الصف
As-Saff
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
سَبَّحَ لِلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۖ وَهُوَ ٱلۡعَزِيزُ ٱلۡحَكِيمُ
Open ayah 61:1Он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, тасбеҳи Аллоҳ таоло мегӯянд ва Ӯ пирӯзманди ҳаким аст
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لِمَ تَقُولُونَ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
Open ayah 61:2Эй касоне, ки имон овардаед, чаро чизеро мегӯед, ки [ба он] амал намекунед?
كَبُرَ مَقۡتًا عِندَ ٱللَّهِ أَن تَقُولُواْ مَا لَا تَفۡعَلُونَ
Open ayah 61:3Назди Аллоҳ таоло сахт нописанд [ва муҷиби хашм] аст, ки чизеро бигӯед, ки [ба он] амал намекунед.
إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلَّذِينَ يُقَٰتِلُونَ فِي سَبِيلِهِۦ صَفّٗا كَأَنَّهُم بُنۡيَٰنٞ مَّرۡصُوصٞ
Open ayah 61:4Бе гумон, Аллоҳ таоло касонеро, ки чун бинои оҳанин саф баста [ва] дар роҳи Ӯ пайкор мекунанд, дӯст медорад
وَإِذۡ قَالَ مُوسَىٰ لِقَوۡمِهِۦ يَٰقَوۡمِ لِمَ تُؤۡذُونَنِي وَقَد تَّعۡلَمُونَ أَنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُمۡۖ فَلَمَّا زَاغُوٓاْ أَزَاغَ ٱللَّهُ قُلُوبَهُمۡۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
Open ayah 61:5Ва [эй паёмбар, ба ёд овар] ҳангомеро, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро озор [ва азият] мерасонед, дар ҳоле ки медонед, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯи шумо ҳастам?». Пас, чун онон [аз ҳақ] мунҳариф шуданд, Аллоҳ таоло дилҳояшонро мунҳариф сохт; ва Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад.
وَإِذۡ قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ إِنِّي رَسُولُ ٱللَّهِ إِلَيۡكُم مُّصَدِّقٗا لِّمَا بَيۡنَ يَدَيَّ مِنَ ٱلتَّوۡرَىٰةِ وَمُبَشِّرَۢا بِرَسُولٖ يَأۡتِي مِنۢ بَعۡدِي ٱسۡمُهُۥٓ أَحۡمَدُۖ فَلَمَّا جَآءَهُم بِٱلۡبَيِّنَٰتِ قَالُواْ هَٰذَا سِحۡرٞ مُّبِينٞ
Open ayah 61:6Ва [ёдовар бош] ҳангоме ки Исо писари Марям гуфт: «Эй Бани Исроил, бе гумон, ман фиристодаи Аллоҳ таоло ба сӯйи шумо ҳастам. Он чи аз Таврот, ки пеш аз ман буда тасдиқ мекунам ва [низ] муждадиҳанда ба расуле ҳастам, ки баъд аз ман меояд ва номаш «Аҳмад» аст». Пас ҳангоме ки ӯ [Аҳмад] бо муъҷизаҳо [ва далоили равшан] ба сӯи онон омад, гуфтанд: «Ин ҷодуи ошкор аст».
وَمَنۡ أَظۡلَمُ مِمَّنِ ٱفۡتَرَىٰ عَلَى ٱللَّهِ ٱلۡكَذِبَ وَهُوَ يُدۡعَىٰٓ إِلَى ٱلۡإِسۡلَٰمِۚ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلظَّٰلِمِينَ
Open ayah 61:7Чи касе ситамгортар аз он касе аст, ки бар Аллоҳ таоло дурӯғ бубандад, дар ҳоле ки ба [дини] ислом даъват мешавад? Ва Аллоҳ таоло гурӯҳи ситамгоронро ҳидоят намекунад.
يُرِيدُونَ لِيُطۡفِـُٔواْ نُورَ ٱللَّهِ بِأَفۡوَٰهِهِمۡ وَٱللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡكَٰفِرُونَ
Open ayah 61:8Онҳо мехоҳанд нури Аллоҳро бо даҳони худ хомӯш кунанд, вале Аллоҳ таоло комилкунандаи нури хеш аст; ҳарчанд кофирон хуш надошта бошанд.
