التكاثر
At-Takaathur
Translation: Tajik - Arifi · Open the surah
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
أَلۡهَىٰكُمُ ٱلتَّكَاثُرُ
Open ayah 102:1Зиёдахоҳӣ шуморо ба худ машғул [ва аз ёди Парвардигор ғофил] сохт
حَتَّىٰ زُرۡتُمُ ٱلۡمَقَابِرَ
Open ayah 102:2То [поёни] коратон ба гуристон расид
كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
Open ayah 102:3Ҳаргиз чунин нест [ки шумо мепиндоред]; ба зудӣ хоҳед донист
ثُمَّ كَلَّا سَوۡفَ تَعۡلَمُونَ
Open ayah 102:4Боз [ҳам] чунин нест; ба зудӣ хоҳед донист
كَلَّا لَوۡ تَعۡلَمُونَ عِلۡمَ ٱلۡيَقِينِ
Open ayah 102:5Чунин нест [ки шумо гумон мекунед]; агар ба дониши яқинӣ [ва тардиднопазир ҳақиқати қиёматро] медонистед, [аз зиёдахоҳӣ ва ифтихор ба амволу фарзандонатон даст бармедоштед]
لَتَرَوُنَّ ٱلۡجَحِيمَ
Open ayah 102:6Савганд, ки дузахро хоҳед дид
ثُمَّ لَتَرَوُنَّهَا عَيۡنَ ٱلۡيَقِينِ
Open ayah 102:7Боз ҳам савганд, ки онро бо чашми яқин хоҳед дид
ثُمَّ لَتُسۡـَٔلُنَّ يَوۡمَئِذٍ عَنِ ٱلنَّعِيمِ
Open ayah 102:8Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд