд
يُسَبِّحُونَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ لَا يَفۡتُرُونَ
Open ayah 21:20Онон шабу рӯз [илоҳро] ба покӣ меситоянд ва сустӣ намеварзанд
أَمِ ٱتَّخَذُوٓاْ ءَالِهَةٗ مِّنَ ٱلۡأَرۡضِ هُمۡ يُنشِرُونَ
Open ayah 21:21Оё [ин мушрикон] маъбудоне аз замин баргузидаанд, ки [мурдагонро] зинда мекунанд?
لَوۡ كَانَ فِيهِمَآ ءَالِهَةٌ إِلَّا ٱللَّهُ لَفَسَدَتَاۚ فَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ رَبِّ ٱلۡعَرۡشِ عَمَّا يَصِفُونَ
Open ayah 21:22Агар дар осмон ва замин маъбудоне ба ҷуз Аллоҳ таоло вуҷуд дошт, [дар асари носозгории онҳо] ҳатман, ҳар ду табоҳ мешуданд. Пас, Аллоҳ таоло – Парвардигори Арш – аз тавсифе, ки [мушрикон] мекунанд, поку муназзаҳ аст
لَا يُسۡـَٔلُ عَمَّا يَفۡعَلُ وَهُمۡ يُسۡـَٔلُونَ
Open ayah 21:23Ӯ ба хотири он чи мекунад, бозхост намешавад, вале онон [дар баробари рафторашон] масъуланд
أَمِ ٱتَّخَذُواْ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةٗۖ قُلۡ هَاتُواْ بُرۡهَٰنَكُمۡۖ هَٰذَا ذِكۡرُ مَن مَّعِيَ وَذِكۡرُ مَن قَبۡلِيۚ بَلۡ أَكۡثَرُهُمۡ لَا يَعۡلَمُونَ ٱلۡحَقَّۖ فَهُم مُّعۡرِضُونَ
Open ayah 21:24Оё [мушрикон] ба ҷуз Ӯ маъбудоне баргузидаанд? [Ба онон] Бигӯ: «Далелатонро биёваред. Ин [Қуръон] китобест, ки ҳамроҳи ман аст ва [инҳо низ] китобҳоест [мутааллиқ ба паёмбароне], ки пеш аз ман буданд [ва дар ҳеҷ кадом далеле бар ҳаққонияти шумо вуҷуд надорад]», балки бештарашон ҳақро намедонанд ва [аз он] рӯйгардонанд
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِيٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنَا۠ فَٱعۡبُدُونِ
Open ayah 21:25Ва Мо пеш аз ту ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй кардем, ки [ба мардум бигӯяд]: «Маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ман нест, пас, танҳо Маро бипарастед»
وَقَالُواْ ٱتَّخَذَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَلَدٗاۗ سُبۡحَٰنَهُۥۚ بَلۡ عِبَادٞ مُّكۡرَمُونَ
Open ayah 21:26[Мушрикон бо ин тасаввур, ки фариштагон духтарони Аллоҳ таоло ҳастанд] гуфтанд: «[Аллоҳи] Раҳмон фарзанде [барои хеш] баргузидааст». Ӯ муназзаҳ аст [чунин нест, ки мепиндоранд], балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд
لَا يَسۡبِقُونَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ وَهُم بِأَمۡرِهِۦ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 21:27Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегузинад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд
يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡ وَلَا يَشۡفَعُونَ إِلَّا لِمَنِ ٱرۡتَضَىٰ وَهُم مِّنۡ خَشۡيَتِهِۦ مُشۡفِقُونَ
Open ayah 21:28[Аллоҳ таоло] Гузашта ва ояндаи ононро медонад ва эшон ҷуз барои касе, ки Ӯ писандад, шафоат намекунанд ва худ аз бими Ӯ ҳаросонанд
۞وَمَن يَقُلۡ مِنۡهُمۡ إِنِّيٓ إِلَٰهٞ مِّن دُونِهِۦ فَذَٰلِكَ نَجۡزِيهِ جَهَنَّمَۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّٰلِمِينَ
Open ayah 21:29Ва ҳар касе аз онон бигӯяд: «Ба ҷуз ӯ ман [низ] маъбуд ҳастам», пас, вайро ба дузах кайфар медиҳем. [Оре] Ситамгоронро чунин кайфар медиҳем
أَوَلَمۡ يَرَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ أَنَّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ كَانَتَا رَتۡقٗا فَفَتَقۡنَٰهُمَاۖ وَجَعَلۡنَا مِنَ ٱلۡمَآءِ كُلَّ شَيۡءٍ حَيٍّۚ أَفَلَا يُؤۡمِنُونَ
Open ayah 21:30Оё касоне, ки куфр варзиданд, надиданд, ки [дарҳои неъмати] осмонҳо ва замин баста буд [на бороне меборид ва на гиёҳе мерӯид], пас, он дуро боз кардем ва ҳар чизи зиндаеро аз об падид овардем? Пас, оё имон намеоваранд?
