يوسف
Yusuf
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
الٓرۚ تِلۡكَ ءَايَٰتُ ٱلۡكِتَٰبِ ٱلۡمُبِينِ
Open ayah 12:1Алиф, лом, ро. Ин оёти китоби равшангар аст
إِنَّآ أَنزَلۡنَٰهُ قُرۡءَٰنًا عَرَبِيّٗا لَّعَلَّكُمۡ تَعۡقِلُونَ
Open ayah 12:2Мо онро Қуръоне [ба забони] арабӣ нозил кардем, бошад, ки [дар мафоҳимаш] бияндешед
نَحۡنُ نَقُصُّ عَلَيۡكَ أَحۡسَنَ ٱلۡقَصَصِ بِمَآ أَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡكَ هَٰذَا ٱلۡقُرۡءَانَ وَإِن كُنتَ مِن قَبۡلِهِۦ لَمِنَ ٱلۡغَٰفِلِينَ
Open ayah 12:3[Эй паёмбар] мо беҳтарин достонро бо ваҳй кардани ин Қуръон бар ту ҳикоят мекунем ва мусалламан, пештар ту [аз ин достонҳо] бехабар будӣ
إِذۡ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَٰٓأَبَتِ إِنِّي رَأَيۡتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوۡكَبٗا وَٱلشَّمۡسَ وَٱلۡقَمَرَ رَأَيۡتُهُمۡ لِي سَٰجِدِينَ
Open ayah 12:4[Ёд кун аз] ҳангоме ки Юсуф ба падараш [Яъқуб] гуфт: «Падарҷон, ман [дар хоб] ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳ дидам. Онҳоро дидам, ки бароям саҷда мекарданд»
قَالَ يَٰبُنَيَّ لَا تَقۡصُصۡ رُءۡيَاكَ عَلَىٰٓ إِخۡوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيۡدًاۖ إِنَّ ٱلشَّيۡطَٰنَ لِلۡإِنسَٰنِ عَدُوّٞ مُّبِينٞ
Open ayah 12:5[Яъқуб] Гуфт: «Писарам, хобатро барои бародаронат бозгӯ макун, ки бароят найранге меандешанд,[чаро ки] бе тардид, шайтон душмани ошкоре барои инсон аст
وَكَذَٰلِكَ يَجۡتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعۡمَتَهُۥ عَلَيۡكَ وَعَلَىٰٓ ءَالِ يَعۡقُوبَ كَمَآ أَتَمَّهَا عَلَىٰٓ أَبَوَيۡكَ مِن قَبۡلُ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَۚ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٞ
Open ayah 12:6Парвардигорат туро ин гуна бармегузинад ва ба ту [илми] таъбири хобҳоро меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб тамом мегардонад, чунон ки пеш аз ин [низ] бар аҷдодат – Иброҳим ва Исҳоқ тамом кард. Бе тардид, Парвардигорат донову ҳаким аст»
۞لَّقَدۡ كَانَ فِي يُوسُفَ وَإِخۡوَتِهِۦٓ ءَايَٰتٞ لِّلسَّآئِلِينَ
Open ayah 12:7Ба ростӣ, ки дар [достони] Юсуф ва бародаронаш, барои пурсишгарон [дар бораи Юсуф ибратҳо ва] нишонаҳост
إِذۡ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَىٰٓ أَبِينَا مِنَّا وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٍ
Open ayah 12:8Он гоҳ ки [ба якдигар] гуфтанд: «Юсуф ва бародараш [Бинёмин] назди падарамон аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле ки мо як гурӯҳ [-и неруманд] ҳастем. Ҳаққо, ки падарамон [бо ин меҳрварзии бедалел] дар гумроҳии ошкоре аст
ٱقۡتُلُواْ يُوسُفَ أَوِ ٱطۡرَحُوهُ أَرۡضٗا يَخۡلُ لَكُمۡ وَجۡهُ أَبِيكُمۡ وَتَكُونُواْ مِنۢ بَعۡدِهِۦ قَوۡمٗا صَٰلِحِينَ
Open ayah 12:9[Яке аз бародарон гуфт] Юсуфро бикушед ё ӯро ба сарзамин [-и дурдаст]-е биафканед, то таваҷҷуҳи падаратон фақат ба [сӯйи] шумо бошад ва пас аз он [тавба кунед ва] афроде шоиста бошед»
قَالَ قَآئِلٞ مِّنۡهُمۡ لَا تَقۡتُلُواْ يُوسُفَ وَأَلۡقُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّ يَلۡتَقِطۡهُ بَعۡضُ ٱلسَّيَّارَةِ إِن كُنتُمۡ فَٰعِلِينَ
Open ayah 12:10Яке [дигар] аз онон гуфт: «Юсуфро накушед ва агар [мехоҳед] коре анҷом диҳед, ӯро дар қаъри чоҳ биандозед, то бархе аз мусофирон [-и корвон] ӯро баргиранд [ва бо худ ба ҷойе дур баранд]»
قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مَا لَكَ لَا تَأۡمَ۬نَّا عَلَىٰ يُوسُفَ وَإِنَّا لَهُۥ لَنَٰصِحُونَ
Open ayah 12:11[Сипас назди Яъқуб рафтанд] Ва гуфтанд: «Падарҷон, чаро моро бар Юсуф амин намешуморӣ, ҳол он ки мо хайрхоҳаш ҳастем?
أَرۡسِلۡهُ مَعَنَا غَدٗا يَرۡتَعۡ وَيَلۡعَبۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ
Open ayah 12:12Фардо ӯро бо мо [ба дашт] бифрист, то [дар чаманҳо] бигардад ва бозӣ кунад ва мо ба хубӣ муроқибаш ҳастем»
قَالَ إِنِّي لَيَحۡزُنُنِيٓ أَن تَذۡهَبُواْ بِهِۦ وَأَخَافُ أَن يَأۡكُلَهُ ٱلذِّئۡبُ وَأَنتُمۡ عَنۡهُ غَٰفِلُونَ
Open ayah 12:13[Яъқуб] Гуфт: «Ин ки ӯро бибаред, маро андуҳгин мекунад ва аз ин метарсам, ки гург ӯро бихӯрад ва шумо аз ӯ ғофил бошед»
قَالُواْ لَئِنۡ أَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُ وَنَحۡنُ عُصۡبَةٌ إِنَّآ إِذٗا لَّخَٰسِرُونَ
Open ayah 12:14Онон гуфтанд: «Бо вуҷуди ин ки мо як гурӯҳ [-и неруманд] ҳастем, агар [иҷозат диҳем, ки] гург ӯро бихӯрад, ҳатман, зиёнкор хоҳем буд»
فَلَمَّا ذَهَبُواْ بِهِۦ وَأَجۡمَعُوٓاْ أَن يَجۡعَلُوهُ فِي غَيَٰبَتِ ٱلۡجُبِّۚ وَأَوۡحَيۡنَآ إِلَيۡهِ لَتُنَبِّئَنَّهُم بِأَمۡرِهِمۡ هَٰذَا وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ
Open ayah 12:15Пас, чун вайро [ҳамроҳи худ] бурданд ва ҳамдаст шуданд, ки ӯро дар қаъри чоҳ биандозанд, ба ӯ ваҳй кардем, ки: «[Саранҷом] Ҳатман, ононро, дар ҳоле ки [дар бораат] ҳеҷ намедонанд, аз [чанду чуни] ин корашон огоҳ хоҳӣ сохт»
وَجَآءُوٓ أَبَاهُمۡ عِشَآءٗ يَبۡكُونَ
Open ayah 12:16Ва шабонгоҳ гирякунон назди падарашон омаданд
