النازعات
An-Naazi'aat
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلنَّٰزِعَٰتِ غَرۡقٗا
Open ayah 79:1Савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и кофирон]-ро ба шиддат берун мекашанд
وَٱلنَّٰشِطَٰتِ نَشۡطٗا
Open ayah 79:2Ва савганд ба фариштагоне, ки ҷон [-и муъминон]-ро ба нармӣ ва осонӣ мегиранд
وَٱلسَّٰبِحَٰتِ سَبۡحٗا
Open ayah 79:3Ва савганд ба фариштагоне, ки [ба амри Аллоҳ таоло аз осмон ба сӯйи замин] шиноваранд
فَٱلسَّٰبِقَٰتِ سَبۡقٗا
Open ayah 79:4Ва савганд ба фариштагоне, ки [дар иҷрои авомири илоҳӣ] бар якдигар сабқат мегиранд
فَٱلۡمُدَبِّرَٰتِ أَمۡرٗا
Open ayah 79:5Ва савганд ба фариштагоне [ки ба амри илоҳӣ] корҳоро тадбир мекунанд
يَوۡمَ تَرۡجُفُ ٱلرَّاجِفَةُ
Open ayah 79:6Рӯзе, ки [пас аз аввалин дамидан дар сур] замин [ва кӯҳҳо ва ҳама чиз] ба ларза дарояд
تَتۡبَعُهَا ٱلرَّادِفَةُ
Open ayah 79:7[Ва] Дар пайи он [дамидани дувуми ҳашр] биёяд
قُلُوبٞ يَوۡمَئِذٖ وَاجِفَةٌ
Open ayah 79:8Дар он рӯз дилҳое сахт музтариб [ва тарсон] аст
أَبۡصَٰرُهَا خَٰشِعَةٞ
Open ayah 79:9Ва чашмҳои онон [аз тарсу шармсорӣ] фуру афтодааст
يَقُولُونَ أَءِنَّا لَمَرۡدُودُونَ فِي ٱلۡحَافِرَةِ
Open ayah 79:10[Кофирон дар дунё] Мегӯянд: «Оё мо [пас аз марг дубора] ба ҳоли аввали худ бозгардонда мешавем?
أَءِذَا كُنَّا عِظَٰمٗا نَّخِرَةٗ
Open ayah 79:11Оё ҳангоме ки устухонҳои пӯсида шудем [ва ба хок табдил гаштем, боз ҳам зинда мешавем]?»
قَالُواْ تِلۡكَ إِذٗا كَرَّةٌ خَاسِرَةٞ
Open ayah 79:12Гӯянд: «[Агар чунин ваъдае дуруст бошад] он гоҳ он бозгаште зиёнбор аст»
فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٞ وَٰحِدَةٞ
Open ayah 79:13Пас он [бозгашт] танҳо бо як бонги боҳайбат аст
فَإِذَا هُم بِٱلسَّاهِرَةِ
Open ayah 79:14Ва ногаҳон ҳамагӣ бар арсаи замин [-и маҳшар] зоҳир] мешаванд
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ مُوسَىٰٓ
Open ayah 79:15[Эй Паёмбар] Оё достони Мӯсо ба ту расидааст?
إِذۡ نَادَىٰهُ رَبُّهُۥ بِٱلۡوَادِ ٱلۡمُقَدَّسِ طُوًى
Open ayah 79:16Он гоҳ ки Парвардигораш ӯро дар сарзамини муқаддаси «Туво» нидо дод [ва фармуд]
ٱذۡهَبۡ إِلَىٰ فِرۡعَوۡنَ إِنَّهُۥ طَغَىٰ
Open ayah 79:17«Ба сӯи Фиръавн бирав, ки ӯ туғён кардааст
فَقُلۡ هَل لَّكَ إِلَىٰٓ أَن تَزَكَّىٰ
Open ayah 79:18Ва ба ӯ бигӯ: «Оё мехоҳӣ [аз куфру гуноҳ] пок шавӣ?
وَأَهۡدِيَكَ إِلَىٰ رَبِّكَ فَتَخۡشَىٰ
Open ayah 79:19Ва ман туро ба сӯйи Парвардигорат ҳидоят кунам, то [аз Ӯ] битарсӣ [ва фармонбардор шавӣ]?
فَأَرَىٰهُ ٱلۡأٓيَةَ ٱلۡكُبۡرَىٰ
Open ayah 79:20Пас, [Мӯсо] муъҷизаи бузургро ба ӯ нишон дод
فَكَذَّبَ وَعَصَىٰ
Open ayah 79:21Аммо ӯ такзибу саркашӣ кард
ثُمَّ أَدۡبَرَ يَسۡعَىٰ
Open ayah 79:22Сипас пушт кард ва ба кӯшишу талош [алайҳи ӯ] пардохт
فَحَشَرَ فَنَادَىٰ
Open ayah 79:23Пас, [қавмашро] ҷамъ карду нидо дод
فَقَالَ أَنَا۠ رَبُّكُمُ ٱلۡأَعۡلَىٰ
Open ayah 79:24Ва гуфт: «Ман Парвардигори бартари шумо ҳастам»
فَأَخَذَهُ ٱللَّهُ نَكَالَ ٱلۡأٓخِرَةِ وَٱلۡأُولَىٰٓ
Open ayah 79:25Пас, Аллоҳ таоло ӯро ба азоби охират ва дунё гирифтор кард
إِنَّ فِي ذَٰلِكَ لَعِبۡرَةٗ لِّمَن يَخۡشَىٰٓ
Open ayah 79:26Бе гумон, дар ин [воқеа] барои ҳар кас, ки [аз Аллоҳ таоло] метарсад, ибрате ҳаст
ءَأَنتُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَمِ ٱلسَّمَآءُۚ بَنَىٰهَا
Open ayah 79:27Оё офариниши шумо [баъд аз марг] сахттар аст ё осмоне, ки [Аллоҳ таоло] онро бино кард?
رَفَعَ سَمۡكَهَا فَسَوَّىٰهَا
Open ayah 79:28Сақфи онро барафрошту ба он шаклу назм дод
وَأَغۡطَشَ لَيۡلَهَا وَأَخۡرَجَ ضُحَىٰهَا
Open ayah 79:29Ва шабашро торик ва рӯзашро равшан гардонид
وَٱلۡأَرۡضَ بَعۡدَ ذَٰلِكَ دَحَىٰهَآ
Open ayah 79:30Ва заминро баъд аз он густаронид
أَخۡرَجَ مِنۡهَا مَآءَهَا وَمَرۡعَىٰهَا
Open ayah 79:31Ва аз он об [чашмаҳо ва чоҳҳо ва] чарогоҳашро берун овард
وَٱلۡجِبَالَ أَرۡسَىٰهَا
Open ayah 79:32Ва кӯҳҳоро муҳкам ва устувор [бар рӯйи замин] қарор дод
مَتَٰعٗا لَّكُمۡ وَلِأَنۡعَٰمِكُمۡ
Open ayah 79:33[Ҳамаи инҳо] барои баҳрагирии шумо ва чаҳорпоёнатон аст
فَإِذَا جَآءَتِ ٱلطَّآمَّةُ ٱلۡكُبۡرَىٰ
Open ayah 79:34Пас, ҳангоме ки [он] ҳодисаи бузург [-и қиёмат] фаро расад
يَوۡمَ يَتَذَكَّرُ ٱلۡإِنسَٰنُ مَا سَعَىٰ
Open ayah 79:35Дар он рӯз инсон [тамоми аъмолу] талошҳои худро ба ёд меоварад
وَبُرِّزَتِ ٱلۡجَحِيمُ لِمَن يَرَىٰ
Open ayah 79:36Ва ҷаҳаннам барои ҳар бинандае ошкор мешавад
فَأَمَّا مَن طَغَىٰ
Open ayah 79:37Пас, он кас, ки туғён [ва саркашӣ] карда бошад
وَءَاثَرَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا
Open ayah 79:38Ва зиндагии дунёро [бар охират] тарҷеҳ дода бошад
فَإِنَّ ٱلۡجَحِيمَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ
Open ayah 79:39Бе тардид, ҷаҳаннам ҷойгоҳи ӯст
وَأَمَّا مَنۡ خَافَ مَقَامَ رَبِّهِۦ وَنَهَى ٱلنَّفۡسَ عَنِ ٱلۡهَوَىٰ
Open ayah 79:40Ва аммо касе, ки аз истодан дар ҳузури Парвардигораш бимнок буда ва нафсро аз ҳаво [ва ҳавас] боздошта бошад
فَإِنَّ ٱلۡجَنَّةَ هِيَ ٱلۡمَأۡوَىٰ
Open ayah 79:41Ҳатман, биҳишт ҷойгоҳи ӯст
يَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلسَّاعَةِ أَيَّانَ مُرۡسَىٰهَا
Open ayah 79:42[Эй Паёмбар] Дар бораи қиёмат аз ту мепурсанд, ки дар чи замоне воқеъ мешавад?
فِيمَ أَنتَ مِن ذِكۡرَىٰهَآ
Open ayah 79:43Туро бо ёдоварии ин сухан чи кор аст?
إِلَىٰ رَبِّكَ مُنتَهَىٰهَآ
Open ayah 79:44[Саранҷом ва] Мунтаҳои [илми] он назди Парвардигори туст
إِنَّمَآ أَنتَ مُنذِرُ مَن يَخۡشَىٰهَا
Open ayah 79:45Ту, ҳатман, бимдиҳандаи касоне ҳастӣ, ки аз он метарсанд
كَأَنَّهُمۡ يَوۡمَ يَرَوۡنَهَا لَمۡ يَلۡبَثُوٓاْ إِلَّا عَشِيَّةً أَوۡ ضُحَىٰهَا
Open ayah 79:46Рӯзе, ки [кофирон қиёматро] бубинанд, [чунин эҳсос мекунанд, ки] гӯӣ [дар дунё] ҷуз як шомгоҳ ё бомдод ба сар набурдаанд