وَجَعَلۡنَا فِي ٱلۡأَرۡضِ رَوَٰسِيَ أَن تَمِيدَ بِهِمۡ وَجَعَلۡنَا فِيهَا فِجَاجٗا سُبُلٗا لَّعَلَّهُمۡ يَهۡتَدُونَ
Open ayah 21:31Ва дар замин кӯҳҳое устувор ниҳодем, то мабодо ононро биларзонад ва дар он роҳҳое [васеъ] падид овардем, бошад, ки [дар сафарҳояшон ба мақсад] роҳ ёбанд
وَجَعَلۡنَا ٱلسَّمَآءَ سَقۡفٗا مَّحۡفُوظٗاۖ وَهُمۡ عَنۡ ءَايَٰتِهَا مُعۡرِضُونَ
Open ayah 21:32Ва осмонро сақфе маҳфуз қарор додем ва онон [мушрикон] аз [тафаккур дар] нишонаҳояш рӯйгардонанд
وَهُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلَّيۡلَ وَٱلنَّهَارَ وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَۖ كُلّٞ فِي فَلَكٖ يَسۡبَحُونَ
Open ayah 21:33Ӯст, ки шабу рӯз ва хуршеду моҳро офарид [ва чунон муназзам сохт, ки] ҳар як [аз инҳо] дар мадоре [муайян] шиноваранд
وَمَا جَعَلۡنَا لِبَشَرٖ مِّن قَبۡلِكَ ٱلۡخُلۡدَۖ أَفَإِيْن مِّتَّ فَهُمُ ٱلۡخَٰلِدُونَ
Open ayah 21:34[Эй паёмбар] Мо пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ қарор надодем. Оё агар ту бимирӣ, онон ҷовидонанд?
كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَنَبۡلُوكُم بِٱلشَّرِّ وَٱلۡخَيۡرِ فِتۡنَةٗۖ وَإِلَيۡنَا تُرۡجَعُونَ
Open ayah 21:35Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва [эй мардум] шуморо бо бадӣ ва некӣ меозмоем ва [саранҷом] ба сӯйи Мо бозгарданда мешавед
وَإِذَا رَءَاكَ ٱلَّذِينَ كَفَرُوٓاْ إِن يَتَّخِذُونَكَ إِلَّا هُزُوًا أَهَٰذَا ٱلَّذِي يَذۡكُرُ ءَالِهَتَكُمۡ وَهُم بِذِكۡرِ ٱلرَّحۡمَٰنِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
Open ayah 21:36Касоне, ки куфр варзиданд, ҳар гоҳ ки туро мебинанд, фақат ба масхараат мегиранд [ва мегӯянд]: «Оё ин ҳамон касест, ки аз маъбудонатон [ба бадӣ] ёд мекунад»? Ва ҳол он ки онон худ ёди [Аллоҳи] Раҳмонро инкор мекунанд
خُلِقَ ٱلۡإِنسَٰنُ مِنۡ عَجَلٖۚ سَأُوْرِيكُمۡ ءَايَٰتِي فَلَا تَسۡتَعۡجِلُونِ
Open ayah 21:37Инсон [зотан] шитобкор офарида шудааст [ва ҳама чизро пеш аз замони муқаррараш мехоҳад]. Ба зудӣ нишонаҳо [-и азоб]-и хешро нишонатон хоҳем дод, пас, [нузули азобро] ба шитоб нахоҳед
وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ
Open ayah 21:38[Кофирон] мегӯянд: «Агар ростгӯед, ин ваъда [қиёмат] кай хоҳад буд?»
لَوۡ يَعۡلَمُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ حِينَ لَا يَكُفُّونَ عَن وُجُوهِهِمُ ٱلنَّارَ وَلَا عَن ظُهُورِهِمۡ وَلَا هُمۡ يُنصَرُونَ
Open ayah 21:39Касоне, ки куфр варзиданд, агар медонистанд замоне, ки [ба дузах меафтанд] наметавонанд [шуълаҳои] оташро аз чеҳраҳо ва пуштҳояшон боздоранд ва [аз сӯйи ҳеҷ кас] ёрӣ намешаванд [ҳаргиз ин гуна шитобон азобро намехостанд]
بَلۡ تَأۡتِيهِم بَغۡتَةٗ فَتَبۡهَتُهُمۡ فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ رَدَّهَا وَلَا هُمۡ يُنظَرُونَ
Open ayah 21:40Балки [оташ чунон] ногаҳонӣ ба онон мерасад ва эшонро [чунон саргашта ва] мабҳут мекунад, ки на метавонанд онро [аз худ] дафъ кунанд ва на муҳлати [тавба] ба онон дода мешавад
وَلَقَدِ ٱسۡتُهۡزِئَ بِرُسُلٖ مِّن قَبۡلِكَ فَحَاقَ بِٱلَّذِينَ سَخِرُواْ مِنۡهُم مَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ
Open ayah 21:41Яқинан, паёмбарон пеш аз ту [низ] мавриди тамасхур қарор гирифта буданд, пас, бар сари касоне, ки онҳо [азобҳои илоҳӣ]-ро ба ришханд мегирифтанд, ҳамон чизе омад, ки масхарааш мекарданд