هُوَ ٱلَّذِيٓ أَرۡسَلَ رَسُولَهُۥ بِٱلۡهُدَىٰ وَدِينِ ٱلۡحَقِّ لِيُظۡهِرَهُۥ عَلَى ٱلدِّينِ كُلِّهِۦ وَلَوۡ كَرِهَ ٱلۡمُشۡرِكُونَ
Open ayah 61:9Ӯст, ки паёмбарашро бо ҳидояту дини ҳақ фиристодааст, то онро бар ҳамаи адён пирӯз гардонад, ҳарчанд мушрикон нохушнуд бошанд
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ هَلۡ أَدُلُّكُمۡ عَلَىٰ تِجَٰرَةٖ تُنجِيكُم مِّنۡ عَذَابٍ أَلِيمٖ
Open ayah 61:10Эй касоне, ки имон овардаед, оё [мехоҳед] шуморо ба тиҷорате роҳнамоӣ кунам, ки шуморо аз азоби дарднок наҷот диҳад?
تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦ وَتُجَٰهِدُونَ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ بِأَمۡوَٰلِكُمۡ وَأَنفُسِكُمۡۚ ذَٰلِكُمۡ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ
Open ayah 61:11Ба Аллоҳ таоло ва паёмбараш имон биёваред ва бо амвол ва ҷонҳоятон дар роҳи Аллоҳ таоло ҷиҳод кунед. Агар бидонед, ин [кор] барои шумо беҳтар аст.
يَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡ وَيُدۡخِلۡكُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُ وَمَسَٰكِنَ طَيِّبَةٗ فِي جَنَّٰتِ عَدۡنٖۚ ذَٰلِكَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ
Open ayah 61:12[Агар чунин кардед, Аллоҳ таоло] гуноҳонатонро мебахшад ва шуморо дар боғҳое [аз биҳишт] ворид мекунад, ки ҷӯйборон аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва дар хонаҳои покиза дар биҳишт ҷовидон [ҷой медиҳад]. Ин комёбии бузурге аст.
وَأُخۡرَىٰ تُحِبُّونَهَاۖ نَصۡرٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَفَتۡحٞ قَرِيبٞۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ
Open ayah 61:13Ва [неъмати] дигаре, ки онро дӯст доред, [низ ба шумо иноят мефармояд, ки ҳамоно] ёрӣ аз сӯйи Аллоҳ таоло ва пирӯзии наздик аст; ва муъминонро [ба ин пирӯзӣ] башорат деҳ.
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ كُونُوٓاْ أَنصَارَ ٱللَّهِ كَمَا قَالَ عِيسَى ٱبۡنُ مَرۡيَمَ لِلۡحَوَارِيِّـۧنَ مَنۡ أَنصَارِيٓ إِلَى ٱللَّهِۖ قَالَ ٱلۡحَوَارِيُّونَ نَحۡنُ أَنصَارُ ٱللَّهِۖ فَـَٔامَنَت طَّآئِفَةٞ مِّنۢ بَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ وَكَفَرَت طَّآئِفَةٞۖ فَأَيَّدۡنَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَىٰ عَدُوِّهِمۡ فَأَصۡبَحُواْ ظَٰهِرِينَ
Open ayah 61:14Эй касоне, ки имон овардаед, ёварони [дини] Аллоҳ таоло бошед; ҳамон гуна ки Исо – писари Марям – ба ҳавориюн гуфт: «Чи касоне ёварони ман [дар даъват] ба сӯи Аллоҳ таоло ҳастанд?». Ҳавориюн гуфтанд: «Мо ёварони [дини] Аллоҳ таоло ҳастем». Пас, гурӯҳе аз Бани Исроил имон оварданд ва гурӯҳе кофир шуданд. Он гоҳ мо касонеро, ки имон оварда буданд, бар душманонашон неру [ва тавоноӣ] додем, ва саранҷом пирӯз шуданд