قَالُواْ يَٰٓأَبَانَآ إِنَّا ذَهَبۡنَا نَسۡتَبِقُ وَتَرَكۡنَا يُوسُفَ عِندَ مَتَٰعِنَا فَأَكَلَهُ ٱلذِّئۡبُۖ وَمَآ أَنتَ بِمُؤۡمِنٖ لَّنَا وَلَوۡ كُنَّا صَٰدِقِينَ
Open ayah 12:17Гуфтанд: «Падарҷон, мо [дуртар] рафтем, ки мусобиқа диҳем ва Юсуфро назди асоси худ гузоштем, ки гург ӯро хӯрд ва ҳарчанд ростгӯ бошем, ту [ҳаргиз сухани] моро бовар нахоҳӣ кард»
وَجَآءُو عَلَىٰ قَمِيصِهِۦ بِدَمٖ كَذِبٖۚ قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرٗاۖ فَصَبۡرٞ جَمِيلٞۖ وَٱللَّهُ ٱلۡمُسۡتَعَانُ عَلَىٰ مَا تَصِفُونَ
Open ayah 12:18Ва пероҳани ӯро бо хуни дурӯғине [барои Яъқуб] оварданд. [Ӯ] Гуфт: «[Чунин нест] Балки [ҳавои] нафси шумо коре [ношоиста]-ро бароятон оростааст, пас, сабре наку [бароям беҳтар аст] ва Аллоҳ таоло дар [мавриди] он чи мегӯед, ёригар [-и ман] аст»
وَجَآءَتۡ سَيَّارَةٞ فَأَرۡسَلُواْ وَارِدَهُمۡ فَأَدۡلَىٰ دَلۡوَهُۥۖ قَالَ يَٰبُشۡرَىٰ هَٰذَا غُلَٰمٞۚ وَأَسَرُّوهُ بِضَٰعَةٗۚ وَٱللَّهُ عَلِيمُۢ بِمَا يَعۡمَلُونَ
Open ayah 12:19Ва корвоне омад ва онон обовари худро фиристоданд,пас,ӯ далвашро [дар чоҳ] андохт [ва чун Юсуфро боло кашид] гуфт: «Мужда диҳед! Ин як навҷавон аст» ва [пас аз наҷоташ] ӯро ҳамчун як коло[-и арзишманд аз дигарон] пинҳон доштанд, ва[-ле] Аллоҳ таоло ба он чи мекарданд, огоҳ буд
وَشَرَوۡهُ بِثَمَنِۭ بَخۡسٖ دَرَٰهِمَ مَعۡدُودَةٖ وَكَانُواْ فِيهِ مِنَ ٱلزَّٰهِدِينَ
Open ayah 12:20Ва [саранҷом] ӯро ба баҳое андак, чанд дирҳам, фурӯхтанд ва дар [бораи нигаҳ доштани] ӯ бемайл буданд
وَقَالَ ٱلَّذِي ٱشۡتَرَىٰهُ مِن مِّصۡرَ لِٱمۡرَأَتِهِۦٓ أَكۡرِمِي مَثۡوَىٰهُ عَسَىٰٓ أَن يَنفَعَنَآ أَوۡ نَتَّخِذَهُۥ وَلَدٗاۚ وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَلِنُعَلِّمَهُۥ مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ وَٱللَّهُ غَالِبٌ عَلَىٰٓ أَمۡرِهِۦ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 12:21Ва он шахс аз [мардуми] Миср [Азиз], ки ӯро харида буд, ба ҳамсараш гуфт: «Мақомашро гиромӣ бидор. Умед аст, ки бароямон судманд бошад ё ӯро ба фарзандӣ бигирем». Ва инчунин буд, ки Юсуфро дар [он] сарзамин арҷманд [-у муқтадир] гардонидем, то ба ӯ таъбири хоб биёмӯзем; ва Аллоҳ таоло бар кори хеш [тавоно ва] чира аст, вале бештари мардум намедонанд
وَلَمَّا بَلَغَ أَشُدَّهُۥٓ ءَاتَيۡنَٰهُ حُكۡمٗا وَعِلۡمٗاۚ وَكَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Open ayah 12:22Ва чун [Юсуф ба авҷи] неруи ҷавонӣ расид, ба ӯ ҳикмату дониш ато кардем ва накукоронро инчунин подош медиҳем
وَرَٰوَدَتۡهُ ٱلَّتِي هُوَ فِي بَيۡتِهَا عَن نَّفۡسِهِۦ وَغَلَّقَتِ ٱلۡأَبۡوَٰبَ وَقَالَتۡ هَيۡتَ لَكَۚ قَالَ مَعَاذَ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ رَبِّيٓ أَحۡسَنَ مَثۡوَايَۖ إِنَّهُۥ لَا يُفۡلِحُ ٱلظَّٰلِمُونَ
Open ayah 12:23Ва он зане, ки ӯ [Юсуф] дар хонааш буд, аз вай комҷӯӣ кард ва дарҳоро басту гуфт: «Биё [ки дар ихтиёри ту ҳастам]». [Юсуф] Гуфт: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Он мард [шавҳари ту ва] сарвари ман аст [ва] ҷойгоҳамро гиромӣ доштааст [пас, чи гуна ба ӯ хиёнат кунам?] яқинан, ситамгорон растагор намешаванд»
وَلَقَدۡ هَمَّتۡ بِهِۦۖ وَهَمَّ بِهَا لَوۡلَآ أَن رَّءَا بُرۡهَٰنَ رَبِّهِۦۚ كَذَٰلِكَ لِنَصۡرِفَ عَنۡهُ ٱلسُّوٓءَ وَٱلۡفَحۡشَآءَۚ إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُخۡلَصِينَ
Open ayah 12:24Ва дар ҳақиқат, [он зан] қасди ӯ кард ва ӯ низ агар бурҳони Парвардигорашро надида буд, қасди он зан мекард. Мо инчунин [кардем], то бадӣ ва зишткориро аз ӯ дур созем. Ба ростӣ, ки ӯ аз бандагони мухлиси Мо буд
وَٱسۡتَبَقَا ٱلۡبَابَ وَقَدَّتۡ قَمِيصَهُۥ مِن دُبُرٖ وَأَلۡفَيَا سَيِّدَهَا لَدَا ٱلۡبَابِۚ قَالَتۡ مَا جَزَآءُ مَنۡ أَرَادَ بِأَهۡلِكَ سُوٓءًا إِلَّآ أَن يُسۡجَنَ أَوۡ عَذَابٌ أَلِيمٞ
Open ayah 12:25Ва ҳар ду ба тарафи дар шитофтанд ва [ҳамсари азизи Миср] пероҳани ӯро аз пушт пора кард ва [дар ин ҳангом] шавҳарашро дар остонаи дар ёфтанд.[Он] Зан гуфт: «Кайфари касе, ки қасди бад ба хонаводаи ту дошта бошад, чист, ҷуз ин ки зиндон шавад ё азобе дарднок [бубинад]»?
قَالَ هِيَ رَٰوَدَتۡنِي عَن نَّفۡسِيۚ وَشَهِدَ شَاهِدٞ مِّنۡ أَهۡلِهَآ إِن كَانَ قَمِيصُهُۥ قُدَّ مِن قُبُلٖ فَصَدَقَتۡ وَهُوَ مِنَ ٱلۡكَٰذِبِينَ
Open ayah 12:26[Юсуф] Гуфт: «Ӯ аз ман комҷӯӣ кард» ва [дар он ҳангом] шоҳиде аз бастагони он зан шаҳодат дод: «Агар пероҳанаш аз ҷилав пора шуда бошад, ин зан рост мегӯяд ва он мард [Юсуф] дурӯғгӯст
وَإِن كَانَ قَمِيصُهُۥ قُدَّ مِن دُبُرٖ فَكَذَبَتۡ وَهُوَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Open ayah 12:27Ва[-ле] агар пероҳанаш аз пушт пора шуда бошад, ин зан дурӯғ мегӯяд ва он мард ростгӯст»
فَلَمَّا رَءَا قَمِيصَهُۥ قُدَّ مِن دُبُرٖ قَالَ إِنَّهُۥ مِن كَيۡدِكُنَّۖ إِنَّ كَيۡدَكُنَّ عَظِيمٞ
Open ayah 12:28Пас, чун [Азизи Миср] дид, ки пероҳани ӯ аз пушт пора шудааст, [ба ҳақиқат пай бурд ва] гуфт: «Ин аз найранги шумо [занон] аст, ба ростӣ, ки найранги шумо бузург аст
يُوسُفُ أَعۡرِضۡ عَنۡ هَٰذَاۚ وَٱسۡتَغۡفِرِي لِذَنۢبِكِۖ إِنَّكِ كُنتِ مِنَ ٱلۡخَاطِـِٔينَ
Open ayah 12:29Эй Юсуф, аз ин [моҷаро] даргузар ва [ту эй зан] барои гуноҳат омурзиш бихоҳ, ки бе тардид хатокор будаӣ»
