التكوير
At-Takwir
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
إِذَا ٱلشَّمۡسُ كُوِّرَتۡ
Open ayah 81:1Он гоҳ ки хуршед дар ҳам печида [ва торик] гардад
وَإِذَا ٱلنُّجُومُ ٱنكَدَرَتۡ
Open ayah 81:2Ва он гоҳ ки ситорагон бефурӯғ шаванд
وَإِذَا ٱلۡجِبَالُ سُيِّرَتۡ
Open ayah 81:3Ва он гоҳ ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд
وَإِذَا ٱلۡعِشَارُ عُطِّلَتۡ
Open ayah 81:4ва он гоҳ ки модашутурони бордор раҳо шаванд
وَإِذَا ٱلۡوُحُوشُ حُشِرَتۡ
Open ayah 81:5Ва он гоҳ ки ҳайвоноти ваҳшӣ [дар канори инсон] гирд оварда шаванд
وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ سُجِّرَتۡ
Open ayah 81:6Ва он гоҳ ки дарёҳо [ҷӯшону] барафрӯхта шаванд
وَإِذَا ٱلنُّفُوسُ زُوِّجَتۡ
Open ayah 81:7Ва он гоҳ ки ҳар кас бо ҳамсони худ қарин гардад
وَإِذَا ٱلۡمَوۡءُۥدَةُ سُئِلَتۡ
Open ayah 81:8Ва он гоҳ ки аз духтари зиндабагуршуда пурсида шавад
بِأَيِّ ذَنۢبٖ قُتِلَتۡ
Open ayah 81:9[Ки] Ба кадомин гуноҳ кушта шудааст
وَإِذَا ٱلصُّحُفُ نُشِرَتۡ
Open ayah 81:10Ва он гоҳ ки номаҳо [-и аъмол] кушода шавад
وَإِذَا ٱلسَّمَآءُ كُشِطَتۡ
Open ayah 81:11Ва он гоҳ ки парда аз рӯи осмон баргирифта шавад
وَإِذَا ٱلۡجَحِيمُ سُعِّرَتۡ
Open ayah 81:12Ва он гоҳ ки дузах афрӯхта [ва шуълавар] гардад
وَإِذَا ٱلۡجَنَّةُ أُزۡلِفَتۡ
Open ayah 81:13Ва он гоҳ ки биҳишт [барои парҳезкорон] наздик оварда шавад
عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّآ أَحۡضَرَتۡ
Open ayah 81:14[Дар он ҳангом] Ҳар кас хоҳад донист, ки чи чизе [барои охирати худ] омода кардааст
فَلَآ أُقۡسِمُ بِٱلۡخُنَّسِ
Open ayah 81:15Пас, савганд ба ситорагоне, ки [ба ҷойгоҳи худ] бозмегарданд
ٱلۡجَوَارِ ٱلۡكُنَّسِ
Open ayah 81:16[Шитобон] Ҳаракат мекунанд [ва аз назар] пинҳон мешаванд
وَٱلَّيۡلِ إِذَا عَسۡعَسَ
Open ayah 81:17Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки [торикиаш коста шавад ва] пушт кунад
وَٱلصُّبۡحِ إِذَا تَنَفَّسَ
Open ayah 81:18Ва савганд ба субҳ, ҳангоме ки бидамад
إِنَّهُۥ لَقَوۡلُ رَسُولٖ كَرِيمٖ
Open ayah 81:19Бе тардид, ин [Қуръон сухани Аллоҳ таоло аст, ки иблоғаш ба Паёмбар ба уҳдаи] фиристодаи бузургвор [Ҷабраил] аст
ذِي قُوَّةٍ عِندَ ذِي ٱلۡعَرۡشِ مَكِينٖ
Open ayah 81:20[Ҳамон фариштае] Ки [муқтадир ва] неруманд аст ва назди [Аллоҳи] соҳиби Арш мақоми волое дорад
مُّطَاعٖ ثَمَّ أَمِينٖ
Open ayah 81:21[Дар малакути аъло ва олами фариштагон] Аз ӯ фармон мебаранд ва амин [-и ваҳй] аст
وَمَا صَاحِبُكُم بِمَجۡنُونٖ
Open ayah 81:22[Эй мардум] Ҳамнишини шумо [Муҳаммад] девона нест
وَلَقَدۡ رَءَاهُ بِٱلۡأُفُقِ ٱلۡمُبِينِ
Open ayah 81:23Ва бе тардид, [Муҳаммад] ӯ [Ҷабраил]-ро дар уфуқи равшан дидааст
وَمَا هُوَ عَلَى ٱلۡغَيۡبِ بِضَنِينٖ
Open ayah 81:24Ва ӯ бар [иблоғи он чи аз тариқи] ғайб [ба вай ваҳй мегардад] бахил нест
وَمَا هُوَ بِقَوۡلِ شَيۡطَٰنٖ رَّجِيمٖ
Open ayah 81:25Ва ин [Қуръон] гуфтаи шайтони рондашуда нест
فَأَيۡنَ تَذۡهَبُونَ
Open ayah 81:26Пас, ба куҷо меравед?
إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٞ لِّلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 81:27Ин [Қуръон] ҷуз панд барои ҷаҳониён [инсон ва ҷин] нест
لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ
Open ayah 81:28Барои ҳар як аз шумо, ки бихоҳад роҳи рости [ҳақро] дар пеш гирад
وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ
Open ayah 81:29Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад