الشمس
Ash-Shams
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا
Open ayah 91:1Савганд ба хуршед ва равшании он [ба ҳангоми бомдод]
وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا
Open ayah 91:2Ва савганд ба моҳ, ҳангоме ки баъд аз он барояд
وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا
Open ayah 91:3Ва савганд ба рӯз, ҳангоме ки он [хуршед]-ро равшан [ва ҷилвагар] кунад
وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا
Open ayah 91:4Ва савганд ба шаб, ҳангоме ки онро бипӯшонад
وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا
Open ayah 91:5Ва савганд ба осмон ва ба он ки онро бино кард
وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا
Open ayah 91:6Ва савганд ба замин ва ба он ки онро густуронид
وَنَفۡسٖ وَمَا سَوَّىٰهَا
Open ayah 91:7Ва савганд ба ҷон [-и инсон] ва он ки онро [офарид ва] наку гардонид
فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا
Open ayah 91:8Сипас нофармонӣ ва парҳезгориашро [ба ӯ] илҳом кард
قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا
Open ayah 91:9Бе тардид, ҳар ки нафси худро [аз гуноҳон] пок кард, растагор шуд
وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا
Open ayah 91:10Ва ҳар ки онро [бо гуноҳ] олуда сохт, яқинан, зиёнкор шуд
كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ
Open ayah 91:11[Қавми] Самуд аз рӯйи саркашӣ [паёмбарашонро] такзиб карданд
إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا
Open ayah 91:12Он гоҳ ки бадкортарини эшон [барои иқдом ба ҷиноят] бархост
فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا
Open ayah 91:13Пас, паёмбари Аллоҳ таоло [Солеҳ] ба онон гуфт: «Модашутури Аллоҳ таоло ва [навбати] обхӯрданашро [ҳурмат ниҳед]»
فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا
Open ayah 91:14[Вале онон] ӯро такзиб карданд ва он [модашутур]-ро куштанд; пас, Парвардигорашон ба сабаби гуноҳонашон бар сарашон азоб овард ва ҳамагии ононро бо хок яксон кард
وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا
Open ayah 91:15Ва [Аллоҳ таоло] аз саранҷоми он [кор] бим надорад