۞وَقَالَ نِسۡوَةٞ فِي ٱلۡمَدِينَةِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ تُرَٰوِدُ فَتَىٰهَا عَن نَّفۡسِهِۦۖ قَدۡ شَغَفَهَا حُبًّاۖ إِنَّا لَنَرَىٰهَا فِي ضَلَٰلٖ مُّبِينٖ
Open ayah 12:30[Ҳангоме ки ин хабар мунташир шуд] Бархе аз занон дар шаҳр гуфтанд: «Ҳамсари Азиз [-и Миср] аз ғуломи [ҷавони] хеш комҷӯӣ мекунад [ва] сахт шефтааш гаштааст. Мо ӯро воқеан дар гумроҳии ошкоре мебинем»
فَلَمَّا سَمِعَتۡ بِمَكۡرِهِنَّ أَرۡسَلَتۡ إِلَيۡهِنَّ وَأَعۡتَدَتۡ لَهُنَّ مُتَّكَـٔٗا وَءَاتَتۡ كُلَّ وَٰحِدَةٖ مِّنۡهُنَّ سِكِّينٗا وَقَالَتِ ٱخۡرُجۡ عَلَيۡهِنَّۖ فَلَمَّا رَأَيۡنَهُۥٓ أَكۡبَرۡنَهُۥ وَقَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّ وَقُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا هَٰذَا بَشَرًا إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا مَلَكٞ كَرِيمٞ
Open ayah 12:31Пас, чун [ҳамсари Азиз] найранг [-у бадгӯӣ]-и ононро шунид, [шахсеро барои даъват] ба суроғашон фиристод ва маҷлисе барояшон тартиб дод ва ба ҳар кадом [барои буридани ғизо] корде дод ва ба Юсуф гуфт: «Бар [ҷамъи] онон ворид шав». Пас, [занон] чун ӯро диданд, бисёр бузург [-у зебо] шумурданд ва [чунон маҳви ҷамолаш шуданд] дастҳояшонро захмӣ карданд ва гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Ин башар нест, ин ҷуз фариштае бузургвор нест»
قَالَتۡ فَذَٰلِكُنَّ ٱلَّذِي لُمۡتُنَّنِي فِيهِۖ وَلَقَدۡ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ فَٱسۡتَعۡصَمَۖ وَلَئِن لَّمۡ يَفۡعَلۡ مَآ ءَامُرُهُۥ لَيُسۡجَنَنَّ وَلَيَكُونٗا مِّنَ ٱلصَّٰغِرِينَ
Open ayah 12:32[Ҳамсари Азиз] Гуфт: «Ин [ҷавони зеборӯ] ҳамон аст, ки маро дар барои ӯ сарзаниш мекардед. [Оре] Дар ҳақиқат, ман аз ӯ комҷӯӣ намудам ва ӯ хештандорӣ кард ва [инак] агар он чиро ба ӯ дастур медиҳам, анҷом надиҳад, ҳатман, зиндонӣ мешавад ва мусалламан, аз хоршудагон хоҳад буд»
قَالَ رَبِّ ٱلسِّجۡنُ أَحَبُّ إِلَيَّ مِمَّا يَدۡعُونَنِيٓ إِلَيۡهِۖ وَإِلَّا تَصۡرِفۡ عَنِّي كَيۡدَهُنَّ أَصۡبُ إِلَيۡهِنَّ وَأَكُن مِّنَ ٱلۡجَٰهِلِينَ
Open ayah 12:33[Юсуф] Гуфт: «Парвардигоро, зиндон барои ман аз он чи [инҳо] маро ба сӯяш мехонанд, маҳбубтар аст ва агар найрангашонро аз ман нагардонӣ, ба онон гароиш меёбам ва [агар чунин кунам] нодон хоҳам буд»
فَٱسۡتَجَابَ لَهُۥ رَبُّهُۥ فَصَرَفَ عَنۡهُ كَيۡدَهُنَّۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلسَّمِيعُ ٱلۡعَلِيمُ
Open ayah 12:34Пас, Парвардигораш [дуои] ӯро иҷобат кард ва найрангашонро аз ӯ бозгардонид. Бе тардид, Ӯ шунавову доност
ثُمَّ بَدَا لَهُم مِّنۢ بَعۡدِ مَا رَأَوُاْ ٱلۡأٓيَٰتِ لَيَسۡجُنُنَّهُۥ حَتَّىٰ حِينٖ
Open ayah 12:35Он гоҳ пас аз он ки [Азизи Миср ва атрофиёнаш] нишонаҳо[-и покдомании Юсуф]-ро диданд, тасмим гирифтанд [барои сарпӯш гузоштан бар ин беобрӯӣ] ӯро то муддате зиндонӣ кунанд
وَدَخَلَ مَعَهُ ٱلسِّجۡنَ فَتَيَانِۖ قَالَ أَحَدُهُمَآ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَعۡصِرُ خَمۡرٗاۖ وَقَالَ ٱلۡأٓخَرُ إِنِّيٓ أَرَىٰنِيٓ أَحۡمِلُ فَوۡقَ رَأۡسِي خُبۡزٗا تَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِنۡهُۖ نَبِّئۡنَا بِتَأۡوِيلِهِۦٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Open ayah 12:36Ва ду ҷавон ҳамроҳи ӯ вориди зиндон шуданд. [Рӯзе] Яке аз он ду гуфт: «Ман [дар хоб] худро дидам, ки [ангур барои] шароб мефишорам» ва дигарӣ гуфт: «Ман хоб дидаам, ки бар сари хеш [зарфи] ноне мебарам [ва] парандагон аз он мехӯранд. Моро аз таъбираш огоҳ кун, [ки] ҳатман, туро аз накукорон мебинем»
قَالَ لَا يَأۡتِيكُمَا طَعَامٞ تُرۡزَقَانِهِۦٓ إِلَّا نَبَّأۡتُكُمَا بِتَأۡوِيلِهِۦ قَبۡلَ أَن يَأۡتِيَكُمَاۚ ذَٰلِكُمَا مِمَّا عَلَّمَنِي رَبِّيٓۚ إِنِّي تَرَكۡتُ مِلَّةَ قَوۡمٖ لَّا يُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَهُم بِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ كَٰفِرُونَ
Open ayah 12:37[Юсуф] Гуфт: «Ҳеҷ ғизое барои хӯрдан наздатон намеоваранд, магар он ки пеш аз оварданаш, шуморо аз [кайфияту] ҳақиқаташ огоҳ созам. Ин [ахбори ғайбӣ] аз онҳост, ки Парвардигорам ба ман омӯхтааст. Дар ҳақиқат, ман оини қавмеро, ки ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд ва ба [сарои] охират [низ] куфр меварзанд, тарк кардам
وَٱتَّبَعۡتُ مِلَّةَ ءَابَآءِيٓ إِبۡرَٰهِيمَ وَإِسۡحَٰقَ وَيَعۡقُوبَۚ مَا كَانَ لَنَآ أَن نُّشۡرِكَ بِٱللَّهِ مِن شَيۡءٖۚ ذَٰلِكَ مِن فَضۡلِ ٱللَّهِ عَلَيۡنَا وَعَلَى ٱلنَّاسِ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَشۡكُرُونَ
Open ayah 12:38Ва аз оини падаронам Иброҳим ва Исҳоқ ва Яъқуб пайравӣ кардам. Барои мо сазовор нест, ки чизеро шарики Аллоҳ таоло қарор диҳем. Ин [яктопарастӣ] аз фазли Аллоҳ таоло бар мо ва бар [ҳамаи] мардум аст, вале бештари мардум сипос намегузоранд
يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ ءَأَرۡبَابٞ مُّتَفَرِّقُونَ خَيۡرٌ أَمِ ٱللَّهُ ٱلۡوَٰحِدُ ٱلۡقَهَّارُ
Open ayah 12:39Эй дӯстони зиндонии ман, оё маъбудони пароканда [ва мутааддид] беҳтаранд, ё Аллоҳи ягонаи пирӯзманд?
