المرسلات
Al-Mursalaat
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلۡمُرۡسَلَٰتِ عُرۡفٗا
Open ayah 77:1Савганд ба фариштагоне, ки паёпай фиристода мешаванд
فَٱلۡعَٰصِفَٰتِ عَصۡفٗا
Open ayah 77:2Ҳамчун тундбод мераванд
وَٱلنَّٰشِرَٰتِ نَشۡرٗا
Open ayah 77:3Ва савганд ба фариштагоне, ки [абрҳоро] пароканда мекунанд
فَٱلۡفَٰرِقَٰتِ فَرۡقٗا
Open ayah 77:4Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷудокунандаи [ҳақ аз ботил] ҳастанд
فَٱلۡمُلۡقِيَٰتِ ذِكۡرًا
Open ayah 77:5Ва савганд ба фариштагоне, ки ваҳй [-и илоҳӣ]-ро [ба паёмбарон] илқо мекунанд
عُذۡرًا أَوۡ نُذۡرًا
Open ayah 77:6Барои итмоми ҳуҷҷат, барои бим ва ҳушдор
إِنَّمَا تُوعَدُونَ لَوَٰقِعٞ
Open ayah 77:7Бе гумон, он чи ба шумо ваъда дода мешавад, воқеъ хоҳад шуд
فَإِذَا ٱلنُّجُومُ طُمِسَتۡ
Open ayah 77:8Пас, он гоҳ ки ситорагон тира [ва маҳв] шавад
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ فُرِجَتۡ
Open ayah 77:9Ва он гоҳ ки осмон шикофта шавад
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ نُسِفَتۡ
Open ayah 77:10Ва он гоҳ ки кӯҳҳо [аз ҷо канда ва] пароканда шавад
وَإِذَا ٱلرُّسُلُ أُقِّتَتۡ
Open ayah 77:11Ва он гоҳ ки барои паёмбарон [ҷиҳати гувоҳӣ додан дар мавриди умматҳо] вақт таъйин шавад
لِأَيِّ يَوۡمٍ أُجِّلَتۡ
Open ayah 77:12Ин [амр] барои чи рӯзе ба таъхир афтодааст?
لِيَوۡمِ ٱلۡفَصۡلِ
Open ayah 77:13Барои рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ]
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ
Open ayah 77:14Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] чист?
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:15Дар он рӯз [қиёмат] вой бар такзибкунандагон!
أَلَمۡ نُهۡلِكِ ٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 77:16Оё мо пешиниён[-и муҷрим]-ро нобуд накардем?
ثُمَّ نُتۡبِعُهُمُ ٱلۡأٓخِرِينَ
Open ayah 77:17Сипас дигаронро дар пайи онҳо хоҳем овард
كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ
Open ayah 77:18Ин чунин бо гунаҳгорон рафтор мекунем
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:19Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
أَلَمۡ نَخۡلُقكُّم مِّن مَّآءٖ مَّهِينٖ
Open ayah 77:20Оё шуморо аз обе паст [-у ночиз] наофаридем?
فَجَعَلۡنَٰهُ فِي قَرَارٖ مَّكِينٍ
Open ayah 77:21Ки сипас онро дар қароргоҳе маҳфуз [раҳим] қарор додем
إِلَىٰ قَدَرٖ مَّعۡلُومٖ
Open ayah 77:22То замоне муайян
فَقَدَرۡنَا فَنِعۡمَ ٱلۡقَٰدِرُونَ
Open ayah 77:23Пас, мо [бар ин кор] тавоно будем ва чи нек тавоно [ва қудратманд] ҳастем
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:24Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
أَلَمۡ نَجۡعَلِ ٱلۡأَرۡضَ كِفَاتًا
Open ayah 77:25Оё заминро ҷойгоҳи [таҷаммуи мардум] қарор надодем?
أَحۡيَآءٗ وَأَمۡوَٰتٗا
Open ayah 77:26Ҳам дар ҳоли ҳаёт ва ҳам маргашон?