قُلۡ مَن يَكۡلَؤُكُم بِٱلَّيۡلِ وَٱلنَّهَارِ مِنَ ٱلرَّحۡمَٰنِۚ بَلۡ هُمۡ عَن ذِكۡرِ رَبِّهِم مُّعۡرِضُونَ
Open ayah 21:42[Эй паёмбар, ба кофирон] Бигӯ: «Чи касе шуморо дар шабу рӯз аз [азоби Аллоҳи] Раҳмон нигоҳ медорад? Балки [ҳақ ин аст, ки] онон аз ёди Парвардигорашон рӯйгардонанд
أَمۡ لَهُمۡ ءَالِهَةٞ تَمۡنَعُهُم مِّن دُونِنَاۚ لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَ أَنفُسِهِمۡ وَلَا هُم مِّنَّا يُصۡحَبُونَ
Open ayah 21:43Оё онон маъбудоне доранд, ки [метавонанд] дар баробари Мо аз эшон дифоъ кунанд? [Ҳаргиз!] Онон на метавонанд худро ёрӣ диҳанд ва на аз [азоби] Мо дар амонанд
بَلۡ مَتَّعۡنَا هَٰٓؤُلَآءِ وَءَابَآءَهُمۡ حَتَّىٰ طَالَ عَلَيۡهِمُ ٱلۡعُمُرُۗ أَفَلَا يَرَوۡنَ أَنَّا نَأۡتِي ٱلۡأَرۡضَ نَنقُصُهَا مِنۡ أَطۡرَافِهَآۚ أَفَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ
Open ayah 21:44Балки [Мо] онон ва падаронашонро [аз неъматҳои дунявӣ] баҳраманд сохтем, то умрашон ба дарозо кашид [ва мағрур шуданд]. Оё намебинанд, ки Мо [ҳамвора] ба суроғи замин меоем ва онро аз ҳар тараф мекоҳем [ва мардумашро нобуд мекунем]? Пас, оё онон [бар қудрати Аллоҳ таоло] пирӯзанд?
قُلۡ إِنَّمَآ أُنذِرُكُم بِٱلۡوَحۡيِۚ وَلَا يَسۡمَعُ ٱلصُّمُّ ٱلدُّعَآءَ إِذَا مَا يُنذَرُونَ
Open ayah 21:45Бигӯ: “Ман фақат шуморо ба василаи ваҳй [аз азоби илоҳӣ] бим медиҳам” ва [-ле] чун ба карон бим дода шавад, даъвати [ҳақ]-ро намешунаванд
وَلَئِن مَّسَّتۡهُمۡ نَفۡحَةٞ مِّنۡ عَذَابِ رَبِّكَ لَيَقُولُنَّ يَٰوَيۡلَنَآ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Open ayah 21:46Агар андаке аз азоби Парвардигорат ба онон бирасад, ҳатман, мегӯянд: “Эй вой бар мо [ки], яқинан, ситамгор будаем!”
وَنَضَعُ ٱلۡمَوَٰزِينَ ٱلۡقِسۡطَ لِيَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ فَلَا تُظۡلَمُ نَفۡسٞ شَيۡـٔٗاۖ وَإِن كَانَ مِثۡقَالَ حَبَّةٖ مِّنۡ خَرۡدَلٍ أَتَيۡنَا بِهَاۗ وَكَفَىٰ بِنَا حَٰسِبِينَ
Open ayah 21:47Рӯзи қиёмат Мо тарозуҳои адлро [барои ҳисобрасӣ дар миён] мениҳем, пас, ба ҳеҷ кас [камтарин] ситаме намешавад ва агар [кирдорашон] ҳамсанги донаи хардале бошад, онро [ба ҳисоб] меоварем ва кофист, ки Мо ҳисобрас бошем
وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَا مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ٱلۡفُرۡقَانَ وَضِيَآءٗ وَذِكۡرٗا لِّلۡمُتَّقِينَ
Open ayah 21:48Ба ростӣ, Мо ба Мӯсо ва Ҳорун китоб [Таврот] додем ва [ин китоб] барои парҳезкорон равшанӣ ва андарзе аст
ٱلَّذِينَ يَخۡشَوۡنَ رَبَّهُم بِٱلۡغَيۡبِ وَهُم مِّنَ ٱلسَّاعَةِ مُشۡفِقُونَ
Open ayah 21:49[Ҳамон] касоне, ки дар ниҳон аз Парвардигорашон метарсанд ва аз қиёмат бимноканд
وَهَٰذَا ذِكۡرٞ مُّبَارَكٌ أَنزَلۡنَٰهُۚ أَفَأَنتُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ
Open ayah 21:50Ва ин [Қуръон] панди мубораке аст, ки онро нозил кардем. Оё [боз ҳам] инкораш мекунед?
۞وَلَقَدۡ ءَاتَيۡنَآ إِبۡرَٰهِيمَ رُشۡدَهُۥ مِن قَبۡلُ وَكُنَّا بِهِۦ عَٰلِمِينَ
Open ayah 21:51Ва бе тардид, пеш аз он Мо ба Иброҳим [рушди фикрӣ ва] ҳидояташро ато кардем ва ба [шоистагиҳои] ӯ доно будем;
إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَا هَٰذِهِ ٱلتَّمَاثِيلُ ٱلَّتِيٓ أَنتُمۡ لَهَا عَٰكِفُونَ
Open ayah 21:52Он гоҳ ки ба падари худ ва қавмаш гуфт: “Ин муҷассамаҳо чист, ки ба парастиши онҳо истодаед?”
