المنافقون
Al-Munaafiqoon
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ قَالُواْ نَشۡهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُۥ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ
Open ayah 63:1Ҳангоме ки мунофиқон назди ту оянд, [савганд мехӯранд ва] мегӯянд: «Мо гувоҳӣ медиҳем, ки, яқинан, ту фиристодаи Аллоҳ таоло ҳастӣ»; ва Аллоҳ таоло медонад, ки бе гумон, ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд
ٱتَّخَذُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ جُنَّةٗ فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ
Open ayah 63:2Онҳо савгандҳои худро сипар қарор доданд, пас, [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд. Ростӣ, ки онон чи бад мекунанд!
ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ فَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ
Open ayah 63:3Ин бад-он хотир аст, ки онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд, он гоҳ бар дилҳояшон муҳр ниҳода шуда, пас, дарнамеёбанд
۞وَإِذَا رَأَيۡتَهُمۡ تُعۡجِبُكَ أَجۡسَامُهُمۡۖ وَإِن يَقُولُواْ تَسۡمَعۡ لِقَوۡلِهِمۡۖ كَأَنَّهُمۡ خُشُبٞ مُّسَنَّدَةٞۖ يَحۡسَبُونَ كُلَّ صَيۡحَةٍ عَلَيۡهِمۡۚ هُمُ ٱلۡعَدُوُّ فَٱحۡذَرۡهُمۡۚ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُۖ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ
Open ayah 63:4Ва ҳангоме ки онҳоро бубинӣ, ҷисм [ва чеҳра]-ашон туро ба шигифт оварад ва агар [сухан] гӯянд, [ба хотири фасоҳати каломашон] ба суханонашон гӯш медиҳӣ. Гӯё, онҳо чӯбҳои такядода ба деворанд, ҳар бонгеро алайҳи худ мепиндоранд. Онон душман [-и ҳақиқӣ] ҳастанд; пас, аз онон бар ҳазар бош. Аллоҳ таоло онҳоро бикушад! Чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?
وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ يَسۡتَغۡفِرۡ لَكُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ لَوَّوۡاْ رُءُوسَهُمۡ وَرَأَيۡتَهُمۡ يَصُدُّونَ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ
Open ayah 63:5Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Биёед, то расулуллоҳ барои шумо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро такон медиҳанд ва онҳоро мебинӣ, ки [аз суханони ту] рӯйгардон мешаванд ва такаббур меварзанд
سَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ أَسۡتَغۡفَرۡتَ لَهُمۡ أَمۡ لَمۡ تَسۡتَغۡفِرۡ لَهُمۡ لَن يَغۡفِرَ ٱللَّهُ لَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡفَٰسِقِينَ
Open ayah 63:6Барои онҳо яксон аст, ки барояшон омурзиш бихоҳӣ ё нахоҳӣ; Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро намебахшад. Бе гумон, Аллоҳ таоло қавми нофармонро ҳидоят намекунад
هُمُ ٱلَّذِينَ يَقُولُونَ لَا تُنفِقُواْ عَلَىٰ مَنۡ عِندَ رَسُولِ ٱللَّهِ حَتَّىٰ يَنفَضُّواْۗ وَلِلَّهِ خَزَآئِنُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَفۡقَهُونَ
Open ayah 63:7Онҳо касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба онон, ки назди Расулуллоҳ ҳастанд, [чизе] инфоқ накунед, то [аз гирди ӯ] пароканда шаванд; ҳоло онки ганҷинаҳои осмон ва замин аз они Аллоҳ таоло аст, вале мунофиқон дарнамеёбанд
يَقُولُونَ لَئِن رَّجَعۡنَآ إِلَى ٱلۡمَدِينَةِ لَيُخۡرِجَنَّ ٱلۡأَعَزُّ مِنۡهَا ٱلۡأَذَلَّۚ وَلِلَّهِ ٱلۡعِزَّةُ وَلِرَسُولِهِۦ وَلِلۡمُؤۡمِنِينَ وَلَٰكِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَا يَعۡلَمُونَ
Open ayah 63:8Онҳо мегӯянд: «Агар ба Мадина бозгардем, яқинан соҳибони иззат фурумоягонро аз он ҷо берун мекунанд»; дар ҳоле ки иззат аз они Аллоҳ таоло ва фиристодаи Ӯ ва муъминон аст; вале мунофиқон намедонанд
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُلۡهِكُمۡ أَمۡوَٰلُكُمۡ وَلَآ أَوۡلَٰدُكُمۡ عَن ذِكۡرِ ٱللَّهِۚ وَمَن يَفۡعَلۡ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡخَٰسِرُونَ
Open ayah 63:9Эй касоне, ки имон овардаед, амволу фарзандонатон шуморо аз ёди Аллоҳ таоло ғофил накунад; ва ҳар кас, ки чунин кунад, онон зиёнкоранд
وَأَنفِقُواْ مِن مَّا رَزَقۡنَٰكُم مِّن قَبۡلِ أَن يَأۡتِيَ أَحَدَكُمُ ٱلۡمَوۡتُ فَيَقُولَ رَبِّ لَوۡلَآ أَخَّرۡتَنِيٓ إِلَىٰٓ أَجَلٖ قَرِيبٖ فَأَصَّدَّقَ وَأَكُن مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ
Open ayah 63:10Ва аз он чи ба шумо рӯзӣ додаем, [дар роҳи Аллоҳ таоло] инфоқ кунед, пеш аз он ки марг ба суроғи яке аз шумо ояд ва бигӯяд: «Парвардигоро, эй кош [марги] маро муддати каме ба таъхир меандохтӣ, то [дар роҳи ту] садақа диҳам ва аз накукорон бошам»
وَلَن يُؤَخِّرَ ٱللَّهُ نَفۡسًا إِذَا جَآءَ أَجَلُهَاۚ وَٱللَّهُ خَبِيرُۢ بِمَا تَعۡمَلُونَ
Open ayah 63:11Ва[-ле] ҳар кас аҷалаш фаро расад, ҳаргиз Аллоҳ таоло [онро] ба таъхир намеандозад, ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, огоҳ аст