مَا تَعۡبُدُونَ مِن دُونِهِۦٓ إِلَّآ أَسۡمَآءٗ سَمَّيۡتُمُوهَآ أَنتُمۡ وَءَابَآؤُكُم مَّآ أَنزَلَ ٱللَّهُ بِهَا مِن سُلۡطَٰنٍۚ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِ أَمَرَ أَلَّا تَعۡبُدُوٓاْ إِلَّآ إِيَّاهُۚ ذَٰلِكَ ٱلدِّينُ ٱلۡقَيِّمُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 12:40Шумо ба ҷои ӯ [чизеро] намепарастед, магар номҳое [бемаънӣ], ки худ ва падаронатон бар онҳо ниҳодаед. Аллоҳ таоло ҳеҷ далеле бар [ҳақиқати] онҳо нозил накардааст. Фармонравоӣ, танҳо аз они Аллоҳ таоло аст [ва] фармон додаст, ки ҷуз Ӯро напарастед. Ин ҳамон дини рост ва устувор аст; вале бештари мардум намедонанд
يَٰصَٰحِبَيِ ٱلسِّجۡنِ أَمَّآ أَحَدُكُمَا فَيَسۡقِي رَبَّهُۥ خَمۡرٗاۖ وَأَمَّا ٱلۡأٓخَرُ فَيُصۡلَبُ فَتَأۡكُلُ ٱلطَّيۡرُ مِن رَّأۡسِهِۦۚ قُضِيَ ٱلۡأَمۡرُ ٱلَّذِي فِيهِ تَسۡتَفۡتِيَانِ
Open ayah 12:41Эй дӯстони зиндонии ман, яке аз шумо [озод мешавад] ва ба сарвари хеш шароб хоҳад нӯшонд ва аммо дигаре ба дор овехта мешавад ва парандагон аз [мағзи] сараш хоҳанд хӯрд. Амре, ки дар [мавриди] он аз ман назар хостед, [чунин] муқаддар шудааст»
وَقَالَ لِلَّذِي ظَنَّ أَنَّهُۥ نَاجٖ مِّنۡهُمَا ٱذۡكُرۡنِي عِندَ رَبِّكَ فَأَنسَىٰهُ ٱلشَّيۡطَٰنُ ذِكۡرَ رَبِّهِۦ فَلَبِثَ فِي ٱلسِّجۡنِ بِضۡعَ سِنِينَ
Open ayah 12:42Ва [Юсуф] ба яке аз он ду [нафар], ки донист раҳо мешавад, гуфт: «Аз ман назди сарварат [подшоҳ] ёд кун». Ва[-ле] шайтон ёд кардан [аз Юсуфро назди] сарвараш аз хотири вай [соқии подшоҳ] бурд ва ӯ [Юсуф] чандин сол [-и дигар низ] дар зиндон боқӣ монд
وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ إِنِّيٓ أَرَىٰ سَبۡعَ بَقَرَٰتٖ سِمَانٖ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافٞ وَسَبۡعَ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرٖ وَأُخَرَ يَابِسَٰتٖۖ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡمَلَأُ أَفۡتُونِي فِي رُءۡيَٰيَ إِن كُنتُمۡ لِلرُّءۡيَا تَعۡبُرُونَ
Open ayah 12:43Ва [рӯзе] подшоҳ гуфт: «Ман [дар хоб] дидам, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] дигарро хушк [дидам]. Эй бузургон, агар таъбири хоб мекунед, дар [бораи] хобам назар диҳед»
قَالُوٓاْ أَضۡغَٰثُ أَحۡلَٰمٖۖ وَمَا نَحۡنُ بِتَأۡوِيلِ ٱلۡأَحۡلَٰمِ بِعَٰلِمِينَ
Open ayah 12:44Онон гуфтанд: «[Инҳо] Хобҳое парешон аст ва мо ба таъбири ин [гуна] хобҳо доно нестем»
وَقَالَ ٱلَّذِي نَجَا مِنۡهُمَا وَٱدَّكَرَ بَعۡدَ أُمَّةٍ أَنَا۠ أُنَبِّئُكُم بِتَأۡوِيلِهِۦ فَأَرۡسِلُونِ
Open ayah 12:45Ва яке аз он ду [зиндонӣ], ки наҷот ёфта буд, пас аз муддатҳо [Юсуф]-ро ба ёд овард [ва] гуфт: «Маро ба [зиндон] бифиристед, то дар бораи таъбири он [хоб] ба шумо хабар диҳам»
يُوسُفُ أَيُّهَا ٱلصِّدِّيقُ أَفۡتِنَا فِي سَبۡعِ بَقَرَٰتٖ سِمَانٖ يَأۡكُلُهُنَّ سَبۡعٌ عِجَافٞ وَسَبۡعِ سُنۢبُلَٰتٍ خُضۡرٖ وَأُخَرَ يَابِسَٰتٖ لَّعَلِّيٓ أَرۡجِعُ إِلَى ٱلنَّاسِ لَعَلَّهُمۡ يَعۡلَمُونَ
Open ayah 12:46[Ӯ ба зиндон рафт ва гуфт] «Юсуф, эй марди ростгӯ, дар бораи ин хоб изҳори назар кун, ки ҳафт гови фарбеҳро ҳафт гови лоғар мехӯрданд ва ҳафт хӯшаи сабз ва [ҳафт хӯшаи] хушкидаи дигар бароямон таъбир кун, то назди мардум баргардам, шояд онҳо [таъбири ин хоб ва тавоноиҳои туро] бидонанд
قَالَ تَزۡرَعُونَ سَبۡعَ سِنِينَ دَأَبٗا فَمَا حَصَدتُّمۡ فَذَرُوهُ فِي سُنۢبُلِهِۦٓ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّا تَأۡكُلُونَ
Open ayah 12:47[Юсуф] гуфт: «Ҳафт соли паёпай [бо ҷиддият] кишоварзӣ кунед ва он чиро, ки дарав мекунед, ҷуз андаке, ки мехӯред, бо хӯшааш [канор] бигзоред
ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ سَبۡعٞ شِدَادٞ يَأۡكُلۡنَ مَا قَدَّمۡتُمۡ لَهُنَّ إِلَّا قَلِيلٗا مِّمَّا تُحۡصِنُونَ
Open ayah 12:48Сипас баъд аз он [даврони равнақ] ҳафт [соли қаҳтии] сахт меояд, ки он чиро барои он солҳо [канор] гузоштаед, мехӯред, ба ҷуз андаке, ки онро [барои тухмӣ] захира мекунед
ثُمَّ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ عَامٞ فِيهِ يُغَاثُ ٱلنَّاسُ وَفِيهِ يَعۡصِرُونَ
Open ayah 12:49Сипас баъд аз он ҳафт [сол] соле фаро мерасад, ки борони фаровоне насиби мардум мешавад ва дар он сол, [бар асари фаровонӣ, аз меваҳо] ассора (афшурданиҳо) мегиранд»
وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦۖ فَلَمَّا جَآءَهُ ٱلرَّسُولُ قَالَ ٱرۡجِعۡ إِلَىٰ رَبِّكَ فَسۡـَٔلۡهُ مَا بَالُ ٱلنِّسۡوَةِ ٱلَّٰتِي قَطَّعۡنَ أَيۡدِيَهُنَّۚ إِنَّ رَبِّي بِكَيۡدِهِنَّ عَلِيمٞ
Open ayah 12:50Подшоҳ [чун ин таъбирро шунид] гуфт: «Ӯро назди ман биёваред». Пас, чун фиристода [-и подшоҳ] назди ӯ омад, [Юсуф] гуфт: «Назди сарварат бозгард ва аз ӯ бипурс, ки моҷарои заноне, ки дастҳои худро буриданд, чи буд? Ҳатман, Парвардигорам ба найранги онон огоҳ аст»
قَالَ مَا خَطۡبُكُنَّ إِذۡ رَٰوَدتُّنَّ يُوسُفَ عَن نَّفۡسِهِۦۚ قُلۡنَ حَٰشَ لِلَّهِ مَا عَلِمۡنَا عَلَيۡهِ مِن سُوٓءٖۚ قَالَتِ ٱمۡرَأَتُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡـَٰٔنَ حَصۡحَصَ ٱلۡحَقُّ أَنَا۠ رَٰوَدتُّهُۥ عَن نَّفۡسِهِۦ وَإِنَّهُۥ لَمِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
Open ayah 12:51[Подшоҳ он занонро хост ва] Гуфт: «Ҳангоме ки Юсуфро ба сӯйи хеш даъват кардед, ҷараёни коратон чи буд»? Гуфтанд: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло! Мо ҳеҷ гуноҳе дар ӯ суроғ надорем». [Дар ин ҳангом] Ҳамсари Азиз гуфт: «Акнун ҳақ ошкор шуд, ман [будам, ки] аз вай комҷӯӣ кардам [ва ӯ покдоманӣ варзид] ва яқинан, ростгӯст
ذَٰلِكَ لِيَعۡلَمَ أَنِّي لَمۡ أَخُنۡهُ بِٱلۡغَيۡبِ وَأَنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي كَيۡدَ ٱلۡخَآئِنِينَ
Open ayah 12:52Ин [эътироф] барои он аст, ки [Юсуф] бидонад, ки ман дар пинҳон ба ӯ хиёнат накардаам [ва дар ғиёбаш ҳақиқатро гуфтаам] ва ин ки Аллоҳ таоло найранги хоинонро ба ҷойе намерасонад
۞وَمَآ أُبَرِّئُ نَفۡسِيٓۚ إِنَّ ٱلنَّفۡسَ لَأَمَّارَةُۢ بِٱلسُّوٓءِ إِلَّا مَا رَحِمَ رَبِّيٓۚ إِنَّ رَبِّي غَفُورٞ رَّحِيمٞ
Open ayah 12:53Ман ҳаргиз худро бегуноҳ намешуморам. Бе шак, нафс [-и васвасагари инсон ӯро] пайваста ба бадӣ фармон медиҳад, магар он ки Парвардигорам раҳм кунад. Бе тардид, Парвардигорам омурзандаи меҳрубон аст»
وَقَالَ ٱلۡمَلِكُ ٱئۡتُونِي بِهِۦٓ أَسۡتَخۡلِصۡهُ لِنَفۡسِيۖ فَلَمَّا كَلَّمَهُۥ قَالَ إِنَّكَ ٱلۡيَوۡمَ لَدَيۡنَا مَكِينٌ أَمِينٞ
Open ayah 12:54Ва подшоҳ гуфт: «Ӯ [ Юсуф]-ро наздам биёваред [то мушовири] хоси худ гардонам». Пас, чун [Юсуф наздаш омад ва] бо вай суҳбат кард, [подшоҳ] гуфт: «Ту имрӯз назди мо арҷманд [ва] амин ҳастӣ»
قَالَ ٱجۡعَلۡنِي عَلَىٰ خَزَآئِنِ ٱلۡأَرۡضِۖ إِنِّي حَفِيظٌ عَلِيمٞ
Open ayah 12:55Юсуф] гуфт: «Маро бар [сарпарастии] хазонаҳои [молӣ ва ғизоии ин] сарзамин бигумор, [ки] бе тардид, ман нигаҳбоне доно ҳастам»
وَكَذَٰلِكَ مَكَّنَّا لِيُوسُفَ فِي ٱلۡأَرۡضِ يَتَبَوَّأُ مِنۡهَا حَيۡثُ يَشَآءُۚ نُصِيبُ بِرَحۡمَتِنَا مَن نَّشَآءُۖ وَلَا نُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Open ayah 12:56Ва ин гуна ба Юсуф дар он сарзамин манзалат [-у қудрат] додем, [он чунон] ки [метавонист ба ҳар ҷо биравад ва] дар ҳар ҷойе аз он ки мехост, иқомат мекард. Мо раҳмати худро ба ҳар ки бихоҳем мерасонем
وَلَأَجۡرُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَكَانُواْ يَتَّقُونَ
Open ayah 12:57Ва подоши охират барои касоне, ки имон овардаанд ва парҳезгорӣ кардаанд, беҳтар аст
وَجَآءَ إِخۡوَةُ يُوسُفَ فَدَخَلُواْ عَلَيۡهِ فَعَرَفَهُمۡ وَهُمۡ لَهُۥ مُنكِرُونَ
Open ayah 12:58Ва [чун сарзамини Канъонро хушксолӣ фаро гирифт] бародарони Юсуф [барои таҳияи гандум ба Миср] омаданд ва бар ӯ ворид шуданд. Пас, ӯ онҳоро шинохт, дар ҳоле ки онон вайро нашинохтанд
وَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ قَالَ ٱئۡتُونِي بِأَخٖ لَّكُم مِّنۡ أَبِيكُمۡۚ أَلَا تَرَوۡنَ أَنِّيٓ أُوفِي ٱلۡكَيۡلَ وَأَنَا۠ خَيۡرُ ٱلۡمُنزِلِينَ
Open ayah 12:59Пас, чун борҳояшонро омода кард, [ба онон] гуфт: «[Навбати оянда] Бародареро, ки аз падаратон доред, назди ман оваред. Оё намебинед, ки ман паймонаро тамом медиҳам ва беҳтарин мизбонам?