قَالُواْ وَجَدۡنَآ ءَابَآءَنَا لَهَا عَٰبِدِينَ
Open ayah 21:53Онон гуфтанд: “Мо падаронамонро дидем, ки онҳоро мепарастиданд”
قَالَ لَقَدۡ كُنتُمۡ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُمۡ فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
Open ayah 21:54[Иброҳим] Гуфт: “Ҳатман, шумо ва падаронатон дар гумроҳии ошкор будаед”
قَالُوٓاْ أَجِئۡتَنَا بِٱلۡحَقِّ أَمۡ أَنتَ مِنَ ٱللَّٰعِبِينَ
Open ayah 21:55Онон гуфтанд: “Оё [сухани] ҳақ бароямон овардаӣ ё шухӣ мекунӣ?”
قَالَ بَل رَّبُّكُمۡ رَبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ ٱلَّذِي فَطَرَهُنَّ وَأَنَا۠ عَلَىٰ ذَٰلِكُم مِّنَ ٱلشَّٰهِدِينَ
Open ayah 21:56Ӯ гуфт: “Балки [суханам ҳақ аст] Парвардигоратон парвардигори осмонҳо ва замин аст, ҳамон ки онҳоро падид овардааст ва ман бар ин [сухан] гувоҳам”
وَتَٱللَّهِ لَأَكِيدَنَّ أَصۡنَٰمَكُم بَعۡدَ أَن تُوَلُّواْ مُدۡبِرِينَ
Open ayah 21:57Ва [бо худ гуфт] “Ба Аллоҳ таоло савганд, пас аз он ки пушт кардед ва [ба ҷашн] рафтед, барои [нобудии] бутҳоятон тадбире меандешам”
فَجَعَلَهُمۡ جُذَٰذًا إِلَّا كَبِيرٗا لَّهُمۡ لَعَلَّهُمۡ إِلَيۡهِ يَرۡجِعُونَ
Open ayah 21:58Пас [дар ғиёби бутпарастон] ҳамаи онҳоро ба ҷуз [бути] бузургашон бишкаст, шояд, ба суроғи он бираванд [то ҳақоиқро барояшон бозгӯ кунад]
قَالُواْ مَن فَعَلَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَآ إِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Open ayah 21:59[Вақте онон бутхонаро чунин диданд] Гуфтанд: “Чи касе бо маъбудони мо чунин кардааст? Ҳатман, ӯ ситамгор аст”
قَالُواْ سَمِعۡنَا فَتٗى يَذۡكُرُهُمۡ يُقَالُ لَهُۥٓ إِبۡرَٰهِيمُ
Open ayah 21:60[Бархе] Гуфтанд: “Мо шунидем ҷавоне, ки ӯро Иброҳим мегӯянд, аз онҳо [ба бадӣ] ёд мекунад”
قَالُواْ فَأۡتُواْ بِهِۦ عَلَىٰٓ أَعۡيُنِ ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَشۡهَدُونَ
Open ayah 21:61Гуфтанд: “Пас ӯро дар баробари дидагони мардум биёваред, бошад, ки [бар эътирофаш ба гуноҳ] гувоҳ бошанд”
قَالُوٓاْ ءَأَنتَ فَعَلۡتَ هَٰذَا بِـَٔالِهَتِنَا يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُ
Open ayah 21:62[Вақте Иброҳимро оварданд] Гуфтанд: “Эй Иброҳим, оё ту ин [кор] -ро бо маъбудони мо кардаӣ?”
قَالَ بَلۡ فَعَلَهُۥ كَبِيرُهُمۡ هَٰذَا فَسۡـَٔلُوهُمۡ إِن كَانُواْ يَنطِقُونَ
Open ayah 21:63Ӯ гуфт: “Балки [бути] бузургашон чунин кардааст. Агар сухан мегӯянд, аз онҳо бипурсед»
فَرَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَنفُسِهِمۡ فَقَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ أَنتُمُ ٱلظَّٰلِمُونَ
Open ayah 21:64Он гоҳ [онон] ба худ омаданд ва [ба якдигар] гуфтанд: “Воқеан, шумо [мушрику] ситамгоред”
ثُمَّ نُكِسُواْ عَلَىٰ رُءُوسِهِمۡ لَقَدۡ عَلِمۡتَ مَا هَٰٓؤُلَآءِ يَنطِقُونَ
Open ayah 21:65Сипас [боз ҳам] сар ба душманӣ ва инкор бардоштанд [ва гуфтанд] “Ту хуб медонӣ, ки инҳо сухан намегӯянд”
قَالَ أَفَتَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَا لَا يَنفَعُكُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَا يَضُرُّكُمۡ
Open ayah 21:66[Иброҳим] гуфт: “Оё ба ҷойи Аллоҳ таоло чизҳоеро мепарастед, ки на суде бароятон дорад ва на зиёне ба шумо мерасонад?
أُفّٖ لَّكُمۡ وَلِمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Open ayah 21:67Вой бар шумо ва бар он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед! Оё намеандешед?”
