الإنفطار
Al-Infitaar
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ
Open ayah 82:1Он гоҳ ки осмон шикофта шавад
وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ
Open ayah 82:2Он гоҳ ки ситорагон пароканда шаванд [ва фуру резанд]
وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ
Open ayah 82:3Ва он гоҳ ки дарёҳо [ба ҳам омезанд ва] равон гарданд
وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ
Open ayah 82:4Ва он гоҳ ки қабрҳо зеру рӯ шавад
عَلِمَتۡ نَفۡسٞ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ
Open ayah 82:5[Дар он ҳангом] Ҳар кас медонад, чи чизҳоеро пешопеш фиристода ва чи чизҳоеро вопас ниҳода [ва бар ҷой гузоштааст]
يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ
Open ayah 82:6Эй инсон, чи чизе туро [нисбат] ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст?
ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ
Open ayah 82:7Он [Парвардигоре], ки туро офарид ва сипас сару сомонат дод ва он гоҳ мутаодил ва муносибат кардааст
فِيٓ أَيِّ صُورَةٖ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ
Open ayah 82:8Ва ба ҳар шакле [ва сурате], ки хост, туро таркиб намуд
كَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ
Open ayah 82:9Ҳаргиз чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; балки шумо рӯзи ҷазоро такзиб мекунед
وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ
Open ayah 82:10Ва бе гумон, нигоҳбононе [аз фариштагон] бар шумо гуморида шудаанд
كِرَامٗا كَٰتِبِينَ
Open ayah 82:11Ки нависандагоне бузургворанд
يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ
Open ayah 82:12Он чиро анҷом медиҳед, медонанд [ва аъмоли неку бади шуморо сабт мекунанд]
إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٖ
Open ayah 82:13Мусалламан, накукорон дар неъмат [-ҳои биҳишт] ҳастанд
وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٖ
Open ayah 82:14Ва яқинан бадкорон дар [оташи] ҷаҳаннаманд
يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ
Open ayah 82:15Рӯзи ҷазо ба он дароянд [ва бисӯзанд]
وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ
Open ayah 82:16Ва ҳаргиз онон аз он ҷо ба дур ва [дар амон] набошанд
وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
Open ayah 82:17Ва ту чи донӣ, ки рӯзи ҷазо чист?
ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ
Open ayah 82:18Боз ту чи медонӣ, ки рӯзи ҷазо чист?
يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٞ لِّنَفۡسٖ شَيۡـٔٗاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٖ لِّلَّهِ
Open ayah 82:19Рӯзе, ки ҳеҷ кас қодир ба анҷоми коре барои дигаре нест; ва дар он рӯзи ҳукм [ва фармон] аз они Аллоҳ таоло аст