فَإِن لَّمۡ تَأۡتُونِي بِهِۦ فَلَا كَيۡلَ لَكُمۡ عِندِي وَلَا تَقۡرَبُونِ
Open ayah 12:60Пас, агар ӯро наздам наоваред, паймонае назди ман нахоҳед дошт ва наздикам нашавед»
قَالُواْ سَنُرَٰوِدُ عَنۡهُ أَبَاهُ وَإِنَّا لَفَٰعِلُونَ
Open ayah 12:61[Бародарон] Гуфтанд: «Ӯро аз падараш хоҳем хост ва ҳатман, ин корро мекунем»
وَقَالَ لِفِتۡيَٰنِهِ ٱجۡعَلُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ فِي رِحَالِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَعۡرِفُونَهَآ إِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ لَعَلَّهُمۡ يَرۡجِعُونَ
Open ayah 12:62Ва [Юсуф] ба ғуломонаш гуфт: «Сармояҳояшонро [ки барои хариди ғалла овардаанд, махфиёна] дар борҳояшон бигузоред, шояд ҳангоме ки ба сӯйи хонаводаи худ бозгаштанд, онро [бубинанд ва] бишносанд. Умед, ки бозоянд»
فَلَمَّا رَجَعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيهِمۡ قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مُنِعَ مِنَّا ٱلۡكَيۡلُ فَأَرۡسِلۡ مَعَنَآ أَخَانَا نَكۡتَلۡ وَإِنَّا لَهُۥ لَحَٰفِظُونَ
Open ayah 12:63Пас, чун ба сӯйи падарашон бозгаштанд, гуфтанд: «Падарҷон, паймона [ва саҳми ғаллаи навбати оянда]-ро аз мо боздоштанд, пас, бародарамон [Бинёмин]-ро бо мо бифирист, то саҳме [аз ғалла] бигирем ва мо ҳатман, муроқибаш хоҳем буд»
قَالَ هَلۡ ءَامَنُكُمۡ عَلَيۡهِ إِلَّا كَمَآ أَمِنتُكُمۡ عَلَىٰٓ أَخِيهِ مِن قَبۡلُ فَٱللَّهُ خَيۡرٌ حَٰفِظٗاۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ
Open ayah 12:64[Яъқуб] гуфт: «Оё ҳамон гуна, ки пештар шуморо нисбат ба бародараш [Юсуф] амин доштам, [ин бор ҳам] бар ӯ амин бидонам? Пас, Аллоҳ таоло беҳтарин нигаҳбон аст ва ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст»
وَلَمَّا فَتَحُواْ مَتَٰعَهُمۡ وَجَدُواْ بِضَٰعَتَهُمۡ رُدَّتۡ إِلَيۡهِمۡۖ قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا مَا نَبۡغِيۖ هَٰذِهِۦ بِضَٰعَتُنَا رُدَّتۡ إِلَيۡنَاۖ وَنَمِيرُ أَهۡلَنَا وَنَحۡفَظُ أَخَانَا وَنَزۡدَادُ كَيۡلَ بَعِيرٖۖ ذَٰلِكَ كَيۡلٞ يَسِيرٞ
Open ayah 12:65Ва чун бори худро кушоданд, сармояашонро ёфтанд, ки ба онон бозгардонда шуда буд. Гуфтанд: «Падарҷон, [дигар] чи мехоҳем? Ин сармояи мост, ки ба мо бозгардонида шудааст, [бад-ин васила] барои хонаводаи худ озуқа меоварем ва бародарамонро [низ] ҳифозат мекунем ва [бо бурдани Бинёмин] як бори шутур изофа мегирем. Ин паймона [барои Азизи Миср кори] осонест
قَالَ لَنۡ أُرۡسِلَهُۥ مَعَكُمۡ حَتَّىٰ تُؤۡتُونِ مَوۡثِقٗا مِّنَ ٱللَّهِ لَتَأۡتُنَّنِي بِهِۦٓ إِلَّآ أَن يُحَاطَ بِكُمۡۖ فَلَمَّآ ءَاتَوۡهُ مَوۡثِقَهُمۡ قَالَ ٱللَّهُ عَلَىٰ مَا نَقُولُ وَكِيلٞ
Open ayah 12:66[Яъқуб] Гуфт: «Ҳаргиз ӯро бо шумо нахоҳам фиристод, то бо ман ба номи Аллоҳ таоло паймони устуворе бибандед, ки ҳатман ӯро назди ман бозмеоваред, магар он ки гирифтор шавед [ва ҳеҷ як наҷот наёбед]. Пас, чун [аҳду] паймони устувори хеш ба ӯ доданд, [Яъқуб] гуфт: «Аллоҳ таоло бар он чи мегӯем, [гувоҳу] нигаҳбон аст»
وَقَالَ يَٰبَنِيَّ لَا تَدۡخُلُواْ مِنۢ بَابٖ وَٰحِدٖ وَٱدۡخُلُواْ مِنۡ أَبۡوَٰبٖ مُّتَفَرِّقَةٖۖ وَمَآ أُغۡنِي عَنكُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍۖ إِنِ ٱلۡحُكۡمُ إِلَّا لِلَّهِۖ عَلَيۡهِ تَوَكَّلۡتُۖ وَعَلَيۡهِ فَلۡيَتَوَكَّلِ ٱلۡمُتَوَكِّلُونَ
Open ayah 12:67Ва [ҳамчунон] гуфт: «Эй писаронам, [барои он ки ҷалби таваҷҷуҳ накунед] аз як дар ворид нашавед, балки аз дарҳои мухталиф дохил шавед ва [албатта, бо ин супориш] наметавонам чизе аз [қазо ва қадари] Аллоҳро аз шумо дур кунам. Ҳукм ҷуз барои Аллоҳ таоло нест. Бар Ӯ таваккал кардам ва таваккалкунандагон бояд бар Ӯ таваккал кунанд
وَلَمَّا دَخَلُواْ مِنۡ حَيۡثُ أَمَرَهُمۡ أَبُوهُم مَّا كَانَ يُغۡنِي عَنۡهُم مِّنَ ٱللَّهِ مِن شَيۡءٍ إِلَّا حَاجَةٗ فِي نَفۡسِ يَعۡقُوبَ قَضَىٰهَاۚ وَإِنَّهُۥ لَذُو عِلۡمٖ لِّمَا عَلَّمۡنَٰهُ وَلَٰكِنَّ أَكۡثَرَ ٱلنَّاسِ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 12:68Ва чун ҳамон гуна ки падарашон ба онон дастур дода буд, ворид шуданд. [Ин шеваи вуруд] Эшонро аз [қазои] Аллоҳ таоло бознадошт, вале [ҳар чи буд] ниёзи қалби Яъқубро бароварда кард. Ӯ аз [баракати] он чи бад-ӯ омӯхта будем, дорои донише фаровон буд, вале бештари мардум намедонанд
وَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَخَاهُۖ قَالَ إِنِّيٓ أَنَا۠ أَخُوكَ فَلَا تَبۡتَئِسۡ بِمَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 12:69Ва чун [бародарон] бар Юсуф ворид шуданд, бародараш [Бинёмин]-ро назди худ ҷой дод [ва ба оҳистагӣ ба ӯ] гуфт: «Ман бародарат ҳастам, пас, аз корҳое, ки [бародаронамон] мекарданд, андуҳгин мабош»
فَلَمَّا جَهَّزَهُم بِجَهَازِهِمۡ جَعَلَ ٱلسِّقَايَةَ فِي رَحۡلِ أَخِيهِ ثُمَّ أَذَّنَ مُؤَذِّنٌ أَيَّتُهَا ٱلۡعِيرُ إِنَّكُمۡ لَسَٰرِقُونَ
Open ayah 12:70Пас, ҳангоме ки борҳояшонро омода кард, ҷоми [подшоҳ]-ро дар бори бародараш [Бинёмин] гузошт, он гоҳ нидодиҳандае бонг баровард [ки]: «Эй корвониён, ҳатман, шумо дузд ҳастед»
قَالُواْ وَأَقۡبَلُواْ عَلَيۡهِم مَّاذَا تَفۡقِدُونَ
Open ayah 12:71[Бародарони Юсуф] Рӯ ба онон карданд ва гуфтанд: «Чи гум кардаед»?