قَالُواْ حَرِّقُوهُ وَٱنصُرُوٓاْ ءَالِهَتَكُمۡ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ
Open ayah 21:68Онон гуфтанд: “Агар мехоҳед [барои муҷозоташ] коре кунед, ӯро бисӯзонед ва маъбудонатонро ёрӣ диҳед”
قُلۡنَا يَٰنَارُ كُونِي بَرۡدٗا وَسَلَٰمًا عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ
Open ayah 21:69[Саранҷом ӯро дар оташ андохтанд, вале Мо] Гуфтем: “Эй оташ, бар Иброҳим сард ва саломат бош”
وَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدٗا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَخۡسَرِينَ
Open ayah 21:70Ва хостанд барои [нобудии ӯ найранге ба кор баранд, вале Мо ононро зиёнкортарин [мардум] сохтем
وَنَجَّيۡنَٰهُ وَلُوطًا إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَا لِلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 21:71Ва ӯ ва Лутро [бо ҳиҷрат] ба сарзамине, ки барои ҷаҳониён дар он баракат ниҳодаем [Шом], наҷот додем
وَوَهَبۡنَا لَهُۥٓ إِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَ نَافِلَةٗۖ وَكُلّٗا جَعَلۡنَا صَٰلِحِينَ
Open ayah 21:72Ва Исҳоқ ва [навааш] Яъқубро [низ ба унвони бахшиш] афзунӣ ба ӯ бахшидем ва ҳамагиашонро [афроде] шоиста гардонидем
وَجَعَلۡنَٰهُمۡ أَئِمَّةٗ يَهۡدُونَ بِأَمۡرِنَا وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِمۡ فِعۡلَ ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَإِقَامَ ٱلصَّلَوٰةِ وَإِيتَآءَ ٱلزَّكَوٰةِۖ وَكَانُواْ لَنَا عَٰبِدِينَ
Open ayah 21:73Ва ононро пешвоёне қарор додем, ки ба фармони Мо [мардумро] ҳидоят мекарданд ва анҷоми корҳои нек ва барпо доштани намоз ва адои закотро ба эшон ваҳй кардем ва онон [ҳама] парастишгари Мо буданд
وَلُوطًا ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗا وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡقَرۡيَةِ ٱلَّتِي كَانَت تَّعۡمَلُ ٱلۡخَبَٰٓئِثَۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمَ سَوۡءٖ فَٰسِقِينَ
Open ayah 21:74Мо ба Лут [иҷозати] қазоват ва илм [-и дин] додем ва ӯро аз шаҳре, ки [сокинонаш] аъмоли зишт [-у палид] анҷом медоданд, наҷот бахшидем. Ба ростӣ, ки онон гурӯҳе палид ва нофармон буданд
وَأَدۡخَلۡنَٰهُ فِي رَحۡمَتِنَآۖ إِنَّهُۥ مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Open ayah 21:75Ва ӯро дар раҳмати худ ворид кардем. Бе гумон, ӯ аз шоистагон буд
وَنُوحًا إِذۡ نَادَىٰ مِن قَبۡلُ فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ فَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ
Open ayah 21:76Ва Нуҳро [ёд кун] ҳангоме ки пештар [аз соири паёмбарон моро] нидо дод. Пас, Мо [низ дуои] вайро иҷобат кардем, он гоҳ ӯ ва хонадонашро аз андуҳи бузург наҷот додем
وَنَصَرۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡقَوۡمِ ٱلَّذِينَ كَذَّبُواْ بِـَٔايَٰتِنَآۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ قَوۡمَ سَوۡءٖ فَأَغۡرَقۡنَٰهُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 21:77Ва дар баробари қавме, ки оёти Моро дурӯғ ангошта буданд, ёриаш кардем. Бе тардид, онон гурӯҳи бадкирдоре буданд, пас, ҳамагиашонро ғарқ кардем
وَدَاوُۥدَ وَسُلَيۡمَٰنَ إِذۡ يَحۡكُمَانِ فِي ٱلۡحَرۡثِ إِذۡ نَفَشَتۡ فِيهِ غَنَمُ ٱلۡقَوۡمِ وَكُنَّا لِحُكۡمِهِمۡ شَٰهِدِينَ
Open ayah 21:78Ва [ёд кун аз] Довуд ва Сулаймон он гоҳ ки дар бораи киштзоре доварӣ мекарданд, ки гӯсфандони қавм шабона дар он чарида буданд ва Мо бар доварии онон гувоҳ будем
فَفَهَّمۡنَٰهَا سُلَيۡمَٰنَۚ وَكُلًّا ءَاتَيۡنَا حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَسَخَّرۡنَا مَعَ دَاوُۥدَ ٱلۡجِبَالَ يُسَبِّحۡنَ وَٱلطَّيۡرَۚ وَكُنَّا فَٰعِلِينَ
Open ayah 21:79Пас, он [ҳақиқат]-ро ба Сулаймон фаҳмонидем ва ба ҳар як аз онон паёмбарӣ ва дониш [-и амал ба аҳкоми дин] ато кардем ва кӯҳҳо ва парандагон дар хидмати Довуд гумоштем, ки [ҳамроҳ бо ӯ Парвардигорро] тасбеҳ мегуфтанд ва Мо будем, ки ин [ҳама]-ро анҷом додем
وَعَلَّمۡنَٰهُ صَنۡعَةَ لَبُوسٖ لَّكُمۡ لِتُحۡصِنَكُم مِّنۢ بَأۡسِكُمۡۖ فَهَلۡ أَنتُمۡ شَٰكِرُونَ
Open ayah 21:80Ва ба ӯ сохтани зиреҳро омӯхтем, то шуморо аз [осеби] ҷангҳоятон ҳифз кунад. Пас, оё шукр мегузоред?
وَلِسُلَيۡمَٰنَ ٱلرِّيحَ عَاصِفَةٗ تَجۡرِي بِأَمۡرِهِۦٓ إِلَى ٱلۡأَرۡضِ ٱلَّتِي بَٰرَكۡنَا فِيهَاۚ وَكُنَّا بِكُلِّ شَيۡءٍ عَٰلِمِينَ
Open ayah 21:81Ва тундбодро барои Сулаймон [ба хидмат гумоштем], ки ба фармони ӯ ба сӯйи сарзамине, ки дар он баракат ниҳода будем [Шом], равон буд ва мо бар ҳар чиз доно будем
وَمِنَ ٱلشَّيَٰطِينِ مَن يَغُوصُونَ لَهُۥ وَيَعۡمَلُونَ عَمَلٗا دُونَ ذَٰلِكَۖ وَكُنَّا لَهُمۡ حَٰفِظِينَ
Open ayah 21:82Ва [низ] аз шаётин касонеро [гумоштем], ки барояш ғаввосӣ мекарданд [ва ҷавоҳир меоварданд] ва корҳое ғайр аз ин [низ] анҷом медоданд ва мо муроқиби [рафтор ва теъдоди] онон будем
۞وَأَيُّوبَ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥٓ أَنِّي مَسَّنِيَ ٱلضُّرُّ وَأَنتَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ
Open ayah 21:83Ва Аюбро [ёд кун] он гоҳ ки Парвардигорашро [чунин нидо дод: “Ранҷ [-у беморӣ] ба ман расидааст ва Ту меҳрубонтарини меҳрубононӣ”
فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ فَكَشَفۡنَا مَا بِهِۦ مِن ضُرّٖۖ وَءَاتَيۡنَٰهُ أَهۡلَهُۥ وَمِثۡلَهُم مَّعَهُمۡ رَحۡمَةٗ مِّنۡ عِندِنَا وَذِكۡرَىٰ لِلۡعَٰبِدِينَ
Open ayah 21:84Пас, Мо [дуои] ӯро иҷобат кардем ва ранҷеро, ки ба ӯ расида буд, бартараф сохтем ва хонаводааш ва [низ теъдоде] ҳаммонандашонро ба ҳамроҳи онон ба вай бозгардонидем, [то] раҳмате аз ҷониби Мо ва панде барои парастишгарон бошад
وَإِسۡمَٰعِيلَ وَإِدۡرِيسَ وَذَا ٱلۡكِفۡلِۖ كُلّٞ مِّنَ ٱلصَّٰبِرِينَ
Open ayah 21:85Ва [ёд кун аз] Исмоил ва Идрис ва Зу-л-кифл, ки ҳамагӣ аз шикебоён буданд
وَأَدۡخَلۡنَٰهُمۡ فِي رَحۡمَتِنَآۖ إِنَّهُم مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Open ayah 21:86Ва [Мо] ононро дар раҳмати хеш ворид кардем. Бе тардид, онон аз шоистагон буданд
وَذَا ٱلنُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَٰضِبٗا فَظَنَّ أَن لَّن نَّقۡدِرَ عَلَيۡهِ فَنَادَىٰ فِي ٱلظُّلُمَٰتِ أَن لَّآ إِلَٰهَ إِلَّآ أَنتَ سُبۡحَٰنَكَ إِنِّي كُنتُ مِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Open ayah 21:87Ва [ёд кун аз] Зу-н-нун [Юнус] он гоҳ ки хашмгин [аз миёни қавмаш] рафт ва чунин пиндошт, ки Мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем [ва ба хотири ин кор муҷозоташ намекунем]. Пас, [вақте моҳӣ ӯро фурӯ бурд] дар торикиҳо нидо дод, ки: “[Парвардигоро] Ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз ту нест. Ту муназзаҳӣ. Бе тардид, ман аз ситамгорон будаам”
فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَنَجَّيۡنَٰهُ مِنَ ٱلۡغَمِّۚ وَكَذَٰلِكَ نُـۨجِي ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 21:88Пас дуояшро иҷобат кардем ва аз андуҳ наҷоташ додем ва муъминонро [низ] ин чунин наҷот медиҳем
وَزَكَرِيَّآ إِذۡ نَادَىٰ رَبَّهُۥ رَبِّ لَا تَذَرۡنِي فَرۡدٗا وَأَنتَ خَيۡرُ ٱلۡوَٰرِثِينَ
Open ayah 21:89Ва [ёд кун аз] Закариё, он гоҳ ки Парвардигорашро [ин гуна] нидо дод: “Парвардигоро, маро танҳо [ва бефарзанд] магзор ва ту беҳтарин бозмондаӣ [ворисонӣ]”