وَجَعَلۡنَا فِيهَا رَوَٰسِيَ شَٰمِخَٰتٖ وَأَسۡقَيۡنَٰكُم مَّآءٗ فُرَاتٗا
Open ayah 77:27Ва дар он кӯҳҳои бисёр баланд [ва устувор] қарор додем ва обе ширин [ва гуворо] ба шумо нӯшонидем
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:28Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ مَا كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ
Open ayah 77:29[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба сӯйи ҳамон чизе биравед, ки пайваста такзибаш мекардед.
ٱنطَلِقُوٓاْ إِلَىٰ ظِلّٖ ذِي ثَلَٰثِ شُعَبٖ
Open ayah 77:30Биравед ба сӯйи сояи [дудҳои оташи] сешоха
لَّا ظَلِيلٖ وَلَا يُغۡنِي مِنَ ٱللَّهَبِ
Open ayah 77:31На сояафкан [ва хунук] аст ва на аз [гармии] шуълаҳои оташ ҷилавгирӣ мекунад»
إِنَّهَا تَرۡمِي بِشَرَرٖ كَٱلۡقَصۡرِ
Open ayah 77:32Ҳамоно он [дузах] шарораҳое чун кохе [баланд] меафканад.
كَأَنَّهُۥ جِمَٰلَتٞ صُفۡرٞ
Open ayah 77:33Гӯӣ, ки он [шарораҳо] шутурони зардранг ҳастанд
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:34Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
هَٰذَا يَوۡمُ لَا يَنطِقُونَ
Open ayah 77:35Ин [ҳамон] рӯзест, ки сухан намегӯянд
وَلَا يُؤۡذَنُ لَهُمۡ فَيَعۡتَذِرُونَ
Open ayah 77:36Ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, то узрхоҳӣ кунанд
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:37Дар он рӯз, вой бар такзибкунандагон!
هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِۖ جَمَعۡنَٰكُمۡ وَٱلۡأَوَّلِينَ
Open ayah 77:38Ин [ҳамон] рӯзи ҷудоӣ [ва доварӣ] аст, ки шумо ва гузаштагонро гирд овардаем
فَإِن كَانَ لَكُمۡ كَيۡدٞ فَكِيدُونِ
Open ayah 77:39Пас, агар [ҳила ва] найранге доред, онро дар ҳаққи ман ба кор гиред
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:40Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
إِنَّ ٱلۡمُتَّقِينَ فِي ظِلَٰلٖ وَعُيُونٖ
Open ayah 77:41Ба ростӣ, ки [дар он рӯз] парҳезкорон дар сояҳо ва [канори] чашмаҳо қарор доранд
وَفَوَٰكِهَ مِمَّا يَشۡتَهُونَ
Open ayah 77:42Ва меваҳое, ки майл дошта бошанд
كُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ هَنِيٓـَٔۢا بِمَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ
Open ayah 77:43[Ба онҳо гуфта мешавад] «Ба подоши он чи мекардед, гуворо бихӯред ва биёшомед»
إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ
Open ayah 77:44Мо ин гуна накукоронро подош медиҳем»
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:45Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
كُلُواْ وَتَمَتَّعُواْ قَلِيلًا إِنَّكُم مُّجۡرِمُونَ
Open ayah 77:46«[Эй кофирон, дар ин дунё] андаке бихӯред ва баҳра гиред, зеро шумо гунаҳгоред»
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:47Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱرۡكَعُواْ لَا يَرۡكَعُونَ
Open ayah 77:48Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «[Намоз бигузоред ва] рукуъ кунед, [намоз намегузоранд ва] рукуъ намекунанд
وَيۡلٞ يَوۡمَئِذٖ لِّلۡمُكَذِّبِينَ
Open ayah 77:49Дар он рӯз вой бар такзибкунандагон!
فَبِأَيِّ حَدِيثِۭ بَعۡدَهُۥ يُؤۡمِنُونَ
Open ayah 77:50[Агар мардум ба ин Қуръон имон намеоваранд] Пас, баъд аз он ба кадом сухан имон меоваранд?