قَالُواْ نَفۡقِدُ صُوَاعَ ٱلۡمَلِكِ وَلِمَن جَآءَ بِهِۦ حِمۡلُ بَعِيرٖ وَأَنَا۠ بِهِۦ زَعِيمٞ
Open ayah 12:72[Коргузорон] Гуфтанд: «Паймонаи подшоҳро гум кардаем ва [он ки бонг бароварда буд, гуфт] ҳар ки онро биёварад, як бори шутур [ҷоиза] дорад ва ман зомини ин [подош] ҳастам»
قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ عَلِمۡتُم مَّا جِئۡنَا لِنُفۡسِدَ فِي ٱلۡأَرۡضِ وَمَا كُنَّا سَٰرِقِينَ
Open ayah 12:73[Бародарони Юсуф] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, шумо медонед, ки мо наёмадаем, то дар ин сарзамин фасод кунем ва мо [ҳаргиз] дузд набудаем»
قَالُواْ فَمَا جَزَٰٓؤُهُۥٓ إِن كُنتُمۡ كَٰذِبِينَ
Open ayah 12:74[Онон] Гуфтанд: «Пас, агар дурӯғгӯ бошед, кайфараш чист»?
قَالُواْ جَزَٰٓؤُهُۥ مَن وُجِدَ فِي رَحۡلِهِۦ فَهُوَ جَزَٰٓؤُهُۥۚ كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلظَّٰلِمِينَ
Open ayah 12:75Гуфтанд: «Кайфари касе, ки [он паймона] дар бораш пайдо шавад, [ин аст, ки] худаш кайфари он бошад [ва ба бардагии шумо дарояд]. Мо ситамгоронро ин гуна муҷозот мекунем»
فَبَدَأَ بِأَوۡعِيَتِهِمۡ قَبۡلَ وِعَآءِ أَخِيهِ ثُمَّ ٱسۡتَخۡرَجَهَا مِن وِعَآءِ أَخِيهِۚ كَذَٰلِكَ كِدۡنَا لِيُوسُفَۖ مَا كَانَ لِيَأۡخُذَ أَخَاهُ فِي دِينِ ٱلۡمَلِكِ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُۚ نَرۡفَعُ دَرَجَٰتٖ مَّن نَّشَآءُۗ وَفَوۡقَ كُلِّ ذِي عِلۡمٍ عَلِيمٞ
Open ayah 12:76Пас, [Юсуф] пеш аз бори бародараш, шурӯъ ба [ҷустуҷӯи] борҳои онон кард, сипас он [паймона]-ро аз бори бародараш берун кашид. Ин гуна барои Юсуф чораандешӣ кардем, [то битавонад Бинёминро назди худ нигаҳ дорад, зеро ӯ] тибқи оини подшоҳи [Миср] наметавонист бародарашро боздошт кунад, магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Мо дараҷоти ҳар киро бихоҳем боло мебарем ва [бидонед, ки] фаротар аз ҳар соҳибдонише донишваре ҳаст
۞قَالُوٓاْ إِن يَسۡرِقۡ فَقَدۡ سَرَقَ أَخٞ لَّهُۥ مِن قَبۡلُۚ فَأَسَرَّهَا يُوسُفُ فِي نَفۡسِهِۦ وَلَمۡ يُبۡدِهَا لَهُمۡۚ قَالَ أَنتُمۡ شَرّٞ مَّكَانٗاۖ وَٱللَّهُ أَعۡلَمُ بِمَا تَصِفُونَ
Open ayah 12:77[Бародарон] Гуфтанд: «Агар ӯ дуздӣ кардааст [шигифт нест, чаро ки] бародараш [низ] пеш аз ин дуздӣ карда буд. Пас, Юсуф онро дар дили хеш пинҳон дошт ва [нороҳатиаш] бар онон ошкор накард [ва бо худ] гуфт: «Шумо аз назари ҷойгоҳ [аз он чи вонамуд мекунед], бадтаред ва Аллоҳ таоло ба он чи баён мекунед, донотар аст»
قَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ إِنَّ لَهُۥٓ أَبٗا شَيۡخٗا كَبِيرٗا فَخُذۡ أَحَدَنَا مَكَانَهُۥٓۖ إِنَّا نَرَىٰكَ مِنَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Open ayah 12:78Гуфтанд: «Эй Азиз, ӯ падари пире дорад [ки тоқати дурии фарзандашро надорад], пас, яке аз моро ба ҷойи ӯ бигир. Ба ростӣ, ки мо туро аз накукорон мебинем»
قَالَ مَعَاذَ ٱللَّهِ أَن نَّأۡخُذَ إِلَّا مَن وَجَدۡنَا مَتَٰعَنَا عِندَهُۥٓ إِنَّآ إِذٗا لَّظَٰلِمُونَ
Open ayah 12:79[Юсуф] Гуфт: «Паноҳ бар Аллоҳ таоло, ки ҷуз он касеро, ки колоямонро наздаш ёфтаем, боздошт кунем! Он гоҳ [агар чунин кунем] ҳатман, ситамгор хоҳем буд»
فَلَمَّا ٱسۡتَيۡـَٔسُواْ مِنۡهُ خَلَصُواْ نَجِيّٗاۖ قَالَ كَبِيرُهُمۡ أَلَمۡ تَعۡلَمُوٓاْ أَنَّ أَبَاكُمۡ قَدۡ أَخَذَ عَلَيۡكُم مَّوۡثِقٗا مِّنَ ٱللَّهِ وَمِن قَبۡلُ مَا فَرَّطتُمۡ فِي يُوسُفَۖ فَلَنۡ أَبۡرَحَ ٱلۡأَرۡضَ حَتَّىٰ يَأۡذَنَ لِيٓ أَبِيٓ أَوۡ يَحۡكُمَ ٱللَّهُ لِيۖ وَهُوَ خَيۡرُ ٱلۡحَٰكِمِينَ
Open ayah 12:80Пас, чун [бародарон] аз ӯ ноумед шуданд, наҷвокунон ба гӯшае рафтанд. [Бародари] Бузургашон гуфт: «Магар намедонед, ки падаратон бо номи Аллоҳ таоло паймоне устувор аз шумо гирифтааст ва пештар [низ] дар мавриди Юсуф чи кӯтоҳие кардед? Ман ҳаргиз аз ин сарзамин намеравам, то падарам ба ман иҷозати [бозгашт] диҳад ё [он ки] Аллоҳ таоло дар бораам доварӣ кунад, [ки] бе тардид, Ӯ беҳтарин довар аст
ٱرۡجِعُوٓاْ إِلَىٰٓ أَبِيكُمۡ فَقُولُواْ يَٰٓأَبَانَآ إِنَّ ٱبۡنَكَ سَرَقَ وَمَا شَهِدۡنَآ إِلَّا بِمَا عَلِمۡنَا وَمَا كُنَّا لِلۡغَيۡبِ حَٰفِظِينَ
Open ayah 12:81[Шумо] Назди падаратон бозгардед ва бигӯед: «Эй падар, писарат дуздӣ кард ва мо ҷуз ба он чи медонистем, гувоҳӣ надодем ва аз ғайб огоҳ набудем [ки бидонем дуздӣ мекунад]
وَسۡـَٔلِ ٱلۡقَرۡيَةَ ٱلَّتِي كُنَّا فِيهَا وَٱلۡعِيرَ ٱلَّتِيٓ أَقۡبَلۡنَا فِيهَاۖ وَإِنَّا لَصَٰدِقُونَ
Open ayah 12:82Ва аз [мардуми] шаҳре, ки дар он будем ва аз корвоне, ки бо он омадем, бипурс ва мо, ҳатман, ростгӯем»
قَالَ بَلۡ سَوَّلَتۡ لَكُمۡ أَنفُسُكُمۡ أَمۡرٗاۖ فَصَبۡرٞ جَمِيلٌۖ عَسَى ٱللَّهُ أَن يَأۡتِيَنِي بِهِمۡ جَمِيعًاۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ
Open ayah 12:83[Яъқуб] Гуфт: «[Чунин нест] Балки ҳавои нафси шумо кор [-и ношоиста]-ро бароятон ороста аст, пас, [чораи кор] сабре накуст. Умед аст, ки Аллоҳ таоло ҳамаи ононро ба ман бирасонад. Бе тардид, Ӯ донои ҳаким аст»
وَتَوَلَّىٰ عَنۡهُمۡ وَقَالَ يَٰٓأَسَفَىٰ عَلَىٰ يُوسُفَ وَٱبۡيَضَّتۡ عَيۡنَاهُ مِنَ ٱلۡحُزۡنِ فَهُوَ كَظِيمٞ
Open ayah 12:84Ва аз онон рӯ бигардонд ва гуфт: «Дареғ аз Юсуф»! Ва чашмонаш аз шиддати андуҳ [ва гиристан барои фарзандаш] сафед шуд ва ҳамчунон андуҳи худро фурӯ мехӯрд
قَالُواْ تَٱللَّهِ تَفۡتَؤُاْ تَذۡكُرُ يُوسُفَ حَتَّىٰ تَكُونَ حَرَضًا أَوۡ تَكُونَ مِنَ ٱلۡهَٰلِكِينَ
Open ayah 12:85[Писаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ту [он қадр] пайваста аз Юсуф ёд мекунӣ, то [оқибат] ба сахтӣ бемор шавӣ ё бимирӣ»
قَالَ إِنَّمَآ أَشۡكُواْ بَثِّي وَحُزۡنِيٓ إِلَى ٱللَّهِ وَأَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 12:86[Яъқуб] Гуфт: «Ман аз дарду андуҳи хеш ба [даргоҳи] Аллоҳ таоло менолам ва аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»
يَٰبَنِيَّ ٱذۡهَبُواْ فَتَحَسَّسُواْ مِن يُوسُفَ وَأَخِيهِ وَلَا تَاْيۡـَٔسُواْ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِۖ إِنَّهُۥ لَا يَاْيۡـَٔسُ مِن رَّوۡحِ ٱللَّهِ إِلَّا ٱلۡقَوۡمُ ٱلۡكَٰفِرُونَ
Open ayah 12:87Эй писаронам, биравед ва дар бораи Юсуф ва бародаронаш ҷустуҷӯ кунед [ва хабар бигиред] ва аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс нашавед, [чаро ки] ҷуз гурӯҳи кофирон, касе аз раҳмати Аллоҳ таоло маъюс намегардад»
فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَيۡهِ قَالُواْ يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡعَزِيزُ مَسَّنَا وَأَهۡلَنَا ٱلضُّرُّ وَجِئۡنَا بِبِضَٰعَةٖ مُّزۡجَىٰةٖ فَأَوۡفِ لَنَا ٱلۡكَيۡلَ وَتَصَدَّقۡ عَلَيۡنَآۖ إِنَّ ٱللَّهَ يَجۡزِي ٱلۡمُتَصَدِّقِينَ
Open ayah 12:88Пас, чун [писарони Яъқуб ба Миср рафтанд ва] бар ӯ [ Юсуф] ворид шуданд, гуфтанд: «Эй Азиз, ба мо ва хонадонамон [дар асари фақру хушксолӣ] сахтии фаровоне расидааст ва [инак] колои ночиз [ва моли андаке барои хариди ғалла] бо худ овардаем, пас, паймонаро бароямон комил кун ва бар мо садақа [ва бахшиш] кун. Бе тардид, Аллоҳ таоло бахшандагонро подош медиҳад»
قَالَ هَلۡ عَلِمۡتُم مَّا فَعَلۡتُم بِيُوسُفَ وَأَخِيهِ إِذۡ أَنتُمۡ جَٰهِلُونَ
Open ayah 12:89[Юсуф] Гуфт: «Оё донистед, ки вақте [аз оқибати коратон] бехабар будед, дар ҳаққи Юсуф ва бародараш чи кардед»?
قَالُوٓاْ أَءِنَّكَ لَأَنتَ يُوسُفُۖ قَالَ أَنَا۠ يُوسُفُ وَهَٰذَآ أَخِيۖ قَدۡ مَنَّ ٱللَّهُ عَلَيۡنَآۖ إِنَّهُۥ مَن يَتَّقِ وَيَصۡبِرۡ فَإِنَّ ٱللَّهَ لَا يُضِيعُ أَجۡرَ ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Open ayah 12:90[Онон] Гуфтанд: «Оё ба ростӣ, ту [ҳамон] Юсуфӣ»? Ӯ гуфт: «[Оре] Ман Юсуфам ва ин бародари ман аст. Яқинан, Аллоҳ таоло бар мо миннат ниҳод. Ба ростӣ, ҳар ки парҳезкорӣ ва шикебоӣ кунад, пас, [бидонад, ки] бе тардид, Аллоҳ таоло подоши накукоронро табоҳ намекунад»
قَالُواْ تَٱللَّهِ لَقَدۡ ءَاثَرَكَ ٱللَّهُ عَلَيۡنَا وَإِن كُنَّا لَخَٰطِـِٔينَ
Open ayah 12:91[Бародаронаш] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, [ки] яқинан, Аллоҳ таоло туро бар мо бартарӣ додааст ва мо, ҳатман, хатокор будем»
قَالَ لَا تَثۡرِيبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡيَوۡمَۖ يَغۡفِرُ ٱللَّهُ لَكُمۡۖ وَهُوَ أَرۡحَمُ ٱلرَّٰحِمِينَ
Open ayah 12:92[Юсуф] Гуфт: «Имрӯз ҳеҷ сарзанише бар шумо нест. Аллоҳ таоло шуморо меомурзад ва Ӯ меҳрубонтарини меҳрубонон аст
ٱذۡهَبُواْ بِقَمِيصِي هَٰذَا فَأَلۡقُوهُ عَلَىٰ وَجۡهِ أَبِي يَأۡتِ بَصِيرٗا وَأۡتُونِي بِأَهۡلِكُمۡ أَجۡمَعِينَ
Open ayah 12:93[Акнун] Ин пероҳани маро бибаред ва бар рӯи падарам биандозед, то бино гардад ва [сипас] ҳамаи хонаводаи худро назди ман биёваред»
وَلَمَّا فَصَلَتِ ٱلۡعِيرُ قَالَ أَبُوهُمۡ إِنِّي لَأَجِدُ رِيحَ يُوسُفَۖ لَوۡلَآ أَن تُفَنِّدُونِ
Open ayah 12:94Ва чун корвон [аз Миср ба сӯйи Канъон] ба роҳ афтод, падарашон [ба атрофиёнаш] гуфт: «Агар маро камхирад нашуморед, [мегӯям, ки] яқинан, бӯйи Юсуфро эҳсос мекунам»
قَالُواْ تَٱللَّهِ إِنَّكَ لَفِي ضَلَٰلِكَ ٱلۡقَدِيمِ
Open ayah 12:95[Онон] Гуфтанд: «Ба Аллоҳ таоло савганд, ки ҳатман, [боз ҳам] дар иштибоҳи деринаат ҳастӣ»
فَلَمَّآ أَن جَآءَ ٱلۡبَشِيرُ أَلۡقَىٰهُ عَلَىٰ وَجۡهِهِۦ فَٱرۡتَدَّ بَصِيرٗاۖ قَالَ أَلَمۡ أَقُل لَّكُمۡ إِنِّيٓ أَعۡلَمُ مِنَ ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ
Open ayah 12:96Пас, чун муждарасон омад ва он [пероҳан]-ро бар чеҳраи ӯ афканд, пас, ногаҳон бино шуд [ва] гуфт: «Оё ба шумо нагуфтам, ки ман аз [лутфу бузургии] Аллоҳ таоло чизҳое медонам, ки шумо намедонед»?