فَٱسۡتَجَبۡنَا لَهُۥ وَوَهَبۡنَا لَهُۥ يَحۡيَىٰ وَأَصۡلَحۡنَا لَهُۥ زَوۡجَهُۥٓۚ إِنَّهُمۡ كَانُواْ يُسَٰرِعُونَ فِي ٱلۡخَيۡرَٰتِ وَيَدۡعُونَنَا رَغَبٗا وَرَهَبٗاۖ وَكَانُواْ لَنَا خَٰشِعِينَ
Open ayah 21:90Пас, дуояшро иҷобат кардем ва Яҳёро ба ӯ бахшидем ва ҳамсарашро [ки нозо буд] барояш шоиста [ва омодаи бордорӣ] намудем. Онон ҳамвора дар корҳои хайр мешитофтанд ва дар ҳоли биму умед Моро мехонданд ва пайваста барои Мо [фармонбардор ва] фурӯтан буданд
وَٱلَّتِيٓ أَحۡصَنَتۡ فَرۡجَهَا فَنَفَخۡنَا فِيهَا مِن رُّوحِنَا وَجَعَلۡنَٰهَا وَٱبۡنَهَآ ءَايَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 21:91Ва [ёд кун аз Марям] зане, ки домани худро пок нигоҳ дошт ва [Мо] аз рӯҳи хеш дар [вуҷуди] ӯ дамидем ва ӯ ва писарашро барои ҷаҳониён нишонае [аз қудрати илоҳӣ] қарор додем
إِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُونِ
Open ayah 21:92[Эй мардум] Ба ростӣ, ин оини шумо оини ягона [ва асосёфта бар яктопарастӣ] аст ва Ман Парвардигоратон ҳастам, пас, Маро бипарастед
وَتَقَطَّعُوٓاْ أَمۡرَهُم بَيۡنَهُمۡۖ كُلٌّ إِلَيۡنَا رَٰجِعُونَ
Open ayah 21:93Ва [мардум] миёни худ дар амри [дин]-ашон фирқа-фирқа шуданд; [вале саранҷом] ҳамагӣ ба сӯи Мо бозмегарданд
فَمَن يَعۡمَلۡ مِنَ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَهُوَ مُؤۡمِنٞ فَلَا كُفۡرَانَ لِسَعۡيِهِۦ وَإِنَّا لَهُۥ كَٰتِبُونَ
Open ayah 21:94Пас, ҳар ки корҳои шоиста анҷом диҳад ва муъмин бошад, дар баробари кӯшиши ӯ носипосӣ нахоҳад шуд ва Мо корҳояшро менависем
وَحَرَٰمٌ عَلَىٰ قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَآ أَنَّهُمۡ لَا يَرۡجِعُونَ
Open ayah 21:95Ва [мардуми] ҳар шаҳреро, ки [бар асари куфру гуноҳ] нобудаш кардем, маҳол аст, ки [битавонанд ба қасди тавба ба дунё] бозгарданд
حَتَّىٰٓ إِذَا فُتِحَتۡ يَأۡجُوجُ وَمَأۡجُوجُ وَهُم مِّن كُلِّ حَدَبٖ يَنسِلُونَ
Open ayah 21:96То замоне, ки [садди] Яъҷуҷу Маъҷуҷ кушода шавад ва онон аз ҳар баландӣ [ва тепае] шитобон сарозер гарданд
وَٱقۡتَرَبَ ٱلۡوَعۡدُ ٱلۡحَقُّ فَإِذَا هِيَ شَٰخِصَةٌ أَبۡصَٰرُ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ يَٰوَيۡلَنَا قَدۡ كُنَّا فِي غَفۡلَةٖ مِّنۡ هَٰذَا بَلۡ كُنَّا ظَٰلِمِينَ
Open ayah 21:97Ва ваъдаи ҳақ [қиёмат] наздик гардад. Пас, дар он ҳангом чашмҳои касоне, ки куфр варзиданд, [аз шиддати ваҳшат] хира мемонад [ва мегӯянд]: “Эй вой бар мо! Ҳатман, мо аз ин [ҳодиса] дар ғафлат будем! Балки [кофиру] ситамгор будем”
إِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ حَصَبُ جَهَنَّمَ أَنتُمۡ لَهَا وَٰرِدُونَ
Open ayah 21:98[Ба онон гуфта мешавад] “Ҳатман, шумо ва он чи ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастед, ҳезуми дузахед, [ва ҳамагӣ] дар он ворид хоҳед шуд”
لَوۡ كَانَ هَٰٓؤُلَآءِ ءَالِهَةٗ مَّا وَرَدُوهَاۖ وَكُلّٞ فِيهَا خَٰلِدُونَ
Open ayah 21:99Агар ин бутҳо маъбудоне [ба ҳақ] буданд, ҳаргиз вориди он намешуданд ва ҳол он ки ҳамагӣ дар он [азоби сӯзон] ҷовидонанд
لَهُمۡ فِيهَا زَفِيرٞ وَهُمۡ فِيهَا لَا يَسۡمَعُونَ
Open ayah 21:100Дар он ҷо нолаҳое [дарднок] доранд ва [аз шиддати дарду тарс] чизе намешунаванд
إِنَّ ٱلَّذِينَ سَبَقَتۡ لَهُم مِّنَّا ٱلۡحُسۡنَىٰٓ أُوْلَٰٓئِكَ عَنۡهَا مُبۡعَدُونَ