قَالُواْ يَٰٓأَبَانَا ٱسۡتَغۡفِرۡ لَنَا ذُنُوبَنَآ إِنَّا كُنَّا خَٰطِـِٔينَ
Open ayah 12:97Гуфтанд: «Эй падар, барои мо [ба хотири] гуноҳонамон омурзиш бихоҳ, [чаро ки] яқинан, мо гунаҳгор будем»
قَالَ سَوۡفَ أَسۡتَغۡفِرُ لَكُمۡ رَبِّيٓۖ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ
Open ayah 12:98[Яъқуб] Гуфт: «Ба зудӣ бароятон аз Парвардигорам омурзиш металабам. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
فَلَمَّا دَخَلُواْ عَلَىٰ يُوسُفَ ءَاوَىٰٓ إِلَيۡهِ أَبَوَيۡهِ وَقَالَ ٱدۡخُلُواْ مِصۡرَ إِن شَآءَ ٱللَّهُ ءَامِنِينَ
Open ayah 12:99Пас, [ҳамагӣ ба Миср рафтанд ва] чун бар Юсуф ворид шуданд, ӯ падару модарашро [дар оғӯш гирифт ва] назди худ ҷой доду гуфт: «[Ҳамагӣ ба Миср дароед, ки иншоаллоҳ [аз ҳар гуна озоре] эмин хоҳед буд»
وَرَفَعَ أَبَوَيۡهِ عَلَى ٱلۡعَرۡشِ وَخَرُّواْ لَهُۥ سُجَّدٗاۖ وَقَالَ يَٰٓأَبَتِ هَٰذَا تَأۡوِيلُ رُءۡيَٰيَ مِن قَبۡلُ قَدۡ جَعَلَهَا رَبِّي حَقّٗاۖ وَقَدۡ أَحۡسَنَ بِيٓ إِذۡ أَخۡرَجَنِي مِنَ ٱلسِّجۡنِ وَجَآءَ بِكُم مِّنَ ٱلۡبَدۡوِ مِنۢ بَعۡدِ أَن نَّزَغَ ٱلشَّيۡطَٰنُ بَيۡنِي وَبَيۡنَ إِخۡوَتِيٓۚ إِنَّ رَبِّي لَطِيفٞ لِّمَا يَشَآءُۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ
Open ayah 12:100Ва падару модарашро бар тахт нишонд ва [ҳамагӣ] барояш ба саҷда афтоданд ва [Юсуф] гуфт: «Падарҷон, ин таъбир [-и ҳамон] хобам аст, ки пештар дида будам. Парвардигорам онро рост гардонид [ва таҳаққуқ бахшид]. Яқинан, Ӯ ба ман некӣ кард, ки маро аз зиндон берун овард ва пас аз он ки шайтон миёни ману бародаронам фитна барпо кард, шуморо аз биёбон [-и Канъон ба Миср] овард. Бе тардид, Парвардигорам дар он чи мехоҳад, борикбин аст. Ба ростӣ, ки Ӯ донои ҳаким аст
۞رَبِّ قَدۡ ءَاتَيۡتَنِي مِنَ ٱلۡمُلۡكِ وَعَلَّمۡتَنِي مِن تَأۡوِيلِ ٱلۡأَحَادِيثِۚ فَاطِرَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ أَنتَ وَلِيِّۦ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ تَوَفَّنِي مُسۡلِمٗا وَأَلۡحِقۡنِي بِٱلصَّٰلِحِينَ
Open ayah 12:101Парвардигоро, маро аз фармонравоӣ [баҳрае] ато кардӣ ва илми таъбири хобҳо ба ман омӯхтӣ. Эй Падидоварандаи осмонҳо ва замин, Туӣ, ки дар дунё ва охират [дӯсту] корсози манӣ. Маро мусулмон [фармонбардор] бимирон ва ба шоистагон мулҳақ фармо»
ذَٰلِكَ مِنۡ أَنۢبَآءِ ٱلۡغَيۡبِ نُوحِيهِ إِلَيۡكَۖ وَمَا كُنتَ لَدَيۡهِمۡ إِذۡ أَجۡمَعُوٓاْ أَمۡرَهُمۡ وَهُمۡ يَمۡكُرُونَ
Open ayah 12:102Эй паёмбар] ин [достон] аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем ва ҳангоме ки [бародарони Юсуф алайҳи вай] бадандешӣ мекарданд ва найранг мезаданд, ту наздашон набудӣ
وَمَآ أَكۡثَرُ ٱلنَّاسِ وَلَوۡ حَرَصۡتَ بِمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 12:103Ва бештари мардум муъмин нестанд, ҳатто агар [барои имон оварданашон] ҳирс биварзӣ
وَمَا تَسۡـَٔلُهُمۡ عَلَيۡهِ مِنۡ أَجۡرٍۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 12:104Ту аз онон барои ин [рисолат] подош намехоҳӣ. Ин [Қуръон чизе] нест, магар панде барои ҷаҳониён
وَكَأَيِّن مِّنۡ ءَايَةٖ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ يَمُرُّونَ عَلَيۡهَا وَهُمۡ عَنۡهَا مُعۡرِضُونَ
Open ayah 12:105Ва чи бисёр нишонаҳо дар осмонҳо ва замин вуҷуд дорад, ки бар онҳо мегузаранд, ва [-ле] аз онҳо рӯй бармегардонанд [ва таваҷҷуҳ намекунанд]
وَمَا يُؤۡمِنُ أَكۡثَرُهُم بِٱللَّهِ إِلَّا وَهُم مُّشۡرِكُونَ
Open ayah 12:106Ва бештарашон [дар зоҳир] ба Аллоҳ таоло имон намеоваранд, магар он ки [дар амал ба навъе] мушриканд
أَفَأَمِنُوٓاْ أَن تَأۡتِيَهُمۡ غَٰشِيَةٞ مِّنۡ عَذَابِ ٱللَّهِ أَوۡ تَأۡتِيَهُمُ ٱلسَّاعَةُ بَغۡتَةٗ وَهُمۡ لَا يَشۡعُرُونَ
Open ayah 12:107Оё [мушрикон] эмин ҳастанд аз ин ки азобе фарогир аз ҷониби Аллоҳ таоло бар онон фуруд ояд ё дар ҳоле ки ғофиланд, ногаҳон қиёмат бар эшон фаро расад?
قُلۡ هَٰذِهِۦ سَبِيلِيٓ أَدۡعُوٓاْ إِلَى ٱللَّهِۚ عَلَىٰ بَصِيرَةٍ أَنَا۠ وَمَنِ ٱتَّبَعَنِيۖ وَسُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ وَمَآ أَنَا۠ مِنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ
Open ayah 12:108[Эй паёмбар, ба мардум] бигӯ: «Ин роҳи ман аст. Ман бо далели ошкор ба сӯйи Аллоҳ таоло даъват мекунам ва касоне, ки аз ман пайравӣ карданд [низ чунин мекунанд] ва Аллоҳ таоло поку муназзаҳ аст ва ман аз мушрикон нестам»
وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ إِلَّا رِجَالٗا نُّوحِيٓ إِلَيۡهِم مِّنۡ أَهۡلِ ٱلۡقُرَىٰٓۗ أَفَلَمۡ يَسِيرُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ فَيَنظُرُواْ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلَّذِينَ مِن قَبۡلِهِمۡۗ وَلَدَارُ ٱلۡأٓخِرَةِ خَيۡرٞ لِّلَّذِينَ ٱتَّقَوۡاْۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ
Open ayah 12:109Ва Мо пеш аз ту ҷуз мардоне аз аҳли [ҳамин] шаҳрҳо [-ро ба паёмбарӣ] нафиристодаем, ки ба онон ваҳй мекардем. Оё дар замин гардиш накардаанд, то бубинанд саранҷоми касоне, пеш аз онон буданд, чӣ гуна будааст? Ва яқинан, сарои охират барои парҳезгорон беҳтар аст. Оё намеандешед?
حَتَّىٰٓ إِذَا ٱسۡتَيۡـَٔسَ ٱلرُّسُلُ وَظَنُّوٓاْ أَنَّهُمۡ قَدۡ كُذِبُواْ جَآءَهُمۡ نَصۡرُنَا فَنُجِّيَ مَن نَّشَآءُۖ وَلَا يُرَدُّ بَأۡسُنَا عَنِ ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡمُجۡرِمِينَ
Open ayah 12:110[Мо ҳамчунон ба кофирон муҳлат медодем] То он гоҳ ки паёмбарон [аз нузули азоб] маъюс шуданд ва [мардум] пиндоштанд, ки ба онон дурӯғ гуфта шудааст. [Дар ин ҳангом] Ёрии Мо ба суроғашон омад. Пас, ҳар киро хостем, наҷот ёфт, ва[-ле] азоби сахти Мо аз гурӯҳи муҷримон бозгардонида намешавад
لَقَدۡ كَانَ فِي قَصَصِهِمۡ عِبۡرَةٞ لِّأُوْلِي ٱلۡأَلۡبَٰبِۗ مَا كَانَ حَدِيثٗا يُفۡتَرَىٰ وَلَٰكِن تَصۡدِيقَ ٱلَّذِي بَيۡنَ يَدَيۡهِ وَتَفۡصِيلَ كُلِّ شَيۡءٖ وَهُدٗى وَرَحۡمَةٗ لِّقَوۡمٖ يُؤۡمِنُونَ
Open ayah 12:111Яқинан дар достони онон барои хирадмандон ибратест. Ин [Қуръон] сухане нест, ки ба дурӯғ сохта шуда бошад, балки тасдиқкунандаи он чи [аз китобҳое] аст, ки пеш аз он [омада] аст ва равшангари ҳама чиз аст ва раҳнамуду раҳмате аст барои гурӯҳе, ки имон меоварад