Open ayah 21:101Касоне, ки пештар аз ҷониби Мо ба эшон ваъдаи наку [биҳишт] дода шудааст, яқинан, аз он [азоб] дур нигаҳ дошта мешаванд
لَا يَسۡمَعُونَ حَسِيسَهَاۖ وَهُمۡ فِي مَا ٱشۡتَهَتۡ أَنفُسُهُمۡ خَٰلِدُونَ
Open ayah 21:102Онон садои он [оташи ҳавлнок ва фарёдҳои дузахиён]-ро намешунаванд ва дар он чи майл дошта бошанд, ҷовидона [дар осоиш] ҳастанд
لَا يَحۡزُنُهُمُ ٱلۡفَزَعُ ٱلۡأَكۡبَرُ وَتَتَلَقَّىٰهُمُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ هَٰذَا يَوۡمُكُمُ ٱلَّذِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ
Open ayah 21:103Ваҳшати бузурги [қиёмат] андуҳгинашон намесозад ва фариштагон ба истиқболашон меоянд [ва мегӯянд]: «Ин ҳамон рӯзест, ки ба шумо ваъда дода мешуд»
يَوۡمَ نَطۡوِي ٱلسَّمَآءَ كَطَيِّ ٱلسِّجِلِّ لِلۡكُتُبِۚ كَمَا بَدَأۡنَآ أَوَّلَ خَلۡقٖ نُّعِيدُهُۥۚ وَعۡدًا عَلَيۡنَآۚ إِنَّا كُنَّا فَٰعِلِينَ
Open ayah 21:104Рӯзе, ки осмонро чун туморе навишташуда дар ҳам мепечем, [ва] ҳамон гуна ки нахустин [бор] офаринишро оғоз кардем, [бори дигар] онро бозмегардонем. [Ин] Ваъдае аст бар уҳдаи Мо, ки ҳатман, анҷомаш хоҳем дод
وَلَقَدۡ كَتَبۡنَا فِي ٱلزَّبُورِ مِنۢ بَعۡدِ ٱلذِّكۡرِ أَنَّ ٱلۡأَرۡضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ ٱلصَّٰلِحُونَ
Open ayah 21:105Ва ба ростӣ, пас аз Таврот дар Забур навиштем, ки: «Заминро бандагони шоистаам ба ирс мебаранд»
إِنَّ فِي هَٰذَا لَبَلَٰغٗا لِّقَوۡمٍ عَٰبِدِينَ
Open ayah 21:106Бе гумон, дар ин [сухан ибрату] паёми равшане барои парастишгарон аст
وَمَآ أَرۡسَلۡنَٰكَ إِلَّا رَحۡمَةٗ لِّلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 21:107Ва [эй Муҳаммад] туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем
قُلۡ إِنَّمَا يُوحَىٰٓ إِلَيَّ أَنَّمَآ إِلَٰهُكُمۡ إِلَٰهٞ وَٰحِدٞۖ فَهَلۡ أَنتُم مُّسۡلِمُونَ
Open ayah 21:108Бигӯ: «Дар ҳақиқат, ба ман ваҳй мешавад, ки: «Бе тардид, маъбуди шумо маъбуде ягона аст. Пас, оё таслим [-и даъвати ҳақ] мешавед?»
فَإِن تَوَلَّوۡاْ فَقُلۡ ءَاذَنتُكُمۡ عَلَىٰ سَوَآءٖۖ وَإِنۡ أَدۡرِيٓ أَقَرِيبٌ أَم بَعِيدٞ مَّا تُوعَدُونَ
Open ayah 21:109Пас, агар рӯйгардон шуданд, бигӯ: «Ман [ҳамаи] шуморо ба таври яксон огоҳ кардам [ва дар бораи азоби илоҳӣ ҳушдор додам] ва намедонам, он чи ки ба шумо ваъда дода мешавад, наздик аст ё дур»
إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ مِنَ ٱلۡقَوۡلِ وَيَعۡلَمُ مَا تَكۡتُمُونَ
Open ayah 21:110Яқинан, ӯ сухани ошкоро медонад ва он чиро [дар дили хеш] пинҳон мекунед, [низ] медонад
وَإِنۡ أَدۡرِي لَعَلَّهُۥ فِتۡنَةٞ لَّكُمۡ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ
Open ayah 21:111Ва намедонам, шояд ин [таъхири азоб мояи] озмоиш ва баҳрамандии шумо то муддате [муайян] бошад»
قَٰلَ رَبِّ ٱحۡكُم بِٱلۡحَقِّۗ وَرَبُّنَا ٱلرَّحۡمَٰنُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ
Open ayah 21:112[Паёмбар] Гуфт: «Парвардигоро, [байни мо ва кофирон] ба ҳақ доварӣ кун ва Парвардигори мо [Аллоҳи] Раҳмон аст, ки дар баробари он чи [аз куфру ширк] мегӯед, аз ӯ ёрӣ